Номаҳои мусиқӣ
Имрўз мусиқии замони сосониро мо тавассути Борбад мешиносем. Борбад яке аз асосгузорони мусиқии мардумони эронинажод аст. Борбад дар мусиқӣ тағйироти муҳим ворид карда, ба инкишофи он саҳми босазо гузошт. Яке аз офаридаҳои ў ба номи «Хусравониёт» машҳур аст. Саҳми ў дар эҷоду созу овоз низ кам набудааст.
Сурудҳои ў «Сараишник», «Ҳуванак сарвад», ки то ба дарбор омаданаш эҷод шуда буданд, некӣ, корнамоиҳои эрониёнро ситоиш мекарданд. Шўҳрати Борбад баъди ба дарбор омаданаш зиёд шуд. Ин ҷо вай бо устодони мусиқиизамон Саркаш, Бомшод, Ромтин, Фитна ва дигарон ҳамкорӣ намуда як силсила таронаву оҳангҳои мухталифро эҷод мекунад. Ба кўшиши ў сӣ лаҳни мусиқӣ ба миён меояд, ки ҳаёти мусиқии замони сосониро ғанию рангин намуд. Осори мусиқии Борбад ва муосирони ў ба шаклгирии мусиқии он давр замина фароҳам овард. Ва минбаъд ба мусиқии мардумони дигар, ба вижа ҳамсоягон таъсири пурфайз расонд. Имрўз 365 оҳангу таронаҳоро ба Борбад нисбат медиҳанд. Дар бораи ў навиштаҳои зиёд мавҷуд аст.
Эҷодиёти Борбад ин шўҳрати мусиқии эрониён асту обрўи Аҷам. Решаи ин мусиқӣ ба дуродур, ба сўи бостон меравад. Абунасри Фаробӣ ва мусиқишиносони аъроб навою таронаҳои Борбадро беҳуда «Аттариқот-ул-калимот» нагуфтаанд. Фаъолияти пурсамари Борбад ин нишонгари он аст, ки дар айёми сосонӣ садҳо навозандагону сарояндагон мусиқии Аҷамро инкишофу тавсия медоданд. Дар пойтахту шаҳрҳои обод дар музофоту дарбор дастаҳои созию овозӣ мавҷуд буд. Ва дар ин дастаҳо занон баробари мардон ҳунарнамоӣ мекарданд. Мувофиқи гузориши А. Раҷабов «Дар мусиқии миллии давраи тоисломии мардумони эронажод қолабу намудҳои мухталифи иҷро (масалан силсилаи жанрҳои Хусравониёт», «Локуӣ», «Уроманӣ», «Патвожа» ва ғ) мавҷуд буданд».
Ҳамин гуногунии иҷро боиси пажўҳиши он мусиқиҳо шуда, ки дар натиҷаи намунаҳо ва равияҳову усулҳои мусиқии тарақиёфтаи давраи сосонӣ ва баёни онҳо дар «Тараникнамак» ном маҷмўае ҷамъоварӣ мешавад. Имрўз пажўҳишгарони форсу тоҷик ба омўхтани мусиқии ин давр шурўъ намудаанд. Аввалин гомҳои онҳо хеле ғанӣ будани ин риштаи мардумони моро дар гузашта нишон медиҳад. Маълум мешавад, ки дар худи замони сосонӣ низ мусиқидонон будаанд ва онҳо аз ибтидои пажўҳиши мусиқии айёми хеш саҳми босазое гузоштаанд. Дар замони шоҳаншоҳии Хусрави Парвиз масалан, илова бар мусиқии созию овозӣ осори зиёди назарии ба мусиқӣ доирро нигошта будаанд. «Хусрави Қубодон» яке аз онҳост. Дар ин асар роҷеъ ба мусиқию суруд ва нақши навозандагону овозхонҳо иттилоот буд.
А. Раҷабов мавҷудияти маҷмўаеро ба номи «Траникнамак» таъйид намуда, аз таъсири мусиқии сосонӣ ба мусиқии аъробу мардумони дигар сухан меронад. Вай муаллифони «Китоб-ул-тоҷ» Ҷаҳиз (ваф. дар соли 884). «Китол-ул-нағма» Халил ибни Аҳмад (ваф .дар соли 797) ва дираронро мисол меорад, ки ба мусиқии замони сосонӣ, ба эҷодиёти Борбад, баҳои сазовор додаанд.
Аз китоби Раҳимҷони Шарифзода “Таърихи номаҳои Аҷам”, нашри дуюм, чопи соли 2010.
Таҳияи Ойҷонгул Давронова,
сармутахассиси шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.