Некӣ бимонад ҷовидон…

Дар оини хештаншиносӣ одату ҳолате метавонад пояндаву зоянда ва дар хотираҳо нақш бубандад, ки унсурҳои накукорӣ ва некандешӣ то абад анҷом дода шавад. Албатта, дар ҳаёт ва нигоҳи одамон мо на ҳамеша муҳаббати пояндаву муносибати бардавомро мебинем ва ин гуна ҳолату одат ва муносибат умри дароз надорад, дар ҳар маврид барои бовар намудан нобовариро ба миён меорад. Хушбахтона, дар зиндагӣ ҳоло ҳам миёни мо инсонҳои зистаанду мезиянд, ки қадамашон муборак асту баракат, нигоҳашон рушану умедворкунанда, лутфашон латофат дорад, зистанашон маънову маъвобахши дигарон аст.

Хушбахтӣ ин ки миёни ману мо, ҳампаҳлуву ҳамқабату ҳамтабақу ҳамкори азизи мо ҳастанд ин гуна инсонҳо, ифтихору эътибори муассисаи мо буданду ҳастанд, бо камоли адаб ва меҳнату меҳрубонӣ номи нек ба ёдгор аз худ боқӣ мондаанд. То вақте Китобхонаи миллӣ ҳасту хонанда дорад, номи неки Ҳабибова Сураё чун меҳрубонтарин китобдори ин боргоҳ ва самимитарин роҳбари шуъбаи хидматрасонӣ ба муштариён ёд шудаву ба номаш аҳсану офаринҳо хонда мешавад.

Мутаассифона аст ва ё хушбахтона, дар рафти кор ҳолатҳое мешаванд, ки ҳам ғамангезанду ҳам шодиовар. Ғамангез будани ин ҳолатҳо бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла ба кори дигар гузаштани дўст ва ё ба нафақа баромадани ҳамкорони ғамбарору таҷрибадор ва ё ба қавле пирони кор аст. Яқинан ба нафақа гусел намудани ҳамкорон ва ба ин синну сол расидан на корест осон ва ё на тақдирест, ки ба ҳар кас муяссар шавад. Ба нафақа баромадан ва дар гирду атрофи наберагону фарзандон даври пирӣ рондан, ширинтарин лаҳзаҳои зиндагист, вале аз коллективе, ки он ҷо солҳои сол ҳамнафас будану солҳо пастиву баландиҳои зиндагиро бо ҳам диданд, шириниҳои ҳаётро бо ҳам чашиданд, ҳамакнун хайрубод намудан дарднок асту сахт ва таҳаммулаш бисёр душвор.

Дирўз дар ҷаласаи назди директори Китобхонаи миллӣ профессор Файзализода Ҷумахон Хол азизтарин ва маҳбубтарин бонуи Китобхона Ҳабибова Сураё ба нафақа гусел шуданд.

 Дар давраи Файзализода Ҷумахон Хол ин анъанаи ҷорӣ шуд, ки ҳатто кормандони зинаҳои поёнӣ бо як тантана ва изҳори сипос ба заҳматҳои кашидаашон, бо баёни суханҳои саропо муҳаббату самимият дар назди тамоми кормандон ва роҳбарияти муассиса бо гулдаста ва туҳфаи хотиравӣ ба нафақа гусел карда мешаванд.

Бовар дорам, ки апаи азиз, зани меҳрубону хоксор ва инсони накусиришт Ҳабибова Сураё ҳамеша роҳнамои мо буданду ҳастанд ва хоҳанд монд.

МУВАФФАҚИЯТ ДАР КОРУ ПАЙКОРИ МИНБАЪДААТОН…

Идигул НУСРАТУЛЛОЗОДА.