Номаҳои ҳунарӣ
Ҳамчуноне таъйид шуд, яке аз осори тасвирие, ки аз адвори қадим маълум буду дар айёми сосонӣ идома ёфт, нақшҳоянд. Нақшҳои замони сосонӣ ба мисли нақшҳои ҳахоманишӣ ба тамоми тобеъони шоҳаншоҳон, барои тамоми бегонагон “барои тамоми ҷаҳон”таъйин шуда буд
Нақшҳо таъйини мушаҳхас доштанд. Онҳо ба ҳар як бинанда дар бораи корнамоиҳои шоҳ, мардию пирўзиҳои ў ва бузургию шўҳрати ў иттилоъ медиҳанд. Набиштаҳое, ки баъзан бо нақшҳо ҳамроҳӣ мекунанд, аз пирўзиҳои ба даст овардаи шоҳ, аз душманону бадрақаи онон маълумот медиҳанд. Модом, ки чунин бошад, аз мазмуни он нақшҳо одамони босаводу бесаводи ҳамон айём огоҳӣ ёфта метавонистанд.
Дар ҳунари айёми сосонӣ якатасвир мақоми махсус дошт. Онро ба шоҳону ашрофон ихтисос медоданд. Якатасвир дар нақшҳои сангинӣ қасру оромгоҳ рўи ҳар гуна мўҳри он айём ва ба вижа рўи сиккаҳо инъикос мешуд. Якатасвири шоҳаншоҳон авлавият дошт. Якатасвирии онҳо ҳар куҷое бошанд, ҳам аз рўи мазмун ва ҳам аз рўи теъдод фарқ мекард. Онҳоро дар ҳама ҷо аз ҷумла рўи устувона, рўи сиккаҳои тиллоию симӣ ва мисӣ инъикос менамуданд. Ва намунаҳои онҳо, ба хусус сиккаҳои то ба замони мо расидаанд.
Дар сикказании пул қоидаҳои пазируфташудае вуҷуд дошт. Тибқи ин қоидаҳо шоҳони тобеъ рў ба чап нигошта мешуданд. Онҳо мусақил набошанд ҳам соҳиби зарробхона буданд. Шоҳони мустақил (шоҳаншоҳон) дар шакли рост ва ё нимтамоил инъикос мешуданд. Ҳарду тарафи сиккаҳои сосонӣ шомили тасвиранд. Дар тарафи рў якатасвири то миёни шоҳаншоҳон ва ё шоҳаншоҳ ба ворисаш (баъзан шоҳаншоҳ, малика ва вориси тахт) инъикос мегарданд.
Дар тарафи қафои сиккаҳо аз замони шоҳаншоҳии Шопури 1 то ба асри V оташдон (меҳроби оташ) тасвир шудааст, сутун ба пояаш, дудбаро дар шакли якчанд тахтасангҳои рост ва забонаҳои оташ рўи он дудбаро. Дар атрофи оташдон пайкараҳои шоҳаншоҳон ва худоёни гуногун (Аҳури Маздо, Митра, Аноҳито) тасвир меёбанд.
Баъзан дар сиккаҳо рўйдодҳои муҳими он замон инъикос мегардид. Чунончи дар маъбади тоҷгузорӣ ё бо ибораи он айём дар «гуоришгаҳи худо»-и зардуштӣ ба ҳокимият роҳ ёфтани шоҳаншоҳон ифода меёбад. Тибқи маълумоти В.Г.Луконин, боқимондаҳои маъбади дар Бишопур пайдогардида ин гузоришгаҳи худоён сохтмоне буд, ки аз оташдон ва дар ҳар паҳлўи он сутуне ҷойгир буд. Дар болои ин сутунҳо пайкараҳо қарор доштанд. Рўи яке аз онҳо пайкараи Шопури 1 ҷой дошт ва рўи сутуни дигар қарор доштани пайкараи Аҳура Маздоро тахмин мекунанд. Ҳамин тавр, сиккаҳо ҳамчун номаҳои роҷеъ ба масоили мухталифи давраи сосонӣ маълумоти саҳеҳ медиҳанд. Бо ёрии онҳо донишварон аз гуногунии тоҷҳо, рамзҳои худоён ва ғайра иттилоъ пайдо карданд ва ба масоили зиёди таърих рўшанӣ андохтанд. Онҳо аз фаҳмиши рамзу аломатҳо як дунё маводи нав ба даст овардаанд. Чунончи, акнун олимон тамоми сиккаҳоро ба ду гурўҳ ҷудо мекунанд. Ба гурўҳи аввал аломатҳое дохил мешаванд, ки аҳамияти рамзӣ доранд. Ин гуна аломат чаҳорто будааст: рамзи фарр, рамзи гўсола, ҳилол бо ситораи рўй он се нуқоте, ки ба аломати рамзии будоӣ монанд аст.
Ана ҳамин алойим аз кадом айём шурўъ шудани ин ё он рамзро нишон медиҳад. Масалан, “рамзи фирр», “рамзи гўсола» дар замони Ҳахоманишӣ ибтидо ёфта будаасу рамзи камар бо ситора ҳанўз дар замони Аршакиҳо. Дар айёми сосонӣ ин рамзҳо чиро муайян мекарданд? Алъон бо қатъият таъйид кардан душвор, вале мо метавонем бигўем, ки “рамзи фирр» дар асри III аломати шоҳаншоҳи Эрон буду «рамзи гўсола» аломати шаҳрдории Порс.
Аз китоби Раҳимҷони Шарифзода “Таърихи номаҳои Аҷам”, нашри дуюм, чопи соли 2010.
Таҳияи Ойҷонгул Давронова, сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.