Қаҳрамони Тоҷикистонро шиносем. Шоҳбаҳор Шоҳхуморов. «Ҷавонии ҷовидон”. Бахши 16

Қаҳрамони Тоҷикистонро шиносем. Шоҳбаҳор Шоҳхуморов. «Ҷавонии ҷовидон”. Бахши 16
Чунон бояд тариқи зиндагонӣ,
Ки баъд аз мурдани худ зинда монӣ.
БОЗДИДИ ВОПАСИН
Аввалҳои моҳи ноябри соли 1936 Раиси КИМ Тоҷикистон Ш. Шоҳтемур аз Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон боздид ба амал оварда буд ва ин боздиди вопасини ў бо зодгоҳи азиз, хешу пайвандон, ёру дўстоншуд.
Дар бораи ташрифи Ш. Шоҳтемур ба Помир, истиқболгирию вохўриҳои ў шоҳиди воқеа, Муаллими Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафармамад Амдинов чунин ёдоварӣ менамояд:
“Тирамоҳи соли 1936 маро дар қатори якчанд рафиқони дигар ба кумитаи ҳизбии вилоят талаб карда, фаҳмонданд, ки Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Шоҳтемур бо роҳи Ўш ба вилоят меояд ва мо бояд вайро бо ҳамсафаронаш дар ноҳияи Мурғоб истиқбол гирем. Мо гурўҳи санъаткорони машҳури вилоят: Қурбоншо Ноёбшоев, Мамадёқуб Мамадюсуфов, Нусайрӣ Одинаев ва дигарҳоро ҳамроҳ гирифта, мошинсавор ба маркази ноҳияи Мурғоб расидем. Меҳмонони мўътабарро бо савту суруд пешвоз гирифтем. Дар марғзори лаби дарё митинги ботантанаи серодам баргузор шуд. Санъаткорони вилоят барои мардуми ҷамъомада консерти калон нишон доданд. Кормандони савдо, ки ҳамроҳи раиси ҷумҳурӣ бо мошинҳои пурборашон омада буданд, ба ҷамъомадагон молҳои гуногуни саноатӣ пешкаш карданд. Одамон барои эҳтиёҷоташон матоъ, пойафзол, чойнику пиёла ва дигар чизҳои зарурӣ харидорӣ карданд.
Баъди як рўз ҳамроҳи Ш. Шоҳтемур ба маркази вилоят – шаҳри Хоруғ бозгаштем. Дар ин ҷо маросими ботантанаи пешвозгирии Раиси ҷумҳурӣ баргузор шуд. Бо иштироки ў дар Майдонак – идгоҳи ҷамоати Поршинев намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии қишлоқ, намунаҳои техникаи заминкоркунӣ, ҳосили зироатҳо баргузор шуд. Ба фикрам, Майдонак ягон вақт чунин одами бисёрро надида буд. Аз тамоми ноҳияҳои вилоят одамон ба мулоқоти Сардори давлати Тоҷикистон омада буданд.
Шоҳтемур аз болои мошини боркаш, ки онро ба минбари муваққатӣ табдил дода буданд, баромад карда, ба пешравиҳои меҳнаткашон кўҳистони Бадахшон дар соҳаҳои кишоварзӣ, ҳунару санъат ва маориф баҳои баланд дод. Айни замон диққати ҳозирон, аз ҷумла роҳбарони вилоятро ба чунин нуқта нигаронд, ки бо дастовардҳо хотирҷамъ нашуда, имконияту воситаҳои дохилӣ баҳри ривоҷу равнақи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанги мардум пурсамар ба кор дароварда шаванд. Вай гуфт, ки бобоёну падарони мо дар бенавоӣ зиндаги мекарданд. Ҳоло бошад ҳамаи мо соҳиби тақдири худ ҳастем ва аз ин рўба ҳукумати бечорапарвари худсофдилона хизмат кунем. Вай ин суханонро бо як дилсўзии хосе мегуфт ва ҳозирон ўро бо камоли эҳтирому ифтихор гўш мекарданд.
Баъд аз он, ки Шоҳтемур суханашро ба поён расонд, якчанд нафар одамони мўътабари ҷамоати Поршинев: Меҳроб Беҳронов (он вақт раиси ҷамъияти матлубот буд), Алихон Насимов, Мирзобек Бодуров, Лутфалӣ Насиллобеков, Ҳокимбек Юсуфбеков аз номи мардуми Бадахшон барояш тўҳфаи хотиравӣ – чакмани сап – сафеди пашмин тақдимкунон ба китфонаш партофтанд. Ҳозирини майдон ўро бо гирифтани инъом бо чапакзанӣ табрик намуданд. Вай ба ҳозирон барои ҳурматашон изҳори миннатдорӣ карда, бо шўхӣ илова намуд: “Ана ман бори дигар шаҳмард шудам”. Дар ҳақиқат ҳам аз рўи урфу одати мардуми кўҳистон чунин чакмани сафедро дар рўзи тўи домодӣ ба шаҳмард мепўшонанд.
Дар поёни ҷамъомад як марди камбағалнамо, ки вайро халифа Ривандак мегуфтанд, пеши Шоҳтемур ба арз омад.
Шоҳтемур аз вай пурсид:
Ту чӣ арз дорӣ?
Маро бой карданд, – гуфт ў
Дигарон аз камбағалӣ меноланд, туро бой карданд, аз боиат шикоят мекунӣ? – бо шўхӣ дар ҷавоб пурсид Шоҳтемур.
Охир, ман дар бисотам чизе надорам, маро дар рўйихати бойҳо дароварда, аз магазини давлатӣ ба ман чизе намефурўшанд, – давом дод гапашро Ривандак.
Ту, ки камбағал ҳастӣ, ба чӣ сабаб туро ба рўйихати бойҳо дароварданд?- суол кард Шоҳтемур.
Барои он ки халқ маро халифа интихоб кард, – ҷавоб дод ў.
Хайр, худат айбдор. Агар халифагӣ ҳоло қадр медошт, на туро, балки Саидкозумро халифа интихоб мекарданд.
Ҳозирон, аз он ҷумла худи Ривандак ҳам бо завқ хандиданд. Баъд Шоҳтемур гуфт, ки чунин одамони камбағал ва аз он ҷумла шахсоне, ки аз овоздиҳӣ дар интихобот ноҳақ маҳкум карда шудаанд, бисёр ҳастанд. Ва албатта ин масъала ҳам дар мақомоти идоракунандаи вилоят ва ҳам ҷумҳурӣ дида мешавад ва ҳалли мусбати худро меёбад”.
Аз хотираҳои собиқадори ҷангу меҳнат Озиршоҳ Хусравов:
Тирамоҳи соли 1936, ҳангоми бори охирин ба Помир омадани Шириншоҳ Шоҳтемур ман бачаи 12-сола будам. Тантанаи пешвозгирӣ дар Поршинев ба иди калоне табдил ёфт, шодию хурсандии мардум, рақсу сурудхонии ҳофизон дар ёдам ҳаст.
Рўзе бибиам, ки хеши наздики (холабачаи) Шириншоҳ буд, маро ҳамроҳ гирифта ба саломи ў, ба деҳаи Тишор рафтанӣ будем. Аз хона баромада, назди ҳавлӣ бо худи ў дучор шудем.
Шириншоҳ одати писандидае дошт, ки ҳар бори ба Поршинев омадан ба дидори хешону наздикон, дўстони бачагӣ, мўйсафедони бомаърифат рафта, ҳолпурсӣ менамуд. Талабу дархости онҳоро дар роҳи пешбурди зиндагии мардум мешунид, баҳри иҷрои пешниҳодоти оқилона чораҷўӣ менамуд.
Ин маротиба низ ба дидорбинии бибиам омада буд. Ҳамроҳи ў бародараш Бобошоҳ, шахсони мўътабари деҳа Саидбек, Мамадназарбек, Шоҳмурод буданд. Шириншоҳ дар тан “формаи сталини”- кителу шими галифе, мўза дошт.
Баъди вохўрии самимӣ ҳамроҳи мо ба ҳавлӣ омад, дар боғи пеши хона рўи сабза нишастем. Аҳволпурсӣ, сўҳбати ў бо бибиам хеле гарму самимӣ буд. Дараки омаданашро шунида, калонсолони деҳа: Назаршоҳ, Ниёзмамад, Санакбар, Дўстмамад, Некқадам ва дигарон ҷамъ омаданд. Баъди фосилае боғ аз хурду калон, зану мард пур шуд.
Сўҳбат аз хусуси аҳволи мардуми деҳа, колхози навташкил тафсид. Ба колхоз “Ситораи сурх” ном ниҳода буданд, раисаш Ҳайдармамад буд. Ба он сокинони деҳаҳои Хоса, Тишор, Пашор, Ҷирўҷ дохил мешуданд. Қисме аз деҳқонони миёнаҳол аз даромадан ба колхоз ҳанўз худдорӣ мекарданд. Шириншоҳ дар бораи сиёсати давлатии коллективонии хоҷагии қишлоқ сухан ронда гуфт, ки давлат барои пешбурди колхозҳо бо тухмии хушсифат, техникаи заминкоркунӣ ёрӣ мерасонад. Ҳоло вақти он расидааст, ки ҳамаи деҳқонон ба хоҷагии коллективӣ муттаҳид шаванд. Якҷоя дар замин кор кунед, ҷўйборҳо бароварда, заминҳои нав ба кор андозед, дар ҷойҳои санглох дарахт шинонед, боғ бунёд кунед. Бо меҳнати ҳалоли якҷоя ҳосили заминро зиёд намудан, қашшоқиро аз байн бурдан осонтар мешавад. Ба сухани иғвогарон, ки мегўянд: “дар колхоз ҳама аз як дег хўрок мехўранду якҷо хоб мекунанд”, асло бовар накунед. Шумо дар зиндагии худ озод ҳастед, ба андозаи меҳнати худ аз колхоз музд мегиред.
Баъди як ҳафта дар майдони деҳаи Паҳшор иди калон барпо гардид. Намоиши техникаи кишоварзӣ ташкил шуд, колхозҳо аз ҳамаи гўшаҳои вилоят дастовардҳои беҳтарини худ: барзаговҳои калонҷусса, қутосҳо, гўсфандони дунбакалон, намунаҳои зироатҳои ғалладона, картошка, пиёзу карамро намоиш медоданд. Вақти шом “движок”-ро ба кор дароварданду майдон мисли рўз равшан шуд. Дар партави нури барқ ҷавонон рақс мекарданд, сарояндагон суруд мехонданд. Ошхонаву чойхона кор мекарданд.
Ман ҳамроҳи тағоиам Исломшоҳ ҳамон рўз бори аввал мазаи шири қиём (сгушёнка)-ро чашидем. Баъзеҳо моро мазаммат карда мегуфтанд, ки “инҳо шири хук мехўранд”. Тағоим дар ҷавоби онҳо бо тамасхур мегуфт: “Хар чӣ донад хўрдани қанду набот”. Ҷиянам, ба сафсатаи инҳо гўшнадеҳ. Ин шири бомазаи гов аст, ки ба он қанд омехтаанд.
Шириншоҳ аз болои минбар суханронӣ кард. Гуфт, ки деҳқонони кўҳистон бо меҳнати ҳалоли якҷояи худ метавонанд неъматҳои заминро афзун ва зиндагонии худро беҳтар созанд.
Ва дар ҳақиқат ҳам ҳамин тавр шуд. Дар зарфи 4-5 сол то саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар диёри мо қашшоқӣ ва бесаводии оммавӣ бартараф шуд.
Аз хотираҳои Муаллими Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳҷон Шоҳнаврўзов:
Соли 1936 ман раиси отряди пионерони нахустин мактаби ҳафтсолаи шаҳри Хоруғ будам. Сарвари мактабамон Ақризобек Алиназаров супориш дод, ки барои пешвозгирии Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, ки ба Хоруғ омадааст, пионеронро саф кашем. Вақте ки Шоҳтемур ҳамроҳи котиби якуми кумитаи ҳизбии вилоят Хуррам Боқиев, Раиси комиҷроияи вилоят Меҳриддин Амдинов, мудири шўъбаи маорифи вилоят Боғшоҳ Бандишоев ва дигарон кормандони масъул ба саҳни мактаб расиданд, пионерон онҳоро бо гулу гулдастаҳо истиқбол гирифтанд.
Шоҳтемур ба писарону духтаронои хушбахти сафкашида назар карда, чеҳрааш аз хурсандӣ шукуфт. Вай ба мо наздиктар омада гуфт, бо меҳрубони гуфт:
Бачаҳои азиз, пионерон! Шумо умеди мо, ояндаи мо, бинокорони ояндаи коммунизм ҳастед. Мо ҳокимияти шўравиро барқарор намудем. Шумо онро мустаҳкам кунед. Доимо бо баҳои хубу аъло хонед.
Директори мактаб меҳмононро бо вазъияти кори мактаб шинос кард ва изҳор намуд, ки ду сол пеш дар маркази вилоят ягона мактаби ҳафтсола ташкил шудааст, вале бино надорад.
Худи ҳамон рўз Ш. Шоҳтемур ба роҳбарони вилоят супориш дод, ки лоиҳаи бинои типии замонавии мактаби ҳафтсола ва нақшаи хароҷоти маблағии онро тайёр намуда, сохтмонашро сар кунанд, мардумро ба сохтмони он ҷалб намоянд, то ки дар мўҳлати ҳар чи кўтоҳтар он ба истифода дода шавад.
Лоиҳаи бинои мактабро хатмкардаи техникуми биносозии шаҳри Тошканд Бозича Қосимов ба зудӣ тартиб дод. Барои сохтмон ҷои мувофиқ ҷудо карда шуд. Дар маросими ботантанаи оғози сохтмони мактаб Ш. Шоҳтемур шахсан иштирок намуда, санги аввалро дар пойдевори он гузошт. Ба сохтмони мактаб устоҳои номдор аз ҳамаи деҳоти гирду атроф даъват шуданд. Дуредгарон бо сардории усто Муродалӣ Сафоев, деворгарон бо сардории усто Мирмамад Шермамадов, ки бо лақаби усто Мирак машҳур буд, баҳс – мабаҳс кор мекарданд. Сохтмони бинои зебои замонавии мактаб бо суръати ниҳоят тез пеш рафта, дар мўҳлати панҷ моҳ анҷом ёфт. Дар маросими ботантана ба истифода додани бинои мактаб ба он номи инқилобчии машҳур С.М. Киров дода шуд. Ин мактаби нахустини шаҳри Хоруғ баъдтар ба мактаби маълумоти миёна, манбаи асосии тайёркунии мутахассисони оянда барои тамоми кўҳистони Бадахшон мубаддал гардид.
***
Яке аз дўстони овони бачагии Шоҳтемур Миршоҳ Қишқорзода аз рўзҳои ба Помир омаданаш чунин ёдоварӣ намуд:
“Ман он вакт узви колхоз будам, дар деҳаи Ҷирўҷ хирман мекўфтем. Шахсе хабар овард, ки Шириншоҳ омадааст, Миршоҳро талаб дорад. Ман говҳои хирманкўбро ба ёрдамчиам супорида, бо ҳаяҷону изтироб ба хонаам расидам, якчанд дона себу нокро дар рўймоле баста, ба хонаи Шириншоҳ шитофтам.
Ҳангоме, ки аз пешгоҳи хона даромадам, Шириншоҳ маро дида, аз ҷояш хеста бағал кушод. Чун бародар, дўстони ҷонӣ ҳамдигарро оғўш кардем.
– Ин кас дўсти бачагии ман, гуфт ба меҳмоне, ки марди рус буд, – инро калон кардаму ҳамроҳи ў худам калон шудам. Ва ба ман рў гардонда гуфт:
Имрўз боз ту дар ихтиёри манӣ.
Баъди сўҳбат Шириншоҳ ҳамроҳи он меҳмони рус заминҳои колхозро аз назар гузаронда, ба деҳаи Пашор расиданд. Дар Майдонак Шириншоҳ дар ҷое, ки овони бачагӣ бозӣ мекардем, қарор гирифт. Дар ин ҷо акнун чойхонаи колхозӣ амал мекард. Дар гирду атроф мардуми зиёде ҷамъ омада буд. Шириншоҳ ҳамроҳи раиси комиҷроияи вилоят Меҳриддин Амдинов ва дигар кормандони Ҳукумати вилоят дар чойхона сўҳбат ороста, ташкили намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии қишлоқро ба миён гузошт.
Сипас Шириншоҳ ва он меҳмони рус дар нишастгоҳи ақиби мошин ҷой гирифтанду маро дар пеши ронанда нишонданд. Дар Хоруғ мошин дар пеши қальа истод. Шириншоҳ ба ман рухсатнома фармуд ва ҳамроҳи худ ба даруни ҳавлӣ даровард.
Баъди таом маро ҳамроҳаш ба мағоза бурд. Рўймолҳо, аз ҳар хел матоъҳо куртаворӣ барои ману ҳамсояҳо, кампирони деҳа алоҳида – алоҳида харид карда, дар як рўймоли калон баст ва ба ронандааш фармуд, ки маро то Майдонак бурда расонад. Ман ба деҳа баргашта, тўҳфаҳои фиристодаашро тақсим намудам. Ҳамин гуна инсони хоксору дўсти қадрдон буд Шириншоҳ”.
***
Ҳамзамони Ш. Шоҳтемур, марди бофарҳангу устои машҳури хонасоз Мусавиршоҳи Мусайёб аз он рўзҳо чунин ёдоварӣ мекард:
“Ман бо мақсади овардани об барои обёрии заминам ба Тишордара мерафтам, роҳам лаблаби ҷўйбори калон мегузашт. Вақте наздикии хонаи Бобошоҳ расидем, дидам, ки марди ношиносе баданашро то миён бараҳна карда, сари ҷўйбор дастрўй мешуст. Чун садои ба санг бархўрдани бели дастамро шунид, ба сўям рў гардонд ва ман Шириншоҳро шинохтам. Вай ҳам мара шинохт. Саросемавор бо сачоқ дасту рўйро хушк намуд, бародарона гарму ҷўшон вохўрӣ кардем. Ба нею нестонам нигоҳ накарда, аз дастам гирифта маро ба хонаи падариаш кашола кард. Дар он ҷо ҳамроҳи бародараш Бобошоҳ, Лутфалӣ Насиллобеков, корманди ҳизбӣ ҳузур дошт. Дар сари дастархон айёми бачагию наврасиро ёдоварӣ кардем. Шириншоҳ ба шароити зиндагии мардум, кори мактаб ва колхоз мароқи калон зоҳир менамуд.
Рўзи дигар гурўҳи одамони бонуфўзи деҳаи Хоса – Ҳоҷӣ Боқиршоҳ, Ҳоҷӣ Саидаҳмад, Сикандаршоҳ, Бандишоҳ, Маҳмадшоҳ, Шоҳмузаффар барои дидорбинию маслиҳат ба ҳузури Шириншоҳ ба Тишор рафтанд. Шириншоҳ омадагонро нағз мешинохт, гарму ҷўшон пазироӣ кард, меҳрубонона ҳолпурсӣ намуд, сипас мақсади омаданашонро пурсид. Гуфтанд, ки деҳа бе халифа мондааст, сарҳад маҳкам шуд, халифа дар он тарафи дарё монд. Вале расму оини аҷдодиро ба ҷо овардан зарур аст, бинобар ин халифаи навро таъин кардан лозим. Шириншоҳ дар ҷавоб гуфт, ки ин кор чандон душвор нест, ҳар кадоми шумоён одамони хондагӣ, бомаърифат, аз расму оини аҷдодӣ нағз бохабар, халифагӣ карда метавонед. Масалан, акаи Маҳмадшоҳ чаро халифа нашавад? – пурсид вай.
Ман ин вазифаро ба ўҳда гирифта наметавонам, чунки як андомам носолим аст (як чашмаш нобино буд) ва ин ба талаботи мартабаи халифагӣ баробар намеояд, – гуфт Мамадшоҳ. Боқиршоҳу Бандишоҳ “Мо тарёкӣ будем”, гуён аз мансаби халифагӣ сар печиданд. Дигарон ҳам баҳонае пеш оварданд. Зеро дар он замони муборизаи шадиди зиддидинӣ, фишори ҳамаҷонибаи мақомоти ҳизбию давлатӣ ба диндорон, ба гардани халифаҳо андохтани андози миёншикан на ҳар кас ҷуръати ба ўҳда гирифтани ин вазифаи душворро мекард.
Пас киро мехоҳед халифа таъин кунед? Дар Поршинев, бахусус Хоса аз дигар қишлоқҳо одам оварда, халифа таъин кардан хуб намешавад, охир Хоса аз қадим маркази дин ва илму маърифат буд.
Мо мехоҳем Алимадад халифа таъин шавад, – гуфт Ҳоҷӣ Саидаҳмад.
Алимадад кист? Чунин номро дар Хоса бори аввал мешунавам, – бо таҳайюр гуфт Шириншоҳ.
Писари хурдии Ҳидоятшоҳ.
Эҳа, саркории пир Саидкомрон, – ба хотир овард Шириншоҳ, – Қатраро дар назар доред?
Шириншоҳ овони наврасиро ба хотир оварда, нақл кард, ки чӣ тавр ҳамроҳи Қатра бозӣ мекарданд, молу гов мечаронданд, аз кўҳу пушта ҳезум меоварданд. Падараш ўро ба пир Саидкомрон чун саркорӣ супурд ва ў дар хизмати пир буд. Баъд лаҳзае ба андеша рафту гуфт:
Акнун фаҳмидам, ки шумо чаро халифа шуданро намехоҳед. Метарсед, ки мабодо ҳукумат шуморо таъқиб накунад, аз хонаю коса, аз замини худ маҳрум нашавед. Қатра – Алимадад бошад на хона дораду на косаю на замину на чорво. Вайро барои нигоҳдорию иҷрои расму оини аҷдодӣ ҳамчун дастмўза барои дарав кардани хору хас истифода бурдан мумкин.
Охиран, Шириншоҳ барои халифа таъин намудани Алимадад розигӣ дод ва гуфт, ки ин кор бояд боиси норозигии халифаҳои дигари Шуғнон, ки дар Поршинев муридон доранд, нашавад. Вай ҳамчунин таъкид намуд, ки дар асоси қонуни Шўравӣ дин аз давлат ҷудо аст. Ташвиқоти динӣ бурдан манъ аст. Ходимони дин, ҳамаи диндорон бояд ба сиёсати ҳукумат дахолат накунанд. Расму оини аҷдодиро оромона, бе дабдабаи зиёдатӣ, хоксорона ба ҷо овардан лозим. Аз амалҳои хурофотӣ ва таассуби мазҳабӣ парҳез бояд кард.
Омадагон ба Шириншоҳ миннатдорӣ изҳор карда, баромада рафтанд. Алимадад халифаи деҳаи Хоса таъин шуд ва баъдҳо то рўзи вопасини умраш вазифаи халифаи ҷамоати Поршиневро бо эътиқоти самимӣ ва масъулияти баланд иҷро намуд.
(Давом дорад)
Аз китоби Шоҳбаҳор Шоҳхумор: “Ҷавонии ҷовидон”. Хоруғ, 2014.
Хоҳишмандон метавоннад ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Фарзона Раҳмонова,
мутахассиси Маркази забони
тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ