Номинатсияи назму наср. Умедвориҳои Афрӯза Эргашова

Афрӯза ЭргашоваДар вақти баромадам устод Рустам Ваҳҳобзода гуфтанд, ки ман эҳсос мекунам на бо як шоири навқалам, балки бо як шоири касбӣ суҳбат карда истодаам

Довталабон аз рӯи номинатсияи эҷодӣ  назму наср давоми се рӯз дар назди ҳакамон баромад карда, маҳорати шеърдонию шеършиносии худро нишон доданд. Дар ин номинатсия хонандагони синфҳои 8-11 дар бахши назм 30 нафар ва бахши наср 26 нафар ширкат намуда, баҳои сазовори ҳакамонро соҳиб гардиданд. Бояд гуфт, ки номинатсияи мазкур ба фарқ аз дигар наминатсияҳо донишу маҳорати бештар ва истеъдод фарқкунандаро талаб мекунад.

Мувофиқи низомнома довталабони ин номинатсия бояд дар шаклҳои гуногуни шеърӣ – ғазал, рубоӣ, дубайтӣ, қасидаву мухаммасс ва дигар наъҳои шеърӣ навиштаҳои худро пешкаши ҳакамон намоянд.

Мо бо яке аз иштирокчиёни фаъоли бахши назм Афрӯза Эргашова , суҳбате доштем.

Афрӯза хонандаи синфи 9 уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 и шаҳри Панҷакент аст. Ӯ дар номинатсияи эҷоди назму наср дар башхи назм иштирок мекунад. Ӯ ба озмун бо 1 достон, 20 ғазал, 20 рубоӣ, 10 дубайтӣ, 3 мухаммас, 2 мусаддас, 4 қасида, 5 шеърӣ сафед, 10 суруди ватандӯстона 2 тарҷеъбанд, 2 таркиббанд  ва ашъори гуногунро пешниҳод кардааст.

Ба сӯҳбати мо модари Афрӯза ки дар паҳлуи ӯ нишаста буд, ҳамроҳ шуда гуфт, ки Афрӯза кӯдак буд, вале ман аз оне ки ба хондан ва шеър гуфтан шавқи зиёд дошт эҳсос мекардам, ӯ истеъдод дорад. Духтарам ҳар кореро аз рӯи завқ ва бо ҳавас анҷом медиҳад. Танҳоиро дӯст медорад.Ҷойҳое, ки одам бисёр бошад, тамоман завқи рафтан надорад ва ман ӯро маҷбур намекунам. Мехоҳам духтарам ба ҳама орзуҳои некаш бирасад.

Аз иштирокаш дар даврҳои қабли ёд оварда, бо эҳсоси зиёд нақл кард, ки ҳакамони озмун ҳамеша ӯро рӯҳбаланд мекарданд. “Устод Озарахш дар даври вилоятии озмун ба равонии шеъри ман баҳои баланд доданд” –мегӯяд Афрӯза.

Дар даври ҷамъбастӣ низ аз ҳакамон суханҳои хуб ва ангезадиҳанде шунидам мегӯяд ҳамсуҳбати мо.Устод Рустам Ваҳҳобзодаро устоди маънавии худ медонам ва пайваста шеърҳояшонро мутолиа мекунам. “Дар вақти баромадам устод Рустам Ваҳҳобзода гуфтанд, ки ман эҳсос мекунам на бо як шоираи навқалам, балки бо як шоири касбӣ суҳбат карда истодаам”,- бо ҳаяҷон нақл мекунад Афрӯза.

Афрӯза аз китобҳои хондааш бисёр ба маврид ёдовари карда гуфт, ки “Санъати сухан” – и Тӯрақул Зеҳниро борҳо мутолиа кардаам. Дар як бахши он муаллиф барои онҳое, ки ба шеър сару кор доранд, таъкид кардааст, ки чизеро ки менависед, аввал онро дар тасаввуратон бубинед , пеши назар биёваред ва тавре ба қалам диҳед, ки хонанда ҳам он манзараро пеши рӯ оварда тавонад. Ман ҳамеша кӯшиш мекунам чизе нависам,  хонандаро ба андеша водор кунад. Бе илҳом ва  аз сари иҷбор чизе эҷод кардан имкон надорад.

Афрӯза мегӯяд, бори аввал аст ба Китобхонаи миллӣ омадам. Инҷо бароям бисёр писанд омад. Ӯ ба рафҳои китоб ва толори барҳаво назар карда бо умедвории зиёд мегӯяд, ҳатман донишҷӯ шуда ҳар рӯз ба Китобхона меоям.

Мо низ ба ин боварем, ки  сафи онҳое, ки воқеан китобдӯстанд ва Китобхонаро азиз медонанд, зиёд мегардад ва озмунҳое ба монанди “Фурӯғ…” истеъдодҳое кашф мекунанд, ки ҷомеаро аз ояндаи рушан  башорат медиҳад.

Маврид ба зикр аст, ки даври ниҳоии озмуни  ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Китобхонаи миллӣ ҷараён дошта он то 21 юми ноябр идома мекунад, маросими ҷоизасупории ин озмун санаи 23 юми ноябр дар театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор хоҳад гашт.

Наргис НАЗАРЗОДА, бахши  матбуот ва робита бо ҷомеа