Нишасти хотирмон бо ширкати адиби маъруф
Дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рўдакӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рўдакӣ маҳфили эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо баргузор шуд. Онро бо суханони муқаддимавӣ раиси ноҳияи Абдуғаффор Ҳикматуллозода оғоз намуд. Дар нишаст директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода ширкат намуд.
Дар маҳфил доир ба эҷодиёти адиб ва мероси адабии ў сухан намуданд. Дар идома Кароматуллоҳи Мирзо хотираҳои худро ба аҳли нишаст қисса намуд.
Сипас, аз рўи асари «Марги бегуноҳ”-и ӯ хонандагони мактаби миёнаи 179-и ноҳия саҳнача иҷро намуданд, ки дар сатҳи баланди касбӣ буд. Порчаҳо аз рўи асарҳои адиб низ аз ҷониби хонандагони мактаби мазкур қироат гардид.
Ширкати фаъолонаи хонандагон ва иҷрои рақсу сурудҳо маҳфилро рангину ҷолиб гардонданд.
Кароматуллоҳи Мирзо 25 апрели соли 1942 дар деҳаи Нилкони ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) дар хонадони мударрис Мирзои Мирҳай ба дунё омад.
Китоби аввалинаш – қиссаи «Ситораи умед» соли 1980 дар нашриёти «Ирфон» ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи ҳикоя, очерк ва қиссаҳояш «Маоши аввал» (1982), «Шабе дар Кабудҷар» (1984), «Дарди ишқ» (1986), «Суруди муҳаббат» (1988), «Дар орзуи падар» (1989), «Нишони зиндагӣ» (1993), «Ситораҳои паси абр» (2005), «Ҷилои ситораҳо» (2012), романҳои «Дар орзуи падар» (иборат аз се қисмат, 2010), «Марги бегуноҳ» (2012), «Ду ҳикоя» 2013), «Деҳаро хоб мебинам» (2014) паси ҳам рӯи чоп омада, мақоми ӯро дар адабиёти тоҷик шоиста гардонидаанд.
ВА БОЗ ДАР БОРАИ АДИБИ НОМВАР:
- Кароматуллоҳи Мирзо: Ҷони мову шумо китоб аст!
- КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО: Нависанда бояд рӯзгордидаву пуртаҷруба бошад
- Кароматуллоҳи Мирзо ба хонандагони наврас чӣ гуфт?
Раҳима АЪЗАМ,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.