Назари устод Бертелс дар бораи Фаррухӣ. Бахши 3

ДЕВОНИ ФАРРУХӢ. Комилтарин девони Фаррухӣ дар он намуде аст, ки Алии Абдулрасулӣ, дар Теҳрон онро чоп карда ва дорои дусаду сездаҳ қасида, бисту ҳашт ғазал, сӣ тарҷеъбанд, сивусе рубоӣ, ва чаҳор қитъа рўи ҳам дорои дусаду ҳаштоду як чакома аст. Гумон намеравад ростӣ, ки ин ҳамаи маҷмўа чакомаҳои шоир бошад. Чунонки Я. Рипко ёдовар шудааст, дар ин девон аз ҳаҷв хабаре нест. Аммо дар фарҳангҳои куҳан ва дар корҳои чакомашиносӣ, бозовардаҳойе аз Фаррухӣ ҳаст, ки равшан аст аз ҳаҷвҳои кинатузона ва густохонаи ў гирифта шудааст. Гузашта аз ин дар баёзҳои гуногун, ғазалҳое омадааст, ки дар девон нест.

Аммо бо ин ҳама, метавон чунин баршумурд, ки дар ин маҷмўа асарҳои асосии шоир ҳаст, ки бо равшании дархўре чеҳраи вайро менамоёнад. Дар девони Фаррухӣ қасида ҳамон сабки асосӣ аст: дусаду сездаҳ аз дусаду ҳаштоду як шуморае аст бисёр гўё. Аммо бояд инро ҳам фузуд, ки ғазалҳои Фаррухӣ то андозае гумонбарангез аст. Сухан бар сари он аст, ки дар он рўзгор насиби ошиқонаи қасидаро ғазал меномиданд. Ҳар як аз ғазалҳое, ки дар девон омада, метавонистааст идома ёфта ва қасидае шавад.

Бахше мавзўъҳои қасидаҳои комил бад-ин гуна аст: баҳор, (бештар бо васфи нўшонўш) дар бисту ду қасида омадааст, хазон дар ҳашт, бода дар се ва бомдодон дар як. Чистон (лағз)-ро ҳамон як бор мебинем; дар бораи поёни рўзаи мусалмонон ва баромадани ҳилоли моҳ, дар даҳ қасида сухан рафтааст. Чиҳилу ду қасида бе насиб (ба ном қасидаҳои урён) ҳастанд ва саранҷом, мавзўи насиби яксаду панҷ қасида, ҳамоно дилдодагӣ аст. Ба сухане дигар насибҳои ошиқона, беш аз ниме аз насибҳои Фаррухӣ аст. Фаррухӣ худашро бештар ғазалхон меномад, аммо ғазал ба маънии пасини ин вожа, дар асарҳои Фаррухӣ бисёр андак аст ва он ҳам менамояд, ки ҳамон насибҳое бошад, ки аз қасидаҳои ошиқона ҷудо афтодаанд. Ба гумони бисёр Фаррухӣ ҳамоно ҳаминҳоро ғазал мехонад. Ў бе миёнҷӣ дар ҷое чунин чизе намегўяд, аммо дар чакомаҳояш чунин ишоратҳое ҳаст. Фаррухӣ ёдовар мешавад, ки ғазал бе чуну чаро, ҳамон сухани ишқ аст:

Андар ин ишқ ту ғазалҳо хон,

Пас ба гўши худойгон бигзор.

Ў дар бораи мавзўи ғазал чунин мегўяд:

То ғазалхонро бибояд вақти хондан дар ғазал,

Наът аз зулфи сиёҳу васф аз чашми куҳил…  (КУҲИЛ: вусмакашида)

Аз дидгоҳи чакомасаро, хондани ғазал бо нағма вобастагӣ ва пайвастагӣ дорад:

Бунаср, ту дар пардаи ушшоқ раҳе зан,

Буамру, ту андар сифати гул ғазале гўй.

Фаррухӣ хотирнишон мекунад, ки на танҳо метавонад дар шоистагии ғазал доварӣ кунад, балки ҳамчунон онро бихонад:

Мутрибо он ғазали нағзи диловез биёр,

В-ар надонӣ бишунав, то ғазале гўям тар.

Саранҷом метавон гувоҳи дигаре овард, ки Фаррухӣ, насибҳои ошиқонаи хешро ғазал меномад. Чунонки бояду шояд равшан аст, ки соҳибназарони ховарзамин аз оғози садаи дувоздаҳуми тарсоӣ, ғазалро ҳамчун чакомаи такқофия, ки бештар аз ҳашт байт набошад муайян мекунанд, аммо охир худ пайдост, ин нишондод на ин ки aз riori падид омада, бар бунёди намунаҳое, ки будаанд, намоёнида шудааст. Аммо акнун бо нигоҳ кардан ба андозаи насибҳои Фаррухӣ, падидаи кунҷковбарангезе мебинем: ин андозаҳо миёни бисту се ва ду байт дар навасонанд. Аммо насибҳои дорои беш аз чаҳор байтро, танҳо як ду бор мебинем. Насиб бо чаҳордаҳ байтанд, ҳашт ё дувоздаҳ, дувоздаҳ ё ёздаҳ, ёздаҳ бо даҳ, сипас шумораи онон дубора то ба як-ду фурў меафтад. Пас андозаи маъмулии насиби Фаррухӣ наздик ба ҳафт-нуҳ байт аст. Аз ин ҷо метавон ба чунин бароянде расид, ки Фаррухӣ ҳамоно ҳамин насибҳоро ғазал меномидааст.

Дар чакомаҳои Фаррухӣ гузашта аз ин тақлидҳои намоён бархе шеваҳои сухангўӣ дида мешавад, ки бисёр ёдовари шеваи Унсурӣ аст:

В-ар зарра ба чашм оядаш осема бимонад,

Гўяд: «магар он аз таги асби ту ғубор аст».

Баршумурдани ранҷҳои сахти душманони Маҳмуд аз сўи Фаррухӣ ба гунаи бисёр намоён бо қасидае аз Унсурӣ, ки пештар дидаем, ҳамово аст:

Хилофи ту рондаст Маъмуниёнро,

Ба арку ба тоқи сипаҳбад Муҷовар.

Хилофи ту рондаст Яъқубиёнро,

Зи айвони Соми ялу Рустами зар.

Хилофи ту молид гар Гонҷиёнро,

Ба ҷўи ҳазор асбу дашти садивар.

Хилофи ту барканда Сомониёнро,

Зи бўстонҳо сарву аз кохҳо дар.

Хилофи ту кард андар айём элак,

Ба дашти Катар, хайли хонро мубаттар.

Хилофат ҷудо кард Чайполиёнро,

Зи катҳои заррину шоҳона зевар.

Хилофи ту кардаст Нандоиёнро,

Беорому беҳолу бехобу бе х(в)ар.

Аммо Фаррухӣ на танҳо ҳамон Унсуриро мешиносад, балки бо чакомасароёни пештар низ ошност, ки худ пайдост Рўдакӣ дар миёни онон ҷойи намоён дорад. Гумоне нест бар ин ки байтҳои зер, ҳамоно бозгўи қасидаи пуровозаи «Модари май»-и Рўдакӣ аст:

Ширхорон разонро бибуриданд гулў,

То разон тофта гаштанду бигаштанд аз ҳол.

Хунҳошон ба таассуб бикашиданд ба ҷаҳд,

Сохтанд аз паи ҳар қатра ҳисоре зи сафол,

Ҳар ҳисоре, ки аз он хунҳо пургашт ҳаме,

Муҳр карданду супурданд ба дасти маҳу сол.

Чун касе кина зи хунрези разон бознахост,

Хунашон гашт ба наздики хирадманд ҳалол.

Ин байт аз қасидаи дигар аз Фаррухӣ ҳам Рўдакиро бозгўӣ мекунад:

Боз разбон ба корд буррад раз,

Бачаи нозанин кунад қурбон.

Фаррухӣ, ҳатто бе миёнҷӣ ҳам Рўдакиро бозгўйи мекунад:

Як байт шеър ёд кунам з-он ки Рўдакӣ,

Гарчи туро нагуфт сазовори он туӣ.

Ҷуз бартарӣ надонӣ гўйи, ки оташӣ,

Ҷуз ростӣ наҷўӣ моно тарозуӣ.

Фаррухӣ Дақиқиро ҳам, ки ба осонӣ метавонистааст бо чакомаҳояш дар Чағониён ошноӣ ёбад, мешинохтааст. Ў дар бораи марги Дақиқӣ чунин мегўяд:

То тирозанда мадеҳи ту Дақиқӣ даргузашт,

З-офарини ту дил оганда, чунон к-аз донаи нор.

То ба вақти ту замона Марвро муддат надод,

З-ин сабаб чун бингарӣ имрўз то рўзи шумор.

Ҳар наботе, ки аз сари гўри Дақиқӣ бардамад,

Гар бипурсӣ з-офарини ту сухан гўяд ҳазор.

Ў бо корҳои Шаҳиди Балхӣ ҳам ошно буда, вайро ғазалсарое чирадаст баршумурдааст:

Аз дилоромиву нағзӣ чун ғазалҳои Шаҳид,

В-аз диловезиву хубӣ, чун таронаи Бўталаб…

Фаррухӣ рўи сухан ба Амир Юсуф карда мегўяд:

Доим аз мутрибони хеш ба базм,

Fазали шоирони хеш талаб.

Шоиронат чу Рўдакиву Шаҳид,

Мутрибонат чу Саркашу Саркаб.

Аммо Фаррухӣ шоирони куҳантар, аз ҷумла Абулаббоси Марвазиро ҳам, ки бисёре аз эроншиносон ўро чун чеҳраи афсонаӣ мешиносанд, медонист:

Ў ба садр андар шоиста чу дар мағзи хирад,

В-он ба малак андар бояста чу дар дида басар.

Ин бозоварда менамоёнад, ки Фаррухӣ бо қасидаи пуровозаи Абулаббос, ки ағлаб онро «нахустин чакомаи порсии дарӣ» меноманд, бахубӣ ошно будааст. Фаррухӣ ҳатто аз бисёре аз чакомасароёни ҳамдаврааш ҳам ном мебарад, аммо ҳамон Унсуриро ба шумор меораду бас. Ин пурсиш пеш меояд, ки оё Фаррухӣ, ки дар даргоҳи Маҳмуд мезист, метавонист бузургу сутургтарин ҳамдавраи хеш, яъне офарандаи «Шоҳнома»-ро нашносад? Давлатшоҳ мегўяд, ки Фирдавсӣ ва Фаррухӣ якдигарро дида буданд, аммо пайдост наметавон ба достони ў такя кард. Лекин бо хондани мўшикофонаи девони Фаррухӣ, метавон ба чунин бароянде расид: ҳарчанд ки Фаррухӣ ҳатто як бор ҳам аз Фирдавсӣ ёд намекунад, аммо ба мавзўи «Шоҳнома» бахубӣ ошно будааст. Номи паҳлавонони «Шоҳнома» дар бисёре аз қасидаҳои ў дида мешавад. Бояд андешид, ки ин манзума дергоҳе мавзўи гарм дар даргоҳи Маҳмуд будааст. Равише, ки Фаррухӣ ба «Шоҳнома» доштааст дархўри нигариш аст. Ў чунонки мешуд чашм дошт, дар паи саркардааш Унсурӣ дар бораи манзумаи Фирдавсӣ райи номуваффақ медиҳад, ки метавон гуфт аз сухани «малик-уш-шуаро» ҳам тундтар будааст:

Гуфто, ки «Шоҳнома» дурўғ аст сар ба сар,

Гуфтам, ту рост гиру дурўғ аз миён бикоҳ.

Фаррухӣ мегўяд, ки бояд ба ҷои ҳамаи ин афсонаҳо дар бораи лашкаркашиҳои Маҳмуд хонд:

Ҳама ҳадис зи Маҳмуд нома хонду бас,

Ҳамон ки қиссаи «Шаҳнома» хонди ҳамвор.

Гўё, достонҳои куҳан ҳар гуна арзиши хешро аз даст додаанд:

Махон қиссаи Рустами Золро,

Аз ин пас дигар к-он ҳадисест мангар.

Шоир мегўяд, ки ин достонҳо дигар дилпазир нестанд:

Номи ту номи ҳама шоҳон бистурду бибурд,

«Шоҳнома» пас аз ин ҳеч надорад миқдор.

Фаррухӣ чунин мешуморад, ки намешавад ба ин суханон бовар кард:

Гўянд Баҳром ҳамчу шерон,

Машғул будӣ ба сайд модом.

Бар гўши оҳу бидўхтӣ пой,

Чун пеши сараш гузоштӣ гом.

Бо туҳмат аст ин сухан баробар,

Лафзест ин дар миёнаи ом.

Суханони Фаррухӣ бисёр гўёст. Инҳо гувоҳи рафтори душманонаи дарбориёни он даврон бо «Шоҳнома» аст. По ба пои он ин суханон гувоҳи он низ ҳастанд, ки достонҳои Эрони куҳан дар он ҳангом дар миёни тўдаи мардум зинда буда ва барояндаш ин ки тўдаҳои мардум мебоист аз «Шоҳнома» бисёр гарму ҷўшон пешвоз карда бошанд. Шоирони даргоҳ дарёфта буданд, ки Султон Маҳмуд аз манзумаи Фирдавсӣ хушнуд набуда, ҳатто онро зиёновар ҳам бармешумурдааст. Аз ин рў инон ҳамаи кўшиши худро ба кор мебурданд, то садду банде дар роҳи густариши он падид оранд. Онҳо наметавонистанд сўи адабии ин чакомаро накуҳиш кунанд: Барои инон осонтар ин буд, ки роҳи дигар бигиранд: «Шоҳнома»-ро афсонаи миёнтиҳӣ ва пуч ҷилва диҳанд, ки шояд «кавдани деҳотӣ»-ро саргарм кунад, аммо дархўри нигариши марде «бо шахсият» нест. Ошноии Фаррухӣ бо додаҳои куҳан, танҳо аз рўи «Шоҳнома» набуд. Дар шигифт намешавем, ки ў бар «Вомиқ ва Узро» ҳам огоҳӣ доштааст (ў, ки ба Унсурӣ наздик буда, наметавонистааст манзумаи вайро надонад). Донистаниҳои Фаррухӣ аз Хусрав ва Ширин дар намуде нест, ки Фирдавсии бузург онро овардааст. Медонем, ки дар «Шоҳнома» аз Фарҳод номе наёмадааст. Дар асарҳои Фаррухӣ, шаш бор ин номро мебинем ва дар ин миён, шоир ўро кўҳкан меномад ва кори ўро бо кўҳи Бесутун вобаста мекунад. Менамояд, ки Фаррухӣ бар достони Фарҳод аз рўи ҳамон додаҳое огоҳ будааст, ки сипас Низомии Ганҷавӣ бар он огоҳ шудааст.

Дар асарҳои Фаррухӣ ошноӣ бо шеъри араб сусттар бозтобидааст. Яке аз қасидаҳояш бо насибе оғоз мегардад, ки чакомасаро дар он аз ашкҳое сухан мегўяд, ки ҳангоми дидани ҷое, ки рўзгоре бо ёрон дар он ҷо базм дошта, фурў рехтааст. Худ пайдост, ки ин насиб ҳамоно «мўя»-и бадавие бар ҷои пои кўчи дилдор аст, ки бадиҳӣ аст намудаш дигаргун шудааст. Дар шеърҳои Фаррухӣ ёде аз Димна ҳам ҳаст, ки шоир метавонист на танҳо аз тарҷумаи арабӣ, балки аз «Калила ва Димна»-и Рўдакӣ ҳам, бар он огоҳ бошад. Пас бозковии девони Фаррухӣ нишон медиҳад, ки ў чакомасарое будааст фарҳехта, ошно бо адабиёти рўзгори хеш ва бархўрдор аз истеъдоди шоён. Чунонки гуфтем, асарҳои Фаррухӣ бегумон дар зери таъсири асарҳои Унсурӣ будааст. Фаррухӣ мекўшид қасидаҳое ба шева ва сабки саркардаи дабистони шоирони ғазнавиён бисозад. Аммо ин барояш то андозае муяссар мешуд, зеро вижагии шоиронаи фардии ду чакомасаро гуногун будааст. Вижагии бозтоби эҳсосоти дарунии Унсурӣ ва сахт пайрави мантиқ буданаш, Фаррухивор набуд.

Таъсири ҷаҳони бурун бар Фаррухӣ, бисёр тундтар ва эҳсосоташ латифтар ва равшантар буд ва ин дар чакомаҳояш сареҳтар аз Унсурӣ аст, бозтобидааст. Васфҳои Унсурӣ ағлаб тасаннуӣ ва фазлфурўшона аст, аммо Фаррухӣ дар навбати нахуст барои нишон додани диданиҳо мекўшад ва барои ҳамин, васфҳояш то имрўз ҳам таъсирбахш аст. Худдории сахт, дар намоёнидани эхсосот, ки ағлаб то андозае ба хушк будан меанҷомад аз вижагиҳои Унсурӣ аст. Шояд барои ҳамин ҳам худаш пазируфта буд, ки ғазалҳояш, яъне насибҳои ошиқонаи ў, аз насибҳои пешиниёнаш поинтаранд. Фаррухӣ аз намоёнидани эҳсосоташ боке надорад, хоҳ ин аз шигифтӣ бошад, хоҳ сармастӣ аз баҳори гетӣ ва ё сўги жарф. Пайдост, ки ғазалҳои ў аз ғазалҳои Унсурӣ бисёр бартар ва дорои байтҳои нағзу фаровоне ҳастанд. Саранҷом набояд аз ёд бурд, ки чирадастиаш дар нағмаву наво бар чакомаҳояш сахт таъсир гузоштааст. Чакомаҳояш оҳанге шигифтангез доранд ва агар ў огоҳона ба чакомаҳои нағмадор нарасида, ба гумон нохудогоҳ кўшидааст, то аз ғинову сарватҳои нағмаии забон баҳра гирад.

Ёдовар мешавем, ки ў низ чун пешиниёнаш аз лафзе, ки ба он менависад ёд мекунад:

Хоса он банда, ки монандаи ман буд

Мадҳгўяндаву донандаи алфози дарӣ…

Шоир рўи сухан ба таронахонӣ карда, мегўяд:

Дил бад-он ёфтӣ аз ман, ки неку донӣ хонд,

Мидҳати хоҷаи озода ба алфози дарӣ.

Фаррухӣ аз истеъдоди бузург бархўрдор буд. Агар ў дар шароите дигар ба сар мебурд, метавонист адабиёти ҷаҳонро бо асарҳои номӣ ғанитар созад. Аммо аз он ҷо, ки ў, ба ночор сарояндаи дарборӣ гардид ва ҳунараш барои фурўш буд, чунин коре анҷом нагирифт. Дархўри ниграриш аст, ки инро дар ҳамон рўзгор ҳам медонистанд: Рўзе Хоҷа Абўалии Ҳасан, яке аз бузургони ғазнавиён дар оташи хашм Фррухиро «суханфурўш» номид:

Моро суханфурўш ниҳоди лақаб чӣ буд,

Аз чӣ ба зар зи мо нахаридӣ ҳаме сухан?

«Лақаб» мояи тавҳин ба шоир нашуд. Ў натанҳо озурдаву ранҷида нагардид, балки ҳатто чунонки аз ин байт бармеояд, кўшид онро ба суди хеш гардонида, ҳамчун намуди пуртаъсири шоиронаи зебоии хоҳиш (ҳусни талаб) аз он баҳра гирад. Дарки дардноки ҳолу рўзи хорӣ ва пастии хеш, ки бархе аз чакомасароёни бузург аз он ранҷ мебурданд, барои Фаррухӣ бегона буд. Шояд барои ҳамин ҳам, довариҳои ғамоваре, ки мо дар шеърҳои Рўдакиву Шаҳид мебинем, дар шеърҳои ў нест.

ПОЁНИ МАТЛАБ

Матни комили ин матлаби ҷолиб ва таҳлили олимонаи устод  Евгений Бертелсро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ аз китоби ӯ “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” бихонед.

Китоби мазкур аз сислсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз ҷониби Китобхонаи миллӣ соли 2025  зери назари академик Носирҷон Салимӣ интишор ёфтааст. Китобро Сируси Эзадӣ ба форсӣ баргардон кардааст.

Таҳияи Башира Умарова,
мутахассиси пешбари
Маркази “Тоҷикшиносӣ.