Нидои таърих. Карфагене, ки ҷангиёни Византия ва арабҳо хароб карданд
Карфаген (финиқии «Шаҳри нав») шаҳри қадим ва маркази давлати бузург дар Африқои Шимолӣ ва қисми ғарбии баҳри Миёназамин. Карфаген аз ҷониби финиқиҳо дар ҷои шаҳри Тир таъсис дода шуд (825).
Дар миёнаи асри 7 то мелод як қатор ҷазираҳои Испания (Питиус, Ситсилия) ва мулкҳои финиқиҳо дар қисми ғарбии баҳри Миёназамин ба мустамликаҳои Карфаген табдил ёфтанд. Дар асри 6 то мелод Нуфузи Карфаген дар Африқои Шимолӣ, Сардиния ва ҷазираҳои Ивиса (дар ҷазираҳои Балеар) мустаҳкам гардид. Дар ин давра рақиби асосии карфагениҳо юнониҳои Фокея буданд. Тақрибан соли 537 то милод карфагениҳо дар иттиҳод бо этрускиҳо юнониҳоро дар набарди баҳрии назди Алалия (дар ҷазираи Корсика) шикаст доданд.
Аз нимаи дуввуми асри 6 то мелод дар натиҷаи футӯҳоти зидди қабилаҳои либиӣ ва юнониҳои шаҳри Кирена қаламрави мулкҳои африқоии Карфаген вусъат ёфт. Соли 520 то мелод карфагениҳо Империяи Тартессро дар Испания барҳам дода, роҳҳои баҳрӣ ба сўи ҷазираҳои Британия ва мулки мустамликаии финиқиҳо – Гадесро ба ихтиёри худ гирифтанд. Баъдан карфагениҳо дар набарди назди Гимера (480 то мелод.) ва Кум (474 то мелод) аз ҷониби юнониҳо шикаст хўрда, пешравии онҳо дар ғарб қатъ гардид.
Дар миёнаи асри 5 то мелод мулкҳои мустамликаии Африқои Шимолӣ, ҷануби Испания, Сардиния, Ситсилия Ғарбӣ ва ҷазираҳои Питиус дар атрофи Карфаген муттаҳид шуданд. Карфаген дар масири тиҷоратии баҳри миёназамин Финиқия, Миср, Осиёи Хурд, шаҳрҳои юнонӣ, Сахара ва ҷазираҳои Пиренейро бо ҳам пайваст мекард.
Дар Карфаген муносибатҳои ғуломдорӣ, бардафурўшӣ, ҳунармандӣ, киштисозӣ, филизгудозӣ, кишоварзӣ (дар Африқои Шимолӣ) тараққӣ ёфта буд. Аз мардуми маҳаллӣ андози даҳяк ситонида мешуд, ки ин амр боиси сар задани чандин шўриш гардид. Дар Ҷумҳурии олигархии Карфаген ҳокимият ба хонадони ашрофи карфагенӣ ва ниҳоди олии идорӣ ба ду суффет (судя – роҳбари мақоми иҷроия; ҳар сол аз нав интихоб мешуд), Шўрои синафара, Шўрои куҳансолон ва мақоми олии назоратӣ – Шўрои 104-ум таалуқ дошт. Дар миёни асри 6 то мелод кўшиши сарлашкар Малх барои сарнагун кардани ҳокимияти олигархӣ ба нокомӣ анҷом ёфт. Дар аҳди ҳукумати Магон (530-520 то мелод) низоми идории Карфаген пурра ташаккул ёфт ва хонадони Магониҳо тақрибан 100 сол кишварро идора карданд. Артиши Карфаген аз сарбозони кирояи пиёда (испаниҳо, африқоиҳо, юнониҳо галлиҳо) ва савора (нумедиҳову ибериҳо) иборат буд.
Фарҳанги Карфаген дар асоси омезиши унсурҳои тамаддуни мардумони ҳамсоя ташаккул ёфта буд. Карфагениҳо ба забони финиқӣ гуфтугў мекарданд. Дар Карфаген илмҳои астраномия, ҷуғрофия, риёзиёт ва ғайра инкишоф ёфта буданд. Карфагениҳо ба худои Пиннит ва Баал-Мелкарт эътиқот доштанд. Дар охири асри 5 то мелод Карфаген барои ишғол намудани Ситсилия муборизаро оғоз кард. Соли 409 то мелод карфагениҳо ба Ситсилия ҳуҷум карданд ва баъди нокомӣ дар ҷангӣ зидди Диодониси I Бузург бо сиракузиҳо сулҳ бастанд (376 то мелод).
Солҳои 345-318 кўшишҳои карфагениҳо барои дахолат ба муборизаҳои дохилии Сиракуза бенатиҷа анҷом ёфт. Дар охири асри 4 то мелод сиракузиҳо бо сарварии Агафолк ба муқобили Карфаген мубориза бурданд. Мувофиқи шартномаи соли 306 то мелод. Ситсилия байни ҷонибҳо тақсим шуд. Карфагенҳо дар Ҷангҳои пунӣ (264-241 то мелод) аз ҷониби румиҳо шикаст хўрдаанд ва мулкҳои Карфаген ба ихтиёри Руми Қадим гузоштанд (146 то мелод).
Карфаген соли 44 то мелод бозсозӣ шуда, ба шаҳри пешрафтаи Империяҳо Руми Қадим табдил ёфт. Соли 439 аз ҷониби вандалҳо ишғол шуд ва чанд мудат пойтахти давлати онҳо буд. Карфаген дар натиҷаи тохтутози византияиҳо (533) ва арабҳо (697) комилан хароб шуд
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 582-583.
Муаллиф: Ф. Худойдодов.
Таҳияи Моҳрухсор Сархатова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.