Назари профессор Мурод Муродӣ ба таҳқиоти пурарзиши як шогирд

 

Профессор Мурод Муродӣ дар муқаддима ба китоби Гулчеҳра Сайфиддинова “Масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар матбуоти даврӣ” ин рисолаи илмиро басо пурмуҳтаво арзёбӣ кардааст ва аз заҳамоти кашидаи муаллифи он изҳори хушӣ кардаву, умед ба он бастааст, ки интишори китобе, ки аслан рисолаи илмист, роҳи муаллифро ба олами пажӯҳишҳои илмӣ боз мекунад. Профессор Мурод Муродӣ менависад:

 

Гулчеҳра Азимовна яке аз донишҷўёни фаъоли журналистшаванда буд, ки пас аз хатми донишгоҳ, кўшиш намуд, то дар муҳити факултет монад. Чанд сол дар баробари вазифаи лаборанти кафедраро иҷро намудан, талош кард, ки ҳамчунин ба пажўҳиши илмӣ машғул шавад. Масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва нақши матбуоти даврӣ дар ташаккули имиҷи муҳоҷири тоҷик, ки аз мавзуъҳои мубрами замони муосир, аз ҷумла илми публитсистикашиносӣ маҳсуб меёбад, таваҷҷуҳи ўро ҷалб кард. Ҳарчанд дар контексти илми тоҷик муҳоҷират мавзуи нав нест, аммо аз нигоҳи публитсистикашиносӣ ин мавзўъ бори аввал дар шакли диссертатсия ба омўзиши илмӣ кашида шуд.

Муҳоҷират ба мушкилоти умдаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии миллатҳову давлатҳо шинохта шуд, ки ҷаҳони муосирро бидуни ин раванд наметавон тасаввур кард. Дар ташаккули маърифати муҳоҷират, бозгуву баррасии масъалаҳои мартуб ба он нақши ВАО, хоса матбуоти даврӣ кам нест. Ин аст, ки дар такя ба маводи ВАО ба ин масъала муҳаққиқони соҳаҳои гуногун аз ҷумла сиёсатшиносону муаррихон, иқтисодчиён фарҳангшиносон таваҷҷуҳ менамоянд. Пажўҳиши ин масъала аз контексти илми журналистикаи тоҷик низ дар канор набудааст. Доир ба паҳлуҳои гуногуни масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ таҳқиқотҳо, аз ҷумла пажўҳиши диссертатсионӣ ба анҷом расонида шудаанд. Ин пажўҳишҳо бо табиати худ хос бошанд ҳам, ба мавзуи мавриди назар алоқамандии бевосита надоранд.

Гулчеҳра аз ин пажўҳишҳо хуб воқиф аст ва дар раванди таҳлилу баррасии мавзўъ ба онҳо такя намудааст. Ў тўли беш аз 5 сол ба омўзиши ин мавзўъ машғул шуда, моҳияти илмӣ ва пажўҳишии онро ба қадри кофӣ дарк кард, барои таҳқиқи он маводи  фаровони илмиву амалиро ба даст овард, онҳоро коркард карда, ба низом даровард, вазифаҳои дар наздаш гузошташударо ба таври мусбат ҳал намуд ва ба мақсади ниҳоӣ ноил гардид. Аз ҷумла: ҷанбаҳои таърихӣ ва ҳуқуқии муҳоҷирати меҳнатиро вобаста ба талаботи фаъолияти журналистӣ баррасӣ кард; маводи марбут ба муҳоҷирати меҳнатии рўзномаи «Ҷумҳурият» ва ҳафтаномаи «Озодагон» -ро ба таҳлилу тасниф кашид, вижагиҳои умумӣ ва фарқи ин нашрияҳоро дар инъикоси мавзўи таҳқиқ нишон дод; дар заминаи матолиби ин нашрияҳои даврӣ вазъи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатиро арзёбӣ намуда, ҷараёнҳо ва тамоюлҳои шаклгирии имиҷи «муҳоҷири меҳнатӣ» -ро мушаххас кард; хусусиятҳои мундариҷавӣ ва жанрии матолиби таҳқиқшударо бо баррасиҳои мушаххас муайян намуд. Натиҷаҳои таҳлилу баррасиҳои баанҷомрасонидаи ў имкон медиҳанд, ки дар бораи таърихи муҳоҷират, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, мушкилоти ин раванд, нақши матбуоти даврӣ дар ташаккули имиҷи муҳоҷири тоҷик, шаклу шеваи инъикос ва баррасии масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар нашрияҳои даврӣ, бахусус рўзномаи «Ҷумҳурият» ва ҳафтаномаи «Озодагон» маълумоти нисбатан пурра ба даст орем.

Китобе, ки хонандаи азиз дар даст дорӣ, маҳсули пажўҳишҳои Гулчеҳра аст, ки дар шакли диссертатсияи номзадӣ ҳимоя гардида, ўро ба дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ мушарраф гардонд. Сохтори онро муқаддима, се боб, шаш фасл, хулоса ва рўйхати адабиёт ташкил медиҳад.

Муқаддима маъмулан ифодагари аҳамияти интихоби мавзўъ дараҷаи омўзиши он, мақсаду вазифаҳои таҳқиқ, арзиши назариявию амалии кор аст.

Дар боби аввал- «Баъзе ҷанбаҳои таърихӣ ва ҳуқуқии муҳоҷирати меҳнатӣ» омилҳои иҷтимоии пайдоиши муҳоҷират ва ҷанбаҳои ҳуқуқии танзими он ба баррасӣ кашида шудааст. Дар ин боб муаллиф дар заминаи омўзиши адабиёти илмиву дастурӣ ва асноди ҳуқуқиву меъёрӣ кўшиш намудааст, ки маводи алоқаманд ба таърихи муҳоҷират ва паҳлуҳои ҳуқуқии онро ба таври муқоиса баррасӣ намояд. Аз баррасиҳои ў бармеояд, ки муҳоҷират барои мардуми тоҷик решаи таърихӣ дошта, омилҳои асосӣ ва таконбахши он мушкилоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, этникӣ, экологӣ ва фарҳангӣ будааст. Муҳоҷирати тоҷикон пас аз Истиқлоли Тоҷикистон аз солҳои 1993-1994 оғоз ёфта, омили таконбахши он ҷанги шаҳрвандӣ, амнияти хонаводагӣ, таназзули иқтисодиёт, вазъи демографӣ, бекорӣ ва амсоли ин мебошад.

Боби дуюми монография «Проблемаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар нашрияҳои «Ҷумҳурият» ва Озодагон» хусусияти таҳқиқи  мундариҷавиро касб намуда, дар он доманаи мавзуъҳо ва сатҳу дараҷаи инъикоси масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, амсоли контексти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии муҳоҷират, масъалаҳои касбияти муҳоҷирати меҳнатӣ, дараҷаи мутобиқшавии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба низоми ҳуқуқии кишварҳои корфармо, беҳимоятии муҳоҷирони меҳнатӣ ва омилҳои таъсиргузори ин раванд, сиҳатии муҳоҷирони меҳнатӣ ва таъсири он ба генофонди миллат, суду зиёни ин раванд ба дурнамои иқтисодиёти Тоҷикистон, таъсири зиёнбори иҷтимоӣ ва ахлоқии ин ҷараён ба иқтисодиёт ва фарҳанги миллат, заминаҳои воқеии пешгирии муҳоҷирати меҳнатӣ, чораҳои деградатсияи сарвати инсонӣ, нақши муҳоҷирони меҳнатӣ дар ободонии деҳоти Тоҷикистон, сафарбаркунии маблағҳои захиравии мардикорон барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии маҳаллӣ таҳлилу арзёбӣ шудааст.

Боби сеюми китоб «Тарз ва василаҳои инъикоси масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар матбуоти даврӣ» унвон дошта, масъалаҳои чигунагии таҳияи маводи публитсистӣ, интихоби жанрҳо ва касбияти истифодаи онҳо дар инъикос ва таҳияи воқеиятҳои ҷараёни муҳоҷират ва вазъи иҷтимоиву ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ фаро мегирад. Таҳлилу баррасиҳои муаллифи монография нишон медиҳад, ки нашрияҳои «Ҷумҳурият» ва «Озодагон» дар инъикоси масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва мушкилоти муҳоҷирон бештар аз вижагиҳои жанрҳои ахбории хабару мусоҳиба ва таҳлилии мухбирнома, мақола, табсира ва нигориш истифода намудаанд. Истифодаи аносири жанрҳои публитсистӣ, интихобу корбасти дурусти онҳо ба муассир ва ҷолиб гардидани матолиби мавриди таҳқиқ таъсири мусбат расонидааст.

Истифодаи адабиёти зиёди илмӣ, санадҳои ҳуқуқӣ, манбаъҳои фаровон, матолиби нашрияҳои даврии гуногун ҷараёни таҳқиқи мавзўъро пурғановат намуда, панорамаи пажўҳишро вусъат бахшидааст, ки мутолиа ва истифодаашон дар пажўҳишҳои илмӣ аз аҳамият холӣ нест.

Гулчеҳра дар давоми солҳои унвонҷўйӣ масъулияти кори илмиро ҳис карда, омўзиш ва пажўиши мавзуъро пеш бурд, ба қадри тавон супоришҳои илмиро иҷро намуд, доир ба паҳлуҳои гуногуни мавзўи рисолааш дар ҳамоишҳои илмӣ маърўзаҳо хонда, мақолаҳои ҷудогонаи илмӣ ба нашр расонд.

Гумон мекунам, ки чопи ин китоб натанҳо ўро ҳавасманд, балки масъулияташро дар самти омўзишу пажўҳишҳои илмӣ зиёдтар мегардонад. Илм заҳмати ҳамешагӣ металабад ва барои таҳаммули ин заҳмат ба Гулчеҳра неруву зиёи қудратмандро орзу мекунам.

 

Китоби “Масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар матбуоти даврӣ”-ро хоҳишм андон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Таҳияи Мавзуна Назарова,

Сармутахассиси Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ.