Номаҳои бадеӣ. “Калила ва Димна”
«Калила ва Димна» дар замони сосонӣ тарҷума шуда, то ба замони мо расидааст. Ин номаи ҳиндӣ дар замони Анўшервони Сосонӣ ба кўшиши Барзуйи табиб аз Ҳиндустон ба Эрон оварда шуд ва аз забони сенскрит ба порсии миёна тарҷума шуд. Ин раванд дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ инъикос ёфтааст. Дертар «Калила ва Димна»-ро Абдулло бинни Муқаффаъ ба арабӣ нақл намуд.
«Калила ва Димна» намунаест аз фасоҳат ва балоғат. Таркибу ҳусни он борҳо мавриди таваҷҷўҳ қарор гирифтааст. Ва осори тақлидие ба мисли «Анвори Суҳайлӣ»-и Ҳусейн Воизи Кошифӣ ва “Иёри дониш» эҷод шудаанд.
Андарзномаҳо
Адабиёти мо ҳамеша аз андарз ғанӣ буд. Андарз дар адабиёти хатӣ беш аз 2500 сол вуҷуд дорад. Дар Эрони сосонӣ ҳам андарз воситаи асосии тарбияву таълим буд. Онҳоеро ки андарз мегуфтанд, «андарзбуд» меномиданд.
Андарзнома маҷмўаест, ки дар он андарзҳо суханони панду ҳикматомез гуфтори ибратомўз фароҳам оварда шуданд. Дар номаҳо гирд овардани андарзҳо аз замони Авасто шурўъ шуда буд. Ҳамон госаҳои (готҳои) Авасто андарзҳои хуби даври бостон буданд.
Дар аҳди Сомониён ба забони паҳлавӣ андарзҳои зиёде набишта шудаанд. Ибни Надим, падидовари «Ал-Феҳрист» андарзҳоро бо номи шоҳон алоқаманд медонанд. Андарзнигорӣ дар айёми сосонӣ гўё аз Ардашер шуруъ шудааст. Ховаршинос Эдуард Браун ба «Шоҳнома» таъсир доштани андарзҳои шоҳони гузаштаро таъкид мекунад.
Дар воқеъ, дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ андарзҳои зиёд аст. «Андарз кардани Сиёвуш Фарангисро», «Андарз кардани Зол Кайхусравро» ва имсоли инҳо. Андарз дар адабиёти форсу тоҷик бисёр зиёд буда, мазмуни аксари онҳо аз андарзҳои қадими иқтибос шудаанд. Андарзҳои айёми сосонӣ бахусус ба адабиёти араб таъсири калоне дошт. Ҳамчуноне, Муҳаммад Кайвонпур дар муқаддимаи «Андарзи Хусрави Қубодон меоварад». Агар андарзҳои паҳлавиро ки имрўзҳо дар даст дорем, муқоиса кунед, хоҳем дид, ки бисёре аз онҳо дар адабиёти форсӣ ва тозӣ ҳам ёд шуд, аммо ба номҳои дигар гуфта шудаанд.
Машҳуртарин андарзномаҳои паҳлавӣ инҳоянд: «Андарзи Озарбади Маҳраспандон», «Андарзи Озарбади Зардуштон», «Андарзи Ушнари Доно», «Андарзи Бахтофарид», «Андарзи Бузургмеҳр», «Андарзи Ҷамшед», «Андарзи Хусрави Қубодон» ва амсоли инҳоянд, ки теъдодашон хеле зиёд аст.
Аз китоби Раҳимҷони Шарофзода “Таърихи номаҳои Аҷам”, нашри дуюм, чопи соли 2010.
Таҳияи Ойҷонгул Давронова
сармутахассиси шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ