Назари хос. Оила аз нигоҳи ман

Оила аз нигоҳи ман“Оила кори хеле муҳим ва масъулиятноки одам аст. Оила ҳаётро пуру паймонтар карда, хушбахтӣ меорад. Вале ҳар як оила, хусусан дар ҳаёти ҷамъият пеш аз ҳама масъалаи бузургест, ки аҳамияти давлатӣ дорад.

А. С. Макаренко

Зери мафҳуми оила муҳимтарин ячейкаи ҷамъияту давлат дар назар дошта мешавад. Бинобар ин интихоби саҳеҳ дар бунёди оила омили басо муҳими устувории ҷамъият ва ободии миллату давлат маънидод мешавад.

Ҳаёт собит намудааст, ки миёни ишқу муҳаббати пеш аз издивоҷ ва ҳаёти оилавӣ тафовут зиёд аст. Зеро ҷуфти ошиқ рози якдигарро таҳаммул мекунанд. Аммо дар оила чунин нест!

Бузургон оиларо мӯъҷизаи офариниш ва шоҳасари табиат номидаанд. Ободонии ҳар як хонадон бошад асоси пойдории ишқу муҳаббат, ҳамдигарфаҳмии зану шавҳар аст. Чунин ҳамсарон мисли қӯшаситораанд. Агар якчо нур афкананд, осмон равшан мегардад.

Мутаассифона, имрӯзҳо дар ҷомеъаи мо ҳолатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки мард ба қадри зан ё баръакс, зан ба қадри мард намерасанд. Зану шавҳар боиси ранҷиши хотир ва парешонии ҳамдигар мешаванд. Дар ин бобат ҳикмати халқ чунин мегуянд: Агар зан бадзабон бошад, дилро сиёҳ ва агар бадкор бошад рӯйро сиёҳ мекунад. Ин гуфта ба мардон низ ҳам марбутият дорад.

Оила дар ҷомеъа ва ҳаёти инсон нақши муҳим ва калонро мебозад. Вай ба одам қобилияти пурраи ҳаётӣ мебахшад. Ҳаёти оилавиро муҳаббати пок, садоқатмандию вафодорӣ, ҳурмату ёрии беғарази ҳамдигарӣ гуворо мегардонад.

Дар оила некӯкорӣ, ростӣ, некӣ, бовиҷдонӣ, ростқавлӣ, эҳтиром, ватандӯстӣ, худшиносӣ, заҳматписандӣ бояд ҳукмфармо бошанд. Аслан одобу ахлоқ, сухану рафтор дар инсон аз оила маншаъ мегирад.

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки аксари волидон дар ин чанд соли охир ба донишомӯзии фарзандонашон аҳамияти хоса медиҳанд, то онҳо илму донишро чуқуртар омӯзанд.

ОИЛАИ СОЛИМ ВА ҶОМЕЪАИ СОЛИМ

Асоси давлат ва пойдевории он аз оилаи солим, ки худ ҷузъи нахустини ҷомеъа аст, оғоз меёбад. Хушбахтии ҳаёт дар оилаи солим аст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарчашмаи асосии танзимкунандаи кулли самтҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад, оиларо асоси ҷамъият эътироф намуда, мардону занонро дар ҳаёт баробарҳуқуқ ва далхнопазир меҳисобад.

Дар моддаи 33 – и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст, ки “Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад, ҳар кас ҳуқуқи ташкили оиларо дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳӣ расиданд, ҳуқуқ доранд озодона ақди нокоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Бисёрникоҳӣ манъ аст“.

Оила ҳамчун ниҳоди муқаддаси саодати зиндагӣ шинохта шудааст. Ҳар як фарди ба балоғат расида мувофиқи қонун ҳақ дорад, ки оила барпо намояд ва ба роҳи пурмасъулияти оиладорӣ қадам гузорад.

Дар ҳар асру замон оила барои насли наврас хишти аввали бунёди қасри маънавият ба ҳисоб меравад. Ҳар як ҷавон бояд оид ба интихоби дурусти ҳамқадами ҳаёт, ташаккули устувори оилаю оиладорӣ, муносибатҳои оилавӣ маълумоти кофӣ дошта бошад.

Дар оилаҳое, ки дар асоси меҳру муҳаббату якдигарфаҳмӣ ташкил ёфтаанд, фарзандони солим тарбия меёбанд. Муҳити солими оила аз ҷаҳонбинӣ, хирад, дониш, маданият ва худшиносии волидон сарчашма мегирад ва боиси ташаккулу инкишофи маънавии фарзандон мегардад.

Ҳар як оилаи навташкилшуда бо масъулияту бузург бикӯшад, ки роҳҳои дурусти тарбияи фарзандонро дар рӯҳи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, касбомӯзӣ, дӯстиву рафоқат, ҳурмату эҳтироми калонсолон, шукргузорӣ аз вахдату истиклолияти давлатӣ интихоб намояд.

Давлат, маориф ва оила дар мустаҳкам гардидани оила, тарбияи дурусти фарзандон нақши муосир гузошта метавонанд. Дар ин кор волидон бояд масъулияти бештар дошта бошанд.

ДАР ОИЛА ИШҚ БОШАД, ҲАМДИГАРФАҲМӢ МЕШАВАД

Оила чӣ ранге дорад? Шояд ба назари бисёриҳо ин суол бемавкеъ намояд. Оила мисли тулуъ ва ғуруби хуршед якранг нест. Рангҳояш зиёду нозуканд.

Оила аз нигоҳи банда оина аст. Зану шавҳар, ки асоси оила мебошанд, бояд кӯшиш кунанд оинаро тира нагардонанд, нашикананд.

Оила мисли оина бояд шаффофу беғубор бошад. Ишқ бошад, эҳтиром бошад, ҳамдигарфаҳмӣ бошад. Агар зану шавҳар муҳаббати ҳамдигарро пок доранд, якдигарро эҳтиром кунанд, пок бошанд, фарзандонашон хушбахт мешаванд. Масалан, вақте дар оила дашномдиҳӣ набошад, чаро фарзандон дашномро ёд гиранд, суханҳои қабеҳ гӯянд? Ё худ падар хушгуфтору меҳнатдӯст бошад, чаро писаронаш аз ӯ ибрат нагиранд? Умуман падару модар дар оила хушгуфтору хушрафтор бошанд.

Вақте оиларо давлати хурд мегӯянд, бояд сухани сарвари он қонун бошад, албатта, ба шарте, ки ба роҳи рост ҳидоят созад.

Оила бо муҳаббат зебост, агар муҳаббат ҳаст, умри одамизод хуш мегузарад. Рашки беҳуда ба бадбахтӣ, ба хароб шудани оила сабаб мешавад. Аз нигоҳи ман, танҳо муҳаббат ва меҳр метавонад оиларо хушбахт гардонад. Сарватманд бошӣ, мансабдор бошӣ, курсинишин бошӣ, вале ишқи пок надошта бошӣ, ҳамаи ин хеҷ аст.

Ба фикри камина хушбахт он касест, ки бо рағбати том пагоҳӣ ба кор ва бегоҳӣ ба хонааш мешитобад. Агар ҷавонон худашон ҳамсарашонро интихоб кунанд, ҳамдигарро бисанҷанд, дӯст доранд хубтар аст. Вале аз хешу табор не, Худо накунаду оилавайронӣ шавад, он гоҳ хешу таборӣ ба охир мерасад ва ҳисси бадбиниву душманӣ боло мегирад.

Бадбахтиву хушбахтии оила дар дасти марду зан аст ва он аз тарбияи фарзандону иродаи онҳо вобаста мебошад. Агар сабру таҳаммул, қаноат ва боварӣ нисбати ҳамдигар бошад, ба хонадон ягон хатари бадбахтӣ таҳдид нахоҳад кард.

Фархунда ҚУРБОНОВА,
мутахассиси Маркази “Тоҷикшиносӣи
Китобхонаи миллии Тоҷикистон.