Некон намемиранд. Рўнамоии китоби нависандаи тоҷик Зариф Ғулом таҳти унвони «Карими Шиш»

Карими ШишБо ташаббуси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” рӯнамоии китоби нависандаи тоҷик Зариф Ғулом таҳти унвони «Карими Шиш» баргузор гардид. Дар ин ҷаласа намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, адибони саршиноси кишвар, кормандони Китобхонаи миллӣ ва васоити ахбори омма ширкат доштанд.

Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Файзализода Ҷумахон Хол оғоз гашт.

Ҷумахон Файзализода зимни суханронии худ меҳмононро ба Китобхонаи миллӣ хайрамақдам гуфта, дар бораи осору эҷоди устод Зариф Ғулом ибрози назар намуд. Ӯ зикр кард, ки  нависанда бо андешаҳои нозук, қалами пуртаъсир ва диққати хоса ба сарнавишти мардумони заҳматқарин, ё худ инсонҳои комилу наҷиб эҷод мекунад ва романи тозаэҷоди ӯ “Карими Шиш” ба зиндагӣ, рӯзгор ва сарнавишти яке аз чеҳраҳои нодири мусиқии суннатии тоҷик – Карими Шиш марбут аст. Карими Шиш, ки дар солҳои гузашта яке аз сарояндаҳои барҷастаи сурудҳои фалакӣ шинохта мешуд, бо вуҷуди ҳунари фавқулодаи овозхонӣ доштанаш, дар гирдоби зиндагӣ ва тағйироти сиёсию давлатии давраҳои сипаришуда то андозае аз ёдҳо дур монда буд, вале ҳунари асил, садои беназир ва маҳбубияти ӯ ҳамеша дар қалбҳо маҳфуз буд. Гоҳо нубуғи истеъдод ва муҳаббати мардум ба ҳунарманди асил чеҳраҳоро ба қаҳрамонони асотирӣ мубаддал мекунад”, – гуфт ӯ.

Дар идомаи маърӯзаи худ директори Китобхонаи миллӣ афзуд: “Пӯшида нест, ки вазифаи ҳар як эҷодкори асил низ дар пайдо намудани қаҳрамони худ, мавзуи эҷодии худ ва шиносондани шахсиятҳои фарҳангии миллати худ заҳмати фарзандона дошта бошад. Маҳз ҳамин корро устод Зариф Ғулом анҷом додааст. Ӯ дар романи «Карими Шиш» на танҳо зиндагии як сарояндаи гумномро бозофарӣ мекунад, балки арзишҳои фарҳанги мардумӣ, оҳу сӯзи сурудҳои даштӣ, нидои дардолуди қалби мардум ва рӯҳи ҷовидонаи фалакро ба хонанда эҳдо менамояд.”

Умари ШерхонСипас нависанда ва публитсист Умари Шерхон, корманди рӯзномаи «Ҷумҳурият» Маҳмадулло Табаров, корманди  рӯзномаи «Омӯзгор» Шодӣ Раҷабзод ва ва дигар меҳмонон вобаста ба асари тозаэҷоди Зариф Ғулом як-як андешаҳои хешро баён намуда, доир ба кофтукобҳои эҷодииадиб, ҷонбозиҳои қаҳрамони асари мазкур, эҷод ва тағаннии оҳанги «Хайрбод»-и Карими Шиш, тасвири ҷолиби манзараҳои мавзеъҳои тасвиршаванда ва истифодаи вожаҳои хоси ҳамон мавзеъ сухан ронданд.

Зариф ҒуломДар зимн, китоби узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, нависандаи маҳбуб Зариф Ғулом бо номи «Карими Шиш» дар нашриёти давлатии «Адиб» рӯи чоп омадааст.  Муаллифи асар Зариф Ғулом мегӯяд: Романи «Карими Шиш» ҳаҷман хурд бошад ҳам, мазмунан васеъ аст. Он воқеаву ҳодисаҳои се даҳсолаи аввали асри ХХ-ро дар бар мегирад. Ҷуғрофияи асар низ фаррох буда, ҳодисаю воқеаҳои дар сарзамин ва вилоятҳои Тоҷикистону Афғонистон рухдода тасвир ёфтаанд. Дар асар қаҳрамонони мусбату манфӣ ва шахсони таърихӣ, аз қабили шоир ва мутафаккир Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, шоири халқӣ Сайдалӣ Вализода, ҳунарманди мардумии тоҷик Акашариф Ҷӯраев ва беки бераҳму золими Балҷувон Раҳимбий иштирок доранд».

Итминон комил аст, ки ин асари нависандаи заҳматқарин Зариф Ғулом дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии хонанда нақши созгор мебозад.

Карими ШишДар поёни нишаст миёни ширкаткунандагон дар бораи романи мазкур ва умуман осори таърихиву адабии солҳои охир табодули афкор сурат гирифт.

Махфират Муҳидинова,
бахши матбуот в
робита бо ҷомеа