Неъматуллоҳи Амир Маҳмадалиев «Достони созандагони Ватан»

Ватанро фарзандони фарзона, содиқу бовафо, ҷонфидову заҳматқарин месозанд, обод мекунанд ва ба наслҳои оянда ба мерос мегузоранд. Омӯзиши рӯзгори пурифтихори онҳо ва қадршиносӣ аз корнамоиашон моро ба ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳидоят мекунад.

Китоби Неъматуллоҳи Амир Маҳмадалиев «Достони созандагони Ватан» дар бораи зиндагиномаи чунин як насли созандаи Ватан – Амир Маҳмадалиев ва фарзандони эшон, инчунин бахше аз таърихи ҷолиби ҳукуматдории Аморати Бухоро, Афғонистон, Тоҷикистон ва фаъолияти Корхонаи Воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бахшида ва ба доираи васеъи хонандагон пешбинӣ шудааст.

Шоир ва нависандаи шинохта АТО МИРХОҶА ба китоб ин сарсуханро навиштааст: Китоби Неъматуллоҳи Амир Маҳмадалиев «Достони созандагони Ватан» – ро хондам. Нависанда дар он саргузашти хонаводаи худро ба қалам додааст. Мо дар аснои мутолиаи китоб бо шаҷараи авлодии ӯ ва нақшу ҳиссаи ин дудмон дар ҳаёти диёри сукунаташон ошно мегардем. Саргузашти хонаводаи Неъматуллоҳ танҳо мунҳасир ба ҳамин авлод нест. Муаллиф кору пайкори онро дар ҳамбастагӣ бо халқ ва саҳми он дар инкишофи ҷамъият нишон дода тавонистааст.

Инчунин, дар боби сафарномаи китоб муаллиф қайдҳояшро дар баробари баёни таъриху табиат, зисту зиндагонии аҷиби мардуми кишварҳои гуногун, ҳаминчунин аз панду ҳикматҳои бардоштаашро ба андешаронии хонанда водор мекунад.

Ман солҳои зиёде, ҳангоми кор карданам дар  рӯзномаи Роҳи оҳани Тоҷикистон (баъдан Вазорати нақлиёт), ҳамкори муаллифи китоб будам. Бори нахуст ҳам рӯзе дидам, ки роҳи оҳани «Қӯрғонтеппа – Кӯлоб» -ро ба истифода медоданд ва ӯ сардори ин лоиҳаи овозадор буд. Дар халқаи роҳбарони ҷумҳуриву Роҳи оҳан кори анҷомдодаро ба онҳо нишон медоду ҳозирин ба ҳар ҳарфаш бо диққат гӯш медоданду бо қадамҳои устувор онҳоро рӯ – рӯи бистари роҳи оҳан аз паси худ мебурд. Баъд бо иштироки Президенти кишвар он қитъаи роҳ кушода шуду Неъматуллоҳ қаҳрамони рӯзноманигорон гардид.

Баъдан борҳо бо ӯ дар қитъаҳои гуногуни Роҳи оҳан вохӯрдем. Дар ҳама ҷо як хел буд – ботамкин, солор, камгап, хушлибос, заковатманд. Ба рӯзномаи мо таваҷҷуҳи хос дошт, заҳмати моро қадр мекард, андешаҳои худро дар хусуси мақолаҳоямон мегуфт, ҳусну қубҳояшро нишон медод, худ мақолаҳо менавишт ва моро дастгирӣ мекард. Мо дар инъикоси баъзе ҷазъиёти техникиву касбии роҳи оҳан, ба хотири пешгирӣ аз иштибоҳ, ба донишу маслиҳатҳои саховатмандонаи акаи Неъмаьуллоҳ такя мекардем.

Аввалҳо ҳайрон мешудем, ки барои чӣ ин шахс дар байни ҳазорҳо корманди роҳи оҳан фарқ мекунад – ба аҳли қалам таваҷҷуҳи хос дорад. Баъдан фаҳмидем, ки дар хонаводаи  китобдору китобхон ба воя расидаанду худ низ менависад. Пас аз мутолиаи ин саргузаштнома донистем, ки ҳатто муддате дар рӯзнома ҳам кор карда будааст ва орзу доштааст, ки журналист мешавад, аммо зиндагӣ ӯро ба ҷодаи дигари ҳаёт бурдааст.

Тарзи навиштани китоб ба ман писанд омад. Муҳим он аст, ки муаллиф бо сабаби хушсавод будан ва огаҳӣ доштан аз кори нависандагӣ лавҳаҳои ҳаёти худу хешовандонашро бо ҷузъиётҳои муассир оро дода, китобро ҷолибу ҷаззоб ба хонанда пешкаш намудааст.

Дар он мавридҳое, ки ба овардани далелу санаду рақам мепардозд, боз ҳам нависанда боқӣ мемонад, на шуморидани омори хушк. Тавассути ин китоби муфид хонанда аз таърихи як бахши муҳимми иқтисоди кишвар – Роҳи оҳан огаҳ ёфта, воқеаҳоро медонад, ки аз забони шоҳиди бевоситаи онҳо нақл мегарданд.

Китоб ҳамчунин барои муҳаққиқони соҳаҳои роҳ, рушди ҷануби Тоҷикистон ва инсоншиносиву ирсиятнигорӣ маводи фаровон медиҳад. Пас аз мутолиаи он бори дигар мутмаин мегардем, ки аз хонаводаи солиму солеҳу донишпарвар инсонҳои бунёдкор, созанда, боимон ва ибратомӯз мерӯянд ва ҷаҳонро зебою ободу хуррам месозанд.

Ато Мирхоҷа,  барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон

ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.

Ҳоло хонандагон имкон доранд китоби Неъматуллоҳи Амир  «Достони созандагони Ватан»-ро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Анӯшаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари
шуъбаи мукаммалгардонии фонд
.