Нигаронӣ аз беэътиноии масъулини нашрияҳо ба муқаррароти қонун

Ҷумахон-ФайзализодаДар солҳои соҳибистиқлолӣ барои эҳё ва рушди китобдорӣ тадбирҳои муассир андешида шуданд. Қабули қонун ва даҳҳо барномаҳои соҳавӣ, ки ба пешрафти кори китобхонаҳо ва тарғиби китоб равона карда шудааст, аз таваҷҷуҳи хосаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳаи муҳими маърифат дарак медиҳад. Бунёд ва мавриди истифода қарор додани бинои нави Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» бешубҳа аз дастовардҳои арзишманд маҳсуб меёбад. Ин қасри бошукӯҳ имрӯз ба маркази бузурги илму фарҳанг табдил ёфта, зеби Душанбеи ободу хуррам гардидааст. 4-уми сентябри соли 2007, ҳангоми суханронӣ дар гузоштани хишти аввали бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили «Рӯзи китоб»-ро эълон карданд, ки ҳар сол дар остонаи Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ қайд карда мешавад. Хабарнигори рӯзнома бо директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ», доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода ҳамсуҳбат шуд:

– Нақши китобхонаро дар ташаккули ҷомеа чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

– Китобхонаҳо дар ҷомеаи башарӣ ба сифати маркази маърифатафзо ва фарҳангпарвар эътироф шуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон торафт ба ин боргоҳи муқаддас меафзояд.

Дар набардҳои фарҳангӣ Китобхонаи миллӣ ба ҳайси бузургтарин махзани маърифатӣ корҳои муҳимро ба анҷом мерасонад. Нақши Китобхонаи миллӣ ҳамчун китобхонаи бонуфузи мамлакат дар он зоҳир мегардад, ки дорои тарҳи зебо ва имкониятҳои васеъ мебошад. Дар он 25 толори хониш бо 1500 ҷойи нишаст мавҷуд буда, ҳар рӯз ба ҳисоби миёна, ба беш аз 1500 хонанда хизмат расонида мешавад. Бинобар афзоиши теъдоди хонандагон моро зарур омад, ки толорҳои иловагӣ ташкил кунем. Толорҳои китобхона аз ҷиҳати рӯшноӣ, таъмини мизу курсиҳо, ҳавои муътадил дар фаслҳои гуногуни сол ва реҷаи фаъолият (аз соати 08:00 то 20:00) ба меъёрҳои байналмилалии соҳаи китобдорӣ ҷавобгӯ мебошад. Оид ба сифати хизматрасонӣ соле ду маротиба назарсанҷӣ гузаронида мешавад. Дар натиҷа собит гардид, ки дар муассиса сатҳи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон хуб ба роҳ монда шудааст.

– Донишҷӯёни замони шӯравӣ барои китобхонӣ навбат мепоиданд ва он то нимашаб аз хонанда пур буд. Имрӯз чӣ?

– Шароит ва имконияти китобхонаи собиқ аз бинои нави китобхона ба куллӣ фарқ дорад. Қаблан дар мавриди ташкили толорҳои иловагӣ дар китобхона ишора кардем. Агар китобхона хонанда намедошт, зарурати ташкили толорҳои иловагӣ пеш намеомад. Илова бар ин, дар шароити имрӯза аксарияти муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи касбӣ китобхонаҳои дорои адабиёти зарурӣ ва технологияи муосири иттилоотӣ мебошанд, ки ин омил низ ба раванди ташрифи хонандагон ба китобхона таъсири муайян мерасонад. Муҳимтар аз ҳама, ҳоло бисёр хонандагон китоб­ро аз сомонаи китобхона дастрас ва истифода менамоянд.

Дар қисми 5-и «Оинномаи Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» омадааст: «Китобхона ҳамчун объекти дорои арзиши махсуси мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигоҳдорандаи миллии ҳуҷҷатҳо ва бойгонии матбуоти миллӣ, маркази аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи илмӣ — таҳқиқотӣ, илмӣ — иттилоотӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои дарёфти иттилоот, истифодаи фондҳои китобхона ва даст­расии озодона ба комёбиҳои илмӣ ва фарҳангии ҷаҳонию миллӣ таъмин менамояд». Аз ин нуктаи назар метавон хулоса намуд, ки аҳли Китобхонаи миллӣ рисолати хешро дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро карда истодаанд.

Матни комили мусоҳиба ин ҷост:

НИГАРОНӢ АЗ БЕЭЪТИНОИИ МАСЪУЛИНИ НАШРИЯҲО БА МУҚАРРАРОТИ ҚОНУН