Назари устод Бертелс дар бораи Фаррухӣ. Бахши аввал

Устод Абулҳасан Алӣ ибни Ҷавлуғи Систонӣ, ки тахаллуси Фаррухӣ барои хеш баргузида буд, дар даргоҳи Fазнавиён ҷое намоён дошт. Бадиҳист, ки аз Фаррухӣ чун Унсурӣ дар ҳамаи баррасиҳои куллии таърихҳои адабиёти Эрон ёд мешавад, аммо ҳанўз касе дар бораи ў пажўҳише вижа накардааст. Шеърҳои бозмондаи Унсурӣ ҳанўз танҳо ба шакли чопҳои бисёр бади сангӣ аст, аммо девони Фаррухиро дар соли 1932, Алӣ Абдулрасулӣ дар Теҳрон чоп кардааст.
Ин чопро намешавад чопи интиқодӣ баршумурд. Чопкунанда наёвардааст, ки чанд нусхаи хаттӣ дар даст дошта ва онҳо аз чӣ рўзгоре будаанд. Дар бархе ҷоҳо тафовути вожаҳоро медиҳад, аммо ёдовар намешавад, ки кадомин куҳантар ва матни асосӣ кадом аст. Бад-ин сон, барои омўзиши асарҳои Фаррухӣ, ҳанўз пойгоҳи мўътабар надорем, аммо он ҷо ки чопкунанда, бегумон забонро бахубӣ медониста аз матнҳои куҳан сар дар меоварда ва нусхаҳои хаттии хубе дар даст доштааст. Чопи ў дар ҳамсанҷӣ бо ду чопи сангии чакомаҳои Фаррухӣ (Теҳрон, солҳои 1301-и ҳиҷрӣ, 1883-84-и тарсоӣ) ва 1302-и ҳиҷрӣ (1884-85-и тарсоӣ) боз ҳам гоме ба пеш аст.
Огоҳии мо дар бораи Фаррухӣ ҳам ба сони бештари шоирони он даврон бисёр андак аст. Ҳатто таърихи зода шудан ва мурданаш ҳам ҳанўз равшан нест. Ризоқулихон соли марги Фаррухиро 429-и ҳиҷрӣ, (1037-38-и тарсоӣ), бармешумарад ва Лутфалибеки Озар 470-и ҳиҷрӣ (1077-78-и тарсоӣ), аммо на он ва на ин ба ҳеч маъхазе истинод намекунад. Аммо аз он ҷо, ки худи Фаррухӣ дар яке аз қасидаҳояш мегўяд, ки бист сол аст ба Fазнавиён хидмат мекунад ва бахше бузург аз девонаш барои Султон Маҳмуд аст, эҳтимоли таърихи дувум камтар аст. Чорае нест, ҷуз ин ки бипиндорем Фаррухӣ дар нимаи дувуми садаи даҳуми тарсоӣ зода шудааст. Фаррухӣ, худаш борҳо аслу насаби Систонии хешро ёдовар шудааст ва наметавон дар ин бора дучори гумон шуд. Танҳо Давлатшоҳ мегўяд, ки зодгоҳи Фаррухӣ Тирмиз аст, ки ин хатое беш нест ва ангезааш ҳам огоҳие бар зиндагии кўтоҳи Фаррухӣ дар Чағониён будааст. Бино бар додаҳои сарчашмаҳои куҳан, падари Фаррухӣ корманди дарбори Халиф ибни Аҳмад-фармонравои Систон буд. Барои чакомасарои оянда муяссар буд, ки ба зудӣ фарҳехта шуда, дар навохтани олатҳои мусиқӣ ва таронахонӣ маҳорат биёбад.
Султон Маҳмуд дар соли 1003-и тарсоӣ Систонро ба чанг оварда, ҳукумати он вилоятро ба бародари худ, Наср супурд. Дарбори Систон аҳамияти пешинро аз даст дод ва Фаррухӣ ночор шуд, ба хидмати яке аз деҳгонони Систон дарояд, ки ба ў қавл дода буд, солона барои асарҳои шеърӣ ва нағмаву навояш миқдоре гандум ва як сад дирҳам сиккаи сомонӣ бидиҳад. Фаррухӣ чанде бо ин дастмузд сохт, аммо ҳангоме ки зан гирифт, инҳо дигар барояш басанда набуд. Шоир аз арбобаш хоҳиш кард, ки миқдори ғалла ба андозаи ниме аз он бияфзояд ва нақдинаро ба яксаду панҷоҳ дирҳам бирасонад, аммо арбоб ба ҳеч рўй напазируфт. Пас Фаррухӣ бар он шуд, ки дар ҷое дигар ба дунболи бахт бигардад. Ў бо пурсуҷў аз касоне, ки ба Систон меомаданд, дарёфт, ки амири Чағониён, Абулмузаффар Аҳмад ибни Муҳаммад, ҳафтумин фармонравои дудмони Оли Муҳтоҷ, ки наздик ба соли 989-и тарсоӣ бар тахт нишаста буд, дастгушодатарин ҳомии шоирон аст. Шоир диранг накард, қасидае барои ин фармонраво суруд ва онро бо худ ба Чағониён бурд. Ин қасида мондааст ва менамояд, ки куҳантарин асари Фаррухӣ бошад, ки бар он огоҳӣ дорем:
Бо корвони ҳулла бирафтам зи Систон,
Бо ҳуллаи танида зи дил бофта зи ҷон.
Бо ҳуллаи бирешим, таркиби ў сухан,
Бо ҳуллаи нигоргар нақши ў забон.
Ҳар тори ў ба ранҷ бароварда аз замир,
Ҳар пуди ў ба ҷаҳд ҷудо карда аз равон.
Аз ҳар саноее, ки бихоҳӣ, бар ў асар,
В-аз ҳар бадоее, ки биҷўӣ бар ў нишон.
На ҳуллае, ки об расонад бад-ў газанд,
На ҳуллае, ки оташ орад бар ў зиён.
На ранги ў табоҳ кунад турбати замин,
На нақши ў фурў сутурад гардиши замон.
Бинвишта зуду табъия карда миёни дил,
В-андешаро ба ноз бар ў карда посбон.
Ҳар соате башорат додӣ маро хирад,
К-ин ҳулла мар туро бирасонад ба ному нон.
Ин ҳулла нест бофта аз ҷинси ҳуллаҳо,
Инро ту аз қиёси дигар ҳуллаҳо мадон.
Инро забон ниҳод, хирад ришту ақл бофт,
Наққош буд дасту замир андар он баён.
То нақш кард бар сари ҳар нақш бар навишт,
Мадҳи Абулмузаффари шоҳи Чағониён.
Сипас ситойши маъмул меояд. Фаррухӣ, пас аз сипардани роҳи дарозу душвор ба Чағониён расид, аммо дарёфт, ки Амир дар шаҳр нест. Баҳор буд ва ў барои дидани рамаҳои асбаш ба даште рафта буд, ки дар он ҷо ҳафтдаҳ ҳазор модиён дошт. Амирро расм бар ин буд, ки баҳорон беҳтарин кўраҳоро ҷудо кунад ва дар доғгоҳ, доғи худро бар он бизанад. Умед Асъад, яке аз сардорони Амир, ки ҳамчун худи Амир аз дўстдорону хибрагони бузурги чакома буд, Фаррухиро пазируфт. Шоир қасидаи худро бар ў хонд, хоҳиш кард, ки ба хидмати Амир расад. Аммо Умед пас аз шунидани чакомаи нағз ва устодонаи Фаррухӣ, ба сар то пой чиркину жулидаи марди Систонӣ дар ҷомаи дарида ва пойафзори чўбин нигариста, бо худ андешид, ки дар пеши рўяш марде найрангбоз аст ва ин биёбониро тавони навиштани ин чакома набуда, бояд онро аз касе рабуда бошад. Чун бар он шуда буд, ки вайро биёзмояд, ўро то ба доғгоҳи Амир бурда, намои дашти баҳориро нишон дод ва хост, ки онро ба шеър дарорад. Умед гуфт, ки агар чакома хуб аз об дарояд, ўро назди Амир хоҳад бурд. Фаррухӣ бо итоат аз ин фармон қасидае суруд, ки яке аз беҳтарин чакомаҳое аст, ки ба порсӣ суруда шудааст:
Чун паранди нилгун бар рўй пўшад марғзор,
Парниёни ҳафтранг андар сар орад кўҳсор.
Хокро чун нофи оҳу мушк зояд бе қиёс,
Бедро чун парри тутӣ барг рўяд бешумор.
Дўш вақти нимашаб бўи баҳор овард, бод
Ҳаббазо боди шимолу хуррамо бўи баҳор.
Бод гўи мушки суда дорад андар остин,
Боғ гўи лўъбатони ҷилва дорад дар канор.
Арғувон лаъли бадахшӣ дорад андар марсала,
Настаран лўълўъи лоло дорад андар гўшвор.
То баромад ҷомҳои сурхи мул бар шохсор,
Панҷаҳои дасти мардум сар фуруд кард аз чанор.
Боғ буқламмунлибосу роғ буқламмуннамой,
Об марворидрангу абр марворидбор.
Рост пиндорӣ, ки хилъатҳои рангин бофтанд,
Боғҳои пурнигор аз доғҳои шаҳриёр.
Доғгоҳи шаҳриёр акнун чунон хуррам бувад,
К-андар ў аз накўӣ ҳайрон бимонад рўзгор.
Сабза андар сабза бинӣ, чун сипеҳр андар сипеҳр,
Хайма андар хайма бинӣ, чун ҳисор андар ҳисор.
Сабзаҳо бо бонги рўди мутрибони чарбдаст,
Хаймаҳо бо бонги нўши соқиёни майгусор.
Ҳар куҷо хаймаст хуфта ошиқе бо дўст маст,
Ҳар куҷо сабзаст шодон ёре аз дидори ёр.
Ошиқон бўсу канору некувон нозу итоб,
Мутрибон рўду суруду майкашон хобу хумор.
Рўи ҳомун сабз чун гардуни нопайдокарон,
Рўи саҳро сода чун дарёи нопайдоканор.
Андар он дарё шуморе в-он шуморе ҷонвар,
В-андар он гардун ситора в-он ситора бемадор.
Ҳар куҷо кўҳсор бошад он саморе кўҳбар,
Ҳар куҷо хуршед бошад он ситора соядор.
Муъҷиза бошад ситора сокину хуршедпeш,
Нодира бошад саморӣ кўҳ бар ў саҳрогузор.
Бар дари пардасарои Хусрави пирўзбахт,
Аз паи доғ оташе афрўхта хуршедвор.
Баркашида оташе чун матради дебои зард,
Гарм чун табъи ҷавону зар чун зариёр.
Доғҳо чун шохҳои буссади ёқутранг,
Ҳар яке чун нордона гашта андар зери нор.
Дидгоҳи хоб нодида масоф андар масоф,
Маркабони доғнокарда қатор андар қатор.
Хусрави фаррухсияр бар бораи дарё гузар,
Бо каманди шаст хам дар дашт чун Исфандиёр.
Аждаҳокирдор печон дар кафи родаш каманд,
Чун асои Мусо андар дасти Мусо гашта мор.
Ҳамчу зулфи некувони хурдсол тоб хўрд,
Ҳамчу аҳди дўстони солхўрда устувор…
Бо ҳамаи ҷондор будани нигора, Фаррухӣ шаклҳои марсуми чакомасароии он рўзҳоро аз ёд намебарад. Ин намунае аст аз ҷамъи устодона аз ҳамин қасида:
Дўстону душманонро аз ту рўзу разму базм,
Шонздаҳ чиз аст аз ту баҳра, вақти кому вақти кор.
Ному нангу фахру ору аззу зиллу нeшу заҳр,
Шодиву ғам, саъду наҳсу тоҷу банду тахту дор.
Умеди Асъад ба қасида гўш фаро дода, бадгумониаш аз миён рафт: Ў дарёфт, ки он чакомаро ба ростӣ, ки Фаррухӣ суруда ва ҷуз ў каси дигар наметавонистааст сарояндаи он бошад. Шаби ҳамон рўз Фаррухӣ дар базми Амир бо ў ошно шуда, қасидаи пешин ва низ васфи доғгоҳро бар ў бармехонад ва барои подош ба ў иҷоза медиҳанд ҳар андоза кўра, ки битавонад бигирад, аз они ў бошад. Ин коре буд на осон, Фаррухӣ хаставу монда шуд, аммо бо ин ҳама тавонист чиҳилу ду кўраро ба даруни чаҳордевори гилин ва нимавайронае биронад. Худ пайдост, ки гузашта аз инҳо ҳадяҳое дигар низ, чун ҷомаи зарбофт ва ҷуз инҳо бигирифт. Заминаи овозаи Фаррухӣ фароҳам шуда буд. Аммо гумон намеравад, ки рўзгоре дароз дар даргоҳи Амир монда бошад. Ба зудӣ дасти Маҳмуд ба ин ҷо ҳам дароз шуд ва Фаррухӣ ночор буд, ки боз дар андешаи арбобе тоза бияфтад. Аммо дигар бар чакомасаро равшан буд, ки дар он хитта ҳомии муносибтаре аз ғазнавиён барояш пайдо нахоҳад шуд.
(ИДОМА ДОРАД)
Матни комили ин матлаби ҷолиб ва таҳлили олимонаи устод Евгений Бертелсро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ аз китоби ӯ “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” бихонед.
Китоби мазкур аз сислсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз ҷониби Китобхонаи миллӣ соли 2025 зери назари академик Носирҷон Салимӣ интишор ёфтааст. Китобро Сируси Эзадӣ ба форсӣ баргардон кардааст.
Таҳияи Башира Умарова,
мутахассиси пешбари
Маркази “Тоҷикшиносӣ.