Назарпурсӣ: Озмун ба анҷом мерасад. Чӣ пешниҳодҳо доред?

Фурӯғи-субҳи-доноӣ-китоб-аст

Имрўз охирин рўзи озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳӣ доноӣ…” аст. Дар суҳбати субҳи имрӯз яке аз пешрафти имсолаи он гуфт, дигаре аз норасоӣ, гурӯҳе низ пешниҳодоташонро иброз доштанд. Муҳтавои суҳбат бо чанд нафарро ба сурати фишурда меорам:

НАВРӮЗИ-ҶУМЪАМУРОДНАВРӮЗИ ҶУМЪАМУРОД, масъули баргузориди БАХШИ ДУЮМ)и озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” дар номинои адабиёти ҷаҳон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ӯ тартиб додани ҷадвали рӯйхати баҳогузориии электрониро дар сабқат пешниҳод намуд, чунки мо дар ҷаҳони муосир зиндагӣ мекунем ва ин яке аз талаботҳои он аст, изҳор дошт Наврӯз. Ба андешаи ҳамсуҳбатам баҳогузории ҳамаи озмунҳои байналмиллалӣ тариқи электронӣ сурат мегирад. Ин пешниҳодро дар оянда ба назар бояд гирифт.

Наврӯз, ки соли гузашта дар номинои адабиёти ҷаҳон ширкат ва сазовори ҷои дуюм гардид, харидорӣ ва насб намудани таҷҳизотро ба манфиати кори ҳакамон ва доварон дониста таъкид намуд, ки ин корро осон ва озмунро шаффоф мегардонад.

АҲМАД-НИЁЗОВАҲМАД НИЁЗОВ, бознишаста аст, ки аз ноҳияи Панҷакент ба пойтахт омадааст. Ӯ дар шаҳри Хуҷанд ҷои дуюмро ба даст овардааст. Асарҳои адибони ҷаҳонро аз кӯдакӣ дӯст медорад ва дар пайдо кардани осори адибони ҷаҳон ба мушкил мувоҷеҳ шудааст. Баъзе асарҳои адибони оламро дар ноҳияашон Панҷакент пайдо накард ва маҷбур шуд роҳи дарозро тай намуда ба пойтахт биёяд ва аз Китобхонаи миллӣ он китобҳоро пайдо ва мутолиа намояд.

Ӯ низ пешниҳод дорад, ки барои бо китобҳои зарурӣ таъмин намудани китобхонаҳои ноҳияву шаҳрҳо ва дӯконҳои китобфурӯшӣ чораҳо андешида шавад.

ХАЙРАНДЕШ  НАЗАРОВ, курсанти соли 5-уми Академияи Вазорати корҳои дохилӣ:

– Забони асли нависандагони оламро ҳама намедонанд, ки асарро ба забони асл хонанд. Хуб мешуд онҳо ба тоҷикӣ ва бо теъдоди зиёд нашр шаванд. Мехоҳам асарҳои дунёро ба тоҷикӣ бихонам, аммо кам аст, номинаи адабиёти кӯдаконро низ ба он хотир интихоб намудам, ки мувофиқи рӯйхати он довталаб бояд аз адабиёти ҷаҳон, классикӣ ва муосир огоҳ бошам.

ҲАФИЗ-РАҲМОНҲАФИЗ РАҲМОН адабиётшинос ва яке аз доварони номинои адабиёти ҷаҳон пешниҳод намуд, ки тарҷумаи осори бадеиро ба забони тоҷикӣ ба роҳ мондан илоҷи кор аст.

Ӯ барои нарасидан ва кам будани тарҷумаи китобҳои адибони дунё бознашри асарҳои то кунун тарҷумашударо, ки камёбанд ва тарҷумаи дастикам 5000 асари адибони беҳтарини ҷаҳонро ба забони тоҷикӣ роҳи ҳалли мушкил донист.

РЎЗИМО НАРЗИЕВА, аз ҷамоати Лоиқ Шералӣ, шаҳри Панҷакент аз шароити фароҳамовардаи роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ситоиш кард ва гуфт: Мо, ки аз роҳи дур омадем, мебинем, ки кулли шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ташаккр мегўям, ки чунин озмунҳо таъсис дода, барои ҷавоно чунин шароит фароҳам оварда ҷавононро дастгирӣ менамоянд. Доварон саволҳои одӣ, мувофиқ ба сол ва донишҳои андўхтаашон медиҳанд.

МУҲАММАДШАРИФ СОЛЕҲОВ, омўзгори муассисаи таҳсилоти умумии рақами 18-и ноҳияи Кўшониён, ки шогирдашро ба озмун оврада буд, хоҳиш кард, ки чун солиёни пеш иҷозат диҳанд ҳангоми баромади шогирдонашон устодон паҳлуи онҳо дар толор бошанд. Вай гуфт:

– Ҳар сол иҷоза медоданд дар толор нишинем. Агар солҳои баъдӣ низ ин корро ба роҳ мемонданд, яъне  ба  падар ё модар ё устод иҷоза мешуд, ки дар толор нишинанд, бача дилпур мешуд. Ин камбуд не, пешниҳод аст. Вақте устод ё падару модарашро мебинад, руҳияаш баланд мешавад.

Раҳима БОБОЕВА