Носиро, ҳиҷрон ҳам аз ҳукми Худост…
Носири Бухороӣ дар асри ХIV умр ба сар бурдааст. Соли таваллуди ў маълум нест, соли вафоташро 1370 тахмин кардаанд. Давлатшоҳи Самарқандӣ дар “Тазкират-уш-шуаро” овардааст, ки Носири Бухороӣ “марди фозил ва дарвеш буда ва шеъри ў холӣ аз ҳоле нест ва бўи фақр аз суханони ў ба дил мерасад…”
Носири Бухороӣ, мегўяд Давлатшоҳ, бисёр саёҳат мекард. Дар роҳи сафари Макка ў ба шаҳри Бағдод медарояд, дар он ҷо бо Салмони Соваҷӣ, ки ба тамошои Даҷла баромада буд, вомехўрад. Вақте ки Салмони Соваҷӣ кӣ ва куҷоӣ будани Носирро мепурсад, ҷавоб мегӯяд, кимарди шоир аст. Салмони Соваҷӣ барои имтиҳони Носир як мисраъ шеър мегўяд ва аз ў мисраи дувўмашро талаб мекунад. Мисраи Салмон чунин аст:
Даҷларо имсол рафтори аҷаб мастона аст,
Носир бадеҳатан ҷавоб медиҳад:
Пой дар занҷиру каф бар лаб магар девона аст?
Салмони Соваҷӣ аз ҷавоби Носир хурсанд шуда ба ў аҳсан мегўяд.
Давлатшоҳи Самарқандӣ баъд аз нақли ин ривоят ду ғазали Носирро зикр кардааст. Ҳамин маълумоти Давлатшоҳро қариб ҳамаи тазкиранависони минбаъда такрор карданд.
Дар замони мо роҷеъ ба Носири Бухороӣ аввалин бор устод Садриддин Айнӣ дар “Намунаи адабиёти тоҷик” сухан гуфтааст. Устод низ асосан ҳамон маълумоти Далатшоҳи Самарқандиро овардааст.
Дар бораи Носири Бухороӣ бештар аз маълумоте то ба ҳанўз дар даст нест. Аз осори шоир фақат як нусха девони ашъори ў то ба рўзҳои мо расидааст, ки он ҳам дар Тошканд мебошад. Ба замми ин девон порчаҳои алоҳидаи ашъори ў дар баёзҳо ва ҳошияи девони шоирони дигар низ дида мешавад…
Хосият Валихоҷаева
Ин чанд ғазал аз ӯст:
Ҳар дида рухи хуби ту дидан натавонад,
Ҳар кас сари зулфи ту кашидан натавонад.
Хусрав лаби Ширин бигазад ҳамчу шакар, лек
Фарҳод ҷуз ангушт газидан натавонад.
Хун гашт дилам ғунчасифат аз ғами ҳиҷрон,
Аз заъф вале ҷома даридан натавонад.
Афғони ман аз чарх гузар кард, валекин
Дар гўши ту, эй моҳ, расидан натавонад.
Беҳиммати олӣ натавон рафт раҳи ишқ,
Бепар ба ҳаво мурғ паридан натавонад.
Гулгуни сиришкам зи паят гарм басе рафт,
Истод кунун, хушк давидан натавонад.
Дар доми сари зулфи ту мурғи дили Носир
Дар айни ҳалок асту тапидан натавонад.
***** ***** ******
Масти ишқам, порсоӣ чун кунам,
Маҳв гаштам, худанамоӣ чун кунам.
Ғофилон гўянд:баргард аз ҳабиб,
Ошиқам ман, бевафоӣ чун кунам.
Ақл фармояд: зи дилбар шав ҷудо,
Ман зи ҷони худ ҷудоӣ чун кунам.
Васли ў дидам, надорам тоби ҳаҷр,
Ҳар замон ҷонро ҳавои ишқи Ӯст,
Ман бад- ин ҷони ҳавоӣ чун кунам.
Носиро, ҳиҷрон ҳам аз ҳукми Худост,
Чораи ҳукми худоӣ чун кунам.
***** ***** ******
Ёр рафт аз дидаву дар дил бимонад,
Дил ба зери бор чун маҳмил бимонд.
Давлати бедори ман чун даргузашт,
Бахти хоболударо ғофил бимонд.
Моҳ чун манзил ба манзил сайр кард,
Муштарӣ дар аввалин манзил бимонд.
Дил ба ў додему дилдорӣ накард,
Дил намонд ўрову моро дил бимонд.
Уқдаи абрўи ў накшуд ақл,
Рафт умру ҳамчунон мушкил бимонд.
Сарви хандон дар ҳавои қоматаш,
Даст бар зад, ки по дар гил бимонд.
Ҳар кӣ як дам дурди дардеро кашид,
Ҳамчу Носир масту лояъқил бимонд.
Манбаъ: “Садои Шарқ”, соли 1968,№11
Таҳияи Фараҳнози Тоҳирхон,
мутахасси шуъбаи матбуоти даврӣ.