Нигору номаҳои мардумони Осиёи Вусто. Номаҳои Суғдӣ

Номаҳои СуғдӣМакони асосии  суғдиён аз адвори қадим водии Зарафшон ва водии Қашқадарё будааст. Дар айёми Ҳахоманишиҳо Суғд, Бохтар, Хоразм ва қисмате аз ҳудуди сакоиҳо тобеъи порсҳо буд.

Суғдиҳо ба Искандари Мақдунӣ муқобилияти сахт нишон доданд. Дар ин муқобилият Спитамен бо қаҳрамониҳою маҳорати лашкаркашиаш шўҳрат ёфт. Дар ин ҷанг сакоиҳо аз суғдиҳо ҷонибдорӣ намудаанд.

Баъди пароканда шудани империяи Искандари Мақдунӣ мулкҳои Осиёи Вусто, аз ҷумла Суғд дар тобеъ Селевлкиён буд. Ба оҳистагӣ аз Селевлкиён Юнону Бохтар ва Порт ҷудо шуданд. Дар замони Кушон ноҳияҳои Осиёи Вусто ба кушониён тобеъ будаанд. Дар аҳди Сомонӣ воҳаҳои Осиёи Вусто ба ин давлат ҳамроҳ буд. Дар миёни асри 7 онҳо Осиёи Вусторо аз даст медиҳанд.

Дар ибтидои асри 7 дар Суғди Самарқанд оли маҳаллие ҳукм меронд. Рафта –рафта ноҳияҳои суғднишин ҳукумронии Самарқандро эътироф мекунанд. Ҳукумати марказӣ ва ихшидҳои маҳаллӣ сиккаҳои худро мебаровардаанд. Роҷеъ ба ихшиди (малики) Самарқанд Варҳуман дар набиштаи суғдии Афросиёб маълумот ҳаст. Суғд аз ҷумла вилоятҳои он ба кишварҳои ҳамсоя робита доштанд. Ба ин кишварҳо сафир фиристода, сафирони онҳоро мепазируфтанд. Дар Афросиёб сурати омадани яке аз ҳамин гуна ҳайати сафорат мунъакис шудааст. Зери ин сурат пораи набиштае ҳаст бо ин мазмун: «Манам дапирпати (сардабири) Чағониён, номам Бўкарзод. Аз шоҳи Чағониён Тўронтош омадам, ба Самарқанд назди шоҳ, барои изҳори ҳурмат ва инак пеши ў уфтодаам бо эҳтиром...(67.-С335-336).

Дар Суғд кишоварзи рушд дошт. Мардум ба зироаткорию боғдорӣ ва чорводорӣ машғул буд. Осиёбҳои зиёд мавҷуд буд. Аз ангуру меваҷоти дигар шароб мекашидаанд. Мардуми кишвар боз бо ҳунармандию тиҷорат шуғл дошт. Тилло, мис, намак тавлид мегардид, устохонаҳои охангарӣ, заргарӣ, бофандагӣ, чармгарӣ ва ғайра хело зиёд буд.

Суғдиҳо мустамликадорӣ ҳам мекарданд. Яке аз самтҳои мустамликадории онҳо Ҳафтруд буд. Дар воқеъ, ҳафриёти минъбада дар водии Чу аз асрҳои 5-6 пайдо шудани осори мутараққии муқимиро собит кард. Дар кишварҳои бисёр дур ҳам мустамликадорӣ мекарданд. Ва мустамликаҳои онҳо қад-қади роҳҳои тиҷоратии Осиёи Вусто, дар ноҳияи дурдасти Чин ҷой дошт. Бозёфтҳои бостоншиносон аз таъсири пурфайзи суғдиён ба мардумони турку уйғур ва муғул шаҳодат медиҳад.

То истилои аъроб забони суғдӣ аз маъмултарин забонҳо Осиёи Вусто буд. Суғдиён нигори вижаи хешро доштанд. Забони суғдиён, яке аз лаҳҷаҳои он аз ҷониби яғнобиҳои имрўз ҳам истифода мешаванд.

Қабл аз пазируфта шудани забони форсӣ забон ва нигори суғдӣ дар тамоми Суғд масраф мешуд. Бостоншиносон дар Панҷакент, Варахша, Шаҳристон, Афросиёб набиштаҳои зиёди суғдиро пайдо карданд. Ин набиштаҳо рўи сафол, девору сикка ва ашёҳои дигар сабт шудаанд. Асноди аз қалъаи Муғ ёфтшуда барои омўзиши таърихи Суғд, забону адабиёти суғдиён нақши муҳим бозид.

Нигори суғдӣ нигорест, ки дар асоси хати порсии оромӣ (ҳазораи 1-то миллод) дар Суғдӣ Қадим ихтироъ шуда 23 аломатро дар бар мегирифт. Тибқи гузориши Иоганнес Фридрих сатри нигори суғдӣ аз рост ба чап самт мегирад ва ин хат аз кадом як қолаби қадимии нигори оромӣ ибтидо дошту мустақиман инкишоф меёфт,(57-С-167).

Нахустин осори ин нигор ба асри 1 то милод мансуб аст. Дертар дар асри 6 «нигори сутра»-хати шикастаи номукаммали суғдӣ ташаккул ёфт ва он то асри 10 маълум буд. Ба ин нигор осори дини буддоӣ сабт шудааст. Дар асри 8 нигори шикастаи мукаммал ба вуҷуд омад ва ба он асноди дар кўҳи Муғ, Афросиёб ёфтшуда нигошта шудаанд (61-С617-618).

Суғдиён аз қадимулайём халқе буданд маъруф. Шукуфонии фарҳанги онҳо ба қуруни вусто мувофиқ меояд. Дар асрҳои 6-8 милодӣ онҳо дар тиҷорат дар байни Чину Урупо, байни қавмҳои шикории Шимоли Урол ва шоҳаншоҳии Эрону императории Рум нақши миёҷиро бозидаанд. Афсўс, ки тумору номаҳои маҳз сўғдӣ то ба замони мо ҳифз нашудааст.  Бо вуҷуди ин асноди пайдошуда аз хеле доро будани адабиёти суғдӣ шаҳодат медиҳад, А. Хромов ба теъдоди осори маълуму машҳури нигори суғдӣ сиккаҳои асри 1-и милод, порчаи афсона дар бораи Рустам асари буддоии «Весаятрачатка» ва бозёфтҳои солҳои охирро мансуб медонад.(61-С-617-618).

Яке аз бозёфтҳои муфид «Номаҳои кўҳани суғдӣ» унвон дорад. Ин аснодро дар Дунхуан (Туркистони Шарқӣ) ёфтанд. Дар ибтидо, баъди пайдо шудани «Номаҳои кўҳани суғдӣ» олимон онро марбут ба солҳои-312-313 то милод шуморидаанд. Аммо олими маҷорӣ И.Харматта номаҳоро ба солҳои 196-197 милодӣ муталлиқ медонад. Аснод чандон хуб ҳифз нашудааст ва хонданаш душвориҳои зиёд дошт. Ба ин ҳама «Номаҳои кўҳани суғдӣ» ба донишмандон роҷеъ ба сохтори иҷтимоии ҷомеаи суғдиён маълумоти нав дод дар бораи озодагон, ҳуқуқ, роҷеъ ба вазъи занон дар ҷомеа фаъолияти хоҷагидорӣ ва ғайра.(21-С-261).

Дар байни дастнависҳои то ба замони мо расидаи баъзе мардумони Осиёи Вусто ки дар  мақолаи М.И.Воробёва-Десятовская номбар мешаванд, ишораҳои ба бозёфтҳои суғдӣ низ ҳаст (7.-С313-357). Ин бозёфтҳо аз хеле зиёд будани муҳоҷирони суғдӣ дар Хутан гўвоҳӣ медиҳад. Замоне дар Хутан  суғдиҳо ватан доштанд. Тибқи гузориши ин падидовар мардуми таҳҷоӣ низ аз нигори суғдӣ истифода мекардаанд. Ва он дастнависи дар ин ҷо пайдошудаи суғдию монавӣ ба ин мардум мансубият дорад. Дар байни дастнависҳои суғдӣ матуни буддоӣ низ ҳаст. Алъон ин бозёфтҳо дар Институти шарқшиносии Академияи Русия нигоҳдорӣ мешавад.

Дар манобеъи дигар ривоят дар бораи Сиёвуш, порчаҳо ва «Калила ва Димна» номбар шудаанд. Мувофиқи гузориши бостоншиносон Б.Маршак ва В.Распопова ба забони суғдӣ номае аз адабиёти монавия тарҷума шуда будааст. Порчаи матне, ки онҳо дар мақолаашон меоранд бисёр ҷолиб аст. «Агар инсон ғайрат намояду баъди ранҷи зиёд пасандозе ҷамъоварӣ карда доро шавад, вай қабл аз ҳама хонаи хубе месозаду хонаводаи бузургеро ба вуҷуд меорад.(31,-С138-145).

Аз китоби Раҳимҷони Шарифзода “Таърихи номаҳои Аҷам”, нашри дуюм, чопи соли 2010.

Таҳияи Ойҷонгул Давронова, сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.

(Давом дорад)