Нуриниссо Баҳронова: Заминагузории рушди босуботи кишвар

rushdi-tojikistonҲизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии сокинони Тоҷикистон нақши муассир дошта, дар ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум нақши сазовор мегузорад. Вазифаҳои асосии ҳизби мо дар марҳалаи нави рушди ҷомеа ва давлат дар барномаҳои пешазинтихоботии он, қарорҳои анҷуманҳои сездаҳум ва чордаҳум, ки самтҳои муҳимтарини рушди мамлакатро то соли 2027 дар бар мегирад, мушаххас гардидаанд.

******     ******     ******

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бузургтарин воқеае маҳсуб меёбад, ки ба тақдиру сарнавишти минбаъдаи миллат рабти ногусастанӣ дорад. Зеро ин марҳилаи таърихӣ заминагузори аслии рушду нумуи минбаъдаи кишвар ва зиндагии осоиштаи мардуми тоҷик дониста мешавад.

Ин санаи муҳими таърихӣ барои ҳар хонадони тоҷик, санаи саъди тақдирсозу наҷотбахш маънидод мегардад, зеро ин падидаи муҳим халқи тоҷикро аз оташи ҷанги наҷот дода, тақдири истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳаллу фасл намуд ва барои пойдории ваҳдати миллӣ, истиқрори сулҳ дар сарзамини бостониамон, амалӣ намудани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ пояи мустаҳкам гузошт.

Муҳимияти дигар он аст, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо мақсади хотима додан ба ҷанги дохилӣ, пешгирии фоҷиаи миллӣ, харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятиву ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти муътадил ва таҳкими кулли мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар ҳамон рӯзҳои мушкилу муҳим як қатор чараандешиҳо намуд, аз ҷумла қарор кард, ки ҳамаи шахсони дар низоъҳои дохилӣ ширкатдошта ва мусаллаҳ, ки ҷиноят ё амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида нашаванд. Чунин сиёсат бо мақсади ба эътидол овардани вазъияти сиёсиву иҷтимоии кишвар буд, ки он барои ҳарчӣ зудтар ба сулҳи комил ноил гардидани кишвари маҳбубамон мусоидат намуд.

Дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намояд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши Миллӣ ва неруҳои посбони сарҳадро таъсис дода, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонанд. Хушбахтона, давлат ва миллати мо дар ҳассостарин лаҳзаи таърихӣ роҳбари худро пайдо намуд.

Сарвари давлат ҳамон давра бо як олам ихлосу муҳаббати ба мардуми шарифи кишвар изҳор дошта буданд, ки “мо вазифадорем, аввал амнияти давлатамонро таъмин намоем, артишро созмон дода, кормандони ҳифзи тартиботу ҳуқуқ, Кумитаи амнияти миллӣ, дигар сохторҳои муҳими давлатиро мустаҳкам намоем, зеро давлате, ки худро муҳофизат ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, аслан арзише надорад”.

Бо туфайли Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон тағйироти куллӣ ба амал омад. Мамлакати азияткашида аз гирдоби ҷанги пурдаҳшати таҳмилӣ марҳила ба марҳила бурун омада, бо роҳи осоиштаи зиндагӣ ва бунёдкорӣ қадам ниҳод, пешрафт ва инкишофи соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро дар мадди аввал гузошта, барои амалӣ намудани ин иқдомҳо саъю талошҳо равона гардид.

Дар ин васила метавон гуфт, ки дар таърихи беш аз ҳазорсолаи халқи тоҷик давраи нави гузариш оғоз ёфт. Ҳалли масъалаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодиву маънавӣ дар кишвар тадриҷан роҳи худро пайдо намуданд. Дар муддати кӯтоҳи таърихӣ оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш карда шуд, барои амалӣ намудани барномаҳои муҳими иқтисодӣ, сохтмонҳои бузурги аҳамияти байналмилалидошта шароити фароҳам оварда шуд, гузаронидани маъракаҳои муҳими ҷамъиятию сиёсиро имконпазир сохта, боиси Ваҳдати воқеии халқҳои Тоҷикистон гардид.

Мардуми тоҷик дирӯзу имрӯз ва фардои Истиқлоли воқеии кишвар ва рушди бомароми Тоҷикистони азизро мудом ба Иҷлосияи тақдирсози тоҷикон ва хизматҳои бемисли фарзонафарзанди ин сарзамин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд медонад ва шӯълаи ин ихлоси мардумӣ садсолаҳои минбаъда низ бо тобиши нав дурахшон мемонад.

Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки имрӯзҳо мо дар шароити мураккаб қарор дорем. Бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва дастёбӣ ба захираҳои табиӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, оғози марҳилаи нави “ҷанги сард”, шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ ва ҷиноятҳои киберӣ, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вобаста ба он, паҳншавии бемории сироятӣ ва мушкилоти дигар зиндагии сокинони сайёраро ба давраи сангинтарин дар таърихи қариб садсолаи инсоният рӯ ба рӯ кардаанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии сокинони Тоҷикистон нақши муассир дошта, дар ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум нақши сазовор мегузорад. Вазифаҳои асосии ҳизби мо дар марҳалаи нави рушди ҷомеа ва давлат дар барномаҳои пешазинтихоботии он, қарорҳои анҷуманҳои сездаҳум ва чордаҳум, ки самтҳои муҳимтарини рушди мамлакатро то соли 2027 дар бар мегирад, мушаххас гардидаанд.

Ба таъкиди Раиси ҳизб, рисолат ва мазмуну моҳияти барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу пешрафта ва аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ босубот мебошад. Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки кумитаҳои иҷроияи ҳизб якҷо бо сохторҳои ваколатдори соҳаҳои гуногун ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва зина ба зина беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиро дар маркази диққат қарор медиҳанд, дар таъсиси инфрасохтори иҷтимоӣ, беҳсозии вазъи муассисаҳои таълимӣ, беҳтар гардидани шароити оилаҳои серфарзанд, ҷудо намудани кумакҳои иловагӣ ба ятимону маъюбон ва дигар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа мусоидат менамоянд.

Ҳамзамон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар маҳалҳо ва ташкилотҳои ибтидоӣ вазифадор гардиданд, ки корҳои таблиғотиву ташвиқотиро дар самти амалигардонии ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вусъат бахшида, мардуми кишварро барои истиқболи арзандаи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ сафарбар намоянд ва худашон дар ин самт ташаббускору фаъол бошанд.

Баҳронова Нуриниссо Шарофиддиновна – вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии 37.

Аз китоби “Дурахши саодати миллат”, Душанбе, соли 2022

Таҳияи Мавзуна Салимова,
сармутахассиси Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.