Номаҳои бадеӣ. “Ҳазор  афсона”

Ҳазор  афсона«Ҳазор афсона» ҳам дар аҳди Сомониҳо таҳия шуда буд. Ва он қисаву ҳикоёти зиёди дилпазирро фаро мегирифт. Ибни Надим дар «Ал-Феҳрист»-и худ роҷеъ ба ин асар набиштае дорад ба ин мазмун: «Форсиён таснифкунандагони аввалин афсона буда ва онро ба сурати китоб дароварда ва дар хазинаҳои худ нигоҳдорӣ менамуданд. Ва инро аз забони ҳайвонот нақл ва ҳикоят менамуданд. Ва пеш аз он подшоҳони Ашконӣ, ки дуюмин сулолаи подшоҳони иронианд онро ба сурати иғроқомез дароварда ва подшоҳони сосонӣ низ чизҳо бар он афзуда ва тозиён онро ба забони худ гардонида ва бо беҳтарин шакле ба риштаи таҳрир даровардаанд.

Ҳамин тавр «Ҳазор афсона» ҳанўз пеш аз омадани аъроб ба забони порсии миёна фароҳам омада буд. Он танҳо дар асри XIX ба забони арабӣ тарҷума гардид ва бо баъзе иловаҳо номи «Ҳазору як шаб»-ро гирифту саросари ҷаҳон шўҳрат ёфт.

Бахтиёрнома

«Бахтиёрнома» асари дигарест, ки ба забони паҳлавӣ офарида шуда буд. Ин асар шомили саргузашти Бахтиёру ҳаводисе аст, ки бар ў мегузарад.

«Бахтиёрнома» ба усули ҳикоёт таълиф шуда, панду насиҳатҳоро низ фаро мегирад. Мувофиқи маълумоти «Фарҳанги адабиёти форсӣ» «Бахтиёрнома» аз забони паҳлавӣ ба арабӣ тарҷума шуда, чанд бор аз арабӣ ба форсӣ баргардонида мешавад. Маъруфтарин таҳрири он ба Дақоиқи Марвазӣ (асри 2) мансуб аст.

Аз китоби Раҳимҷони Шарофзода “Таърихи номаҳои Аҷам”, нашри дуюм, чопи соли 2010.

Таҳияи Ойҷонгул Давронова
сармутахассиси шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ