Номи Саъдии бузургвор ва физикдони машҳури фаронсавӣ

Сади Карно Карно Николя Леонар Сади 1-уми июни соли 1796 дар Порис ба дунё омадааст. Физикдони фаронсавӣ, яке аз асосгузорони термодинамика. Бо номи Сади Карно машҳур шудааст (падараш инқилобчӣ, математик Лазар Карно ўро ба шарафи Саъдии Шерозӣ чунин ном гузоштааст).

Хатмкардаи Мактаби политехники Порис (1814)  ва Мактаби муҳандисии Метс (1816). Дар асари ягонааш «Мулоҳизаҳо оид ба қувваи ҳаракатдиҳандаи оташ ва мошинҳое, ки ин қувваро инкишоф дода метавонанд» (1824) масъалаи «аз гармӣ ҳосил кардани ҳаракат»-ро дар намуди умумӣ муоина кардааст, ки дар термодинамика асари асосӣ маҳсуб меёбад. Карно раванди даврии гази идеалиро таҳлил кард (Сикли Карно) ва аввалин шуда ба хулосае омад, ки кори муфид танҳо дар мавриди аз ҷисми гарм ба ҷинси нисбатан сард гузоштани ҳарорат иҷро мешавад.

Ў инчунин нишон дод, ки бузургии кори иҷрошуда ба фарқи ҳароратҳои гармкунак ва сардкунак вобаста буда, ба табиати моддаи дар мошини гармӣ истифодашаванда марбут нест.

Карно дар аввал назарияи гармизоро эътироф мекард, аммо аз асарҳои баъди фавташ нашршуда маълум шуд, ки ақидаи худро рад намуда, ба ҳам табдил ёфтани гармию кори механикиро эътироф кардааст. Карно эквиваленти механики гармиро тақрибан муайян ва қонуни бақои энергияро дар намуди умумӣ баён кард.

Қимати корҳои илмии Карно танҳо пас аз таҳқиқоти физики фаронсавӣ Б. Клайперон (1834), олими англис У. Томсон ва олими олмонӣ Р. Клаузиус маълум гардид. Онҳо ғояҳои Карноро инкишоф дода, ибтидои дуввуми термодинамикаро бавуҷуд оварданд.

Карно аз касалии вабо даргузаштааст, аз ин рў, тамоми молу мулк ва асарҳои ў сўзонда шудаанд. Соли 1970 Иттиҳоди байналмилалии астрономҳо ба ифтихори Карно танўраи тарафи чапи моҳро номгузорӣ кардааст.

Карно Николя Леонар Сади 24-уми августи соли 1832 дар Порис  вафот кардааст.

Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2020. – Ҷ.9. – С. 549.

Муаллиф: М. Хоҷабекова.

Таҳияи Шаҳноза Садирзода

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ