Номаҳои бадеӣ. “Вис ва Ромин”. “Синдбоднома”

Вис ва РоминИн достони қадимии порсӣ аст, ки онҳо мансуб ба давраи Порт, яъне Аршакиҳо медонанд. Дар тамоми адвор миёни эрониён шўҳрати бисёр зиёд дошт. Дар баъзе аз навоиҳои Эрон матни паҳлавии он вуҷуд дошта ва Абўнавас (солҳои 762-813), ки аз пайравони шуубия буд, аз ин достон дар ашъори худ  ном бурдааст.

Роҷеъ ба таҳрири он дар замони сосонӣ маълумоти дақиқ нест. Аммо дар баъзе маъхазҳо ба шахсони таърихӣ будани қаҳрамонони  асар ва ба давраи ҷараёни воқеан дар асар ифода шуда ишораҳо ҳаст. Масалан, дар «Маҷмал-ут-тавроиҳ» омадааст, ки: «Андар аҳди Шопури Ардашер» қиссаи «Вис ва Ромин» будааст ба Мўбад бародари  Ромин соҳибтарафе буд аз дасти Шопур ба Марв нишастӣ ва Хуросону Моҳон ба фармони ў буд»).

Фахриддин Асъадии Гургонӣ (асри 11) дар асоси мазмуни паҳлавии «Вис ва Ромин» достони хеш меофарад. Соли таълифи достони Гургони ҳам маълум нест. Аммо ҳамчуноне, З. Хонларӣ таъкид мекунад, сабқи низоми достон ҷолиб буда, он ороиши лафзу ташбеҳи зиёде дорад ва содаю равон ҳам ҳаст.

Синдбоднома

«Синдбоднома» яке аз шоҳасарҳои адабиёти паҳлавӣ буда, дар гузашта бо номҳои мухталиф машҳур буд. Ва эҷоди ин асар ба замони сосонӣ мансуб аст. Тибқи гузориши Ибни Надим дар «Ал-Феҳрист” ду виростории «Синдбоднома» вуҷуд доштааст. «Синдбодномаи Кабир» ва «Синдбодномаи  сағир».

Суоли асосии то ба имрўз ҳалнашудаи ба ин нома марбута  аслӣ ё, тарҷума будани ин асар аст. Оид ба ин масъала чи дар Шарқ ва чи дар Ғарб афкори ягона нест. Баъзеҳо онро аз эҷоди маҳз эрониён медонанд, иддаи дигар онро тарҷума аз ҳиндӣ мешуморанд. Ҳақ бар ҷониби онҳоест ва ин асарро моли эрониён меҳисобанд. Аммо собит намудани ин фикр тадқиқоти вижаро  тақозо мекунад.

«Синдбоднома» дар асри VII ба вуҷуд омад. «Синдбоднома» аз ҷумла он асарҳои насри бадеист, ки солим то ба замони  расида ва ба хонандагони наслҳои гуногун хидмат кардааст.

«Синдбоднома» дар соли 950 аз ҷониби Абдулфавориси  Фанорўзӣ аз паҳлавӣ ба форсӣ баргардонида шуд. Ин тарҷума то ба ҳол дастраси олимон нашудааст. Аммо виросториҳои он зиёд буда, яке аз онҳо ба қалами насрнавис Ҳасани Заҳирии Самарқандӣ мансуб аст, ки виростории он соли 1161 анҷом ёфта буд.

Заҳирӣ дар пешгуфтори «Синдбоднома»-аш  оид ба номаи куҳан чунин иттилоъ меоварад. «Ин китобест мулаққаб ба «Синдбод» фароҳам овардаи  ҳукамои Аҷам».

Бо ҳуруфи кунунии тоҷикӣ асари Заҳирии Самарқандӣ соли 1971 бо унвони «Китоби ҳаким Синдбод» ба табъ расида буд.

«Синдбоднома»-и Заҳирӣ 33 ҳикояҳои дохилиро фаро мегирад, ки онҳо аз ҷиҳати сохт ба масал, ҳикояҳои маишӣ ва ба афсона монанд ҳастанд. Заҳирӣ матни асарро бо намудҳои санъати бадеӣ ороиш додааст ва барои ин мақсад аз ашъори шоирону форсу тоҷик ва араб фаровон истифода мекунад.

Аз китоби Раҳимҷони Шарофзода “Таърихи номаҳои Аҷам”, нашри дуюм, чопи соли 2010.

Таҳияи Ойҷонгул Давронова
сармутахассиси шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ