Номаҳои  бадеӣ

ЗарирҲамчуноне маълум, аввал эҷодиёти шифоҳӣ буд ва он садҳо сол ба танҳоӣ фаъолият  мекард. Ҳунари сухангустарӣ ягона воситае буд, ки мардум ишқ, ғаму андўҳ ва корнамоиҳои худро ба он ифода мекард. Пайдо шудани эҷоди адабӣ вақте имконпазир гардид, ки инсон дигар барои хеш нигори мувофиқ офарида буд. Ана ҳамин нигор раванди ба сабт гузаштанро фароҳам овард. Ба оҳистагӣ имкони сабт ва барои ояндагон нигоҳ доштани осори бадеӣ як кори одӣ шуд ва он ба  пайдоиши адабиёти хаттӣ мусоидат кард.

Инсон нахуст матни хешро ба рўи гилу санг нигошт. Ба ақидаи олимон маҳз нахустнома дар Чин ба миён омад ва он аз тахтаҳои дарахтӣ кизаронӣ (бамбукӣ) таҳия мегардид. Он нома хеле сангину барои истифода созгор набуд ва одатан як нусха таҳия мегардид.

Дар Эрони Қадим сабти ёдгориҳо дар айёми Мод оғоз гардид. Ҳахоманишиҳо ба масоили сабт таваҷҷўҳи бештар зоҳир намуданд. Дар он давр матн рўи шахфилизот, гирдаҳои сафолӣ ва пўсту  киртос сабт мегардид. Ҳамчуноне мебинед, имкони истифодаи мавод дар ҳамон замон низ бисёр паҳно буд ва ин омил ба рушди номаҳои мухталиф шароит фароҳам овард. Кӣ медонад, шояд маҳз дар ҳамон замон аввалин асари адибии шифоҳии ниёгони мо рўи гирдаҳои сафолӣ ё картос сабт шуда буд. Аммо алъон далеле дар ин бора дар ихтиёр нест.

Оид ба баъзе номаҳои порсии айёми Селевкиён ва Порт иттилоъ ҳаст. Масалан, роҷеъ ба «Севелҳои порсӣ», «Аёдгари Зарерон», «Зариадр ва Одатада» иттилоъи  мухтасар  пайдо кардан мумкин аст. Пас, эрониён дар тўли ҳукумрони Аршакиҳо бо сабти осори бадеии хеш шуруъ карда буданд? Дар натиҷагирӣ шитоб намекунем. Аммо шартан, бо чунин тахмин розӣ шудан лозим меояд. Бояд гуфт, ки тарзу услубҳои бадеӣ нахуст андаруни номаҳои дунявию мазҳабӣ масраф мешуд.

Хитобаҳо масалан, аз аввалин осоре буданд, ки бо бадеияти бештар фарқ мекарданд. Зиёда аз ин, китобҳо ҳанўз дар замони Ҳахоманишиҳо бисёр нигошта мешуданд ва албатта сабти онҳо ҳам вуҷуд дошт.

Дар осори дунявию мазҳабӣ бадеият ҳини ифодаи нақши шоҳон, корнамоии онҳо истифода мегардид. Яке аз симоҳои ҷолиб, симои Заргуштия аст, ки он дар Авасто ва номаҳои дигари ба заргуштия марбута инъикос ёфтааст.

Пас, раванди бадеигардонии осори гуногуни адвори қадим изҳори ҳастӣ карда буд, то ба анҷом посухгўи усули бадеӣ бошад, дертар, шояд дар айёми Аршакиҳо сурат гирифта бошад. Албатта сухан аз сабти онҳо меравад. Яке аз сабабҳои ба бадеият рў овардани аҷамиён дар ин замон то  андозае маълум аст.

Давлати Порт, ба вижа дар ибтидо зери фишори қавии фарҳангу забони юнонӣ қарор дошт. Ба мурури замон Аршакиҳо ба фарҳангу забони хеш бештар таваҷҷўҳ зоҳир намуданд. Забони паҳлавӣ ба оҳистагӣ ҷон гирифт ва имкони ба ин забон падид овардани осор сол ба сол афзуд. Ва баъди муддатзамоне падидиоварони эронӣ дар нигориши номаҳо таҷрибаи кофӣ пайдо карданд ва ба ороиши бадеии ин осор пардохтанд. Албатта, ин кўшишҳои нахуст ҳоло аҳмияти озмоишӣ  доштанд. Осори хубтару бештари бадеӣ баъди пирўз шудани Сомониҳо ба миён омаданд.

Дар айёми сосонӣ забони паҳлавӣ дигар пурра ва дар ҳама ҷо мақоми давлатӣ гирифт. Шароити дигар низ барои падидоварони эронӣ муҳайё  шуда буд.

В.Г.Луконин ин падидаи бисёр муҳимро бо зиддияти байни адабиёти расмӣ ва адабиёти мухолифин, ки дар он замон ҷой дошт, вобаста медонад. Агар ў зиндагиномаҳои ба шоҳон ихтисосшударо дар назар дошта бошад, ин ақидаш дуруст аст. Дар воқеъ, ҳамчунине ба  вай  таъкид мекунад, аввал «Набиштаҳои давлатӣ» ва достонҳои чун «Ростсухан» офарида шуданду сипас ба ҳайси посухгузорӣ ҳамон осори «зидди достонҳо» эҷод шуда буданд. «Ба ҳар  ҳол-менигорад  ў-дар асри V мухолифини Сосониҳо чунин осор  доштанд ва он ҷо Арташер ва аз авлоди каёниҳо, балки ҳамчун фарзанди як сарбоз муаррифӣ мешуд. Бо номи Сосон».

Дар айёми Сосониҳо ба баргардони достонҳои таърихии портӣ низ таваҷҷўҳ мекарданд. Чунончи, «Дарахти асурик уд-буз», «Аёдгари Зареран» ба порсии миёна таҳриру такмил шуданд. Тибқи маълумоти донишмандон дар асри VI достонҳои тозаи афсонамонанд эҷод мешаванд. Ин достонҳо ба яке аз шоҳаншоҳон марбут буда, ҷангҳои барои Эрон пирўзмандона анҷом додани онҳоро  инъикос мекарданд. Чунончи, яке аз онҳо ба шоҳаншоҳ Вараҳрани 5 (Баҳроми гўр) доир аст, ки  бо туркон меҷангид. Достоне  ҳам будааст аз рўзгори Чўбина. Дертар марбут ба Хусрави 2 асаре бо номи «Парвизнома” эҷод мешавад, ки  он ҳикояҳои ишқиро низ муштамил буд.

 

Аз китоби Раҳимҷони Шарофзода “Таърихи номаҳои Аҷам”, нашри дуюм, чопи соли 2010.

Таҳияи Ойҷонгул Давронова
сармутахассиси шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ