Нурулло Оқилзода: “Нақши ваҳдати миллӣ дар рушди давлатдории навини тоҷикон”

Ҳар миллат дар таърихи худ рӯйдодҳо ва санаҳои муҳимме дорад, ки онҳо маҳсули талошу заҳматҳое мебошанд. Бо ташаббус ва ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 сол муқаддам 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки кафили пойдории сулҳу ваҳдат дар кишвар гардид.
Воқеан, Ваҳдат дастоварди бузурги миллати тоҷик аст, ки дар саҳифаҳои заррини таърих дарҷ гардида, ба наслҳои оянда мероси ғании маънавӣ мегузорад. Бо мақсади истеҳком бахшидан ба ин дастоварди таърихӣ 18-уми июли соли 1997 Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таъсис дода шуд. Сарвари кишварамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси он интихоб гардида, баҳри мустаҳкам намудани асосҳои ваҳдати миллӣ хидмати босамар намуданд.
Ибтидои моҳи июни соли 1997 нахустин машварати ташаббускорон баргузор гардид. Доир ба муайян намудани номгузории созмон таклифҳои муфид пешниҳод карда шуданд. Боиси зикр аст, ки иқдоми мазкурро созмонҳои байналмилалии муқими Душанбешаҳр ҷонибдорӣ намуданд. Чунончи, намояндаи махсуси Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид Дитрих Меррем доир ба таъсис, сохтор, вазифаҳо ва номгузории ташкилот пешниҳодҳои мушаххасе баён намуд.
Баъди машваратҳо ба созмон номи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон гузошта шуд.
Дар санаи 20 июни соли 1997 дар маҷлисгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барпо гардид. Дар ҷаласа Кумитаи тадорукоти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Дар таърихи 23 июни соли 1997 дар ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузашт, санади муҳим “Усулҳои асосии консепсияи ризояти ҷомеа дар Тоҷикистон” қабул гардид ва аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ таъсис додани Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуданд.
Бешубҳа, дар меҳвари ин ҳаракат ва ҳамаи талошҳои ваҳдатофарӣ ва барқарорсозии сулҳ Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доштанд.
Талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз минбари Иҷлосияи шонздаҳуми Шуроӣ Олии Тоҷикистон сарчашма гирифта буд, то ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ расиданд ва натиҷаи ин заҳматҳоро мо имрӯзҳо дар мисоли пешрафтҳои беназири кишвар дар ҳамаи самтҳои рушди давлатдорӣ мебинем ва аз он баҳравар мешавем.
Бояд зикр намуд, ки ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳалаи наверо дар ҳаёти сиёсиву иктисодӣ, маънавию фарҳангии мамлакат ва дар умум, рушди давлатдории миллӣ огоз бахшид.
Бо шарофати ваҳдат дар Тоҷикистони соҳибистиқол, ки бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ талафоти фаровони моливу ҷонӣ дида, аркони иқтисодиву иҷтимоии он хароб гардида буданд ва бо амри тақдир дар сароғози даврони навини таърихи давлатдории хеш ба буҳронҳои шадиди сиёсӣ рӯ ба рӯ гардида буд, бар асоси сабақҳои андӯхта аз таҷрибаҳои таърихии гузаштагони худ заминаҳои мувофиқ барои суботи миллӣ ҳам аз назари сиёсӣ ва ҳам иқтисодиву иҷтимоӣ фароҳам омада ҷомеаи моро ба сӯи созандагӣ ва бунёди давлати ҳуқуқбунёд тамоюл бахшид.
Маҳз ваҳдати миллӣ нақшаи душманони миллати тоҷикро, ки мехостанд бо дасти зархаридону хоинон фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми кишвар ба таври иҷборӣ таҳмил намуда, низоми осоиштаи давлатдориро тағйир диҳанд, барбод дод ва заминаи тамоми таҳаввулоти нави давлатӣ дар Тоҷикистон шуд.
Тамоми дастовардҳои мавҷуда ва ояндаи кишвар, хусусан шакл гирифтани низоми давлатдории навин ба ду падидаи ниҳоят муҳим: соҳибистиқлолӣ ва бадастории ваҳдати миллӣ пайванд мебошанд. Дар ин радиф нақши ваҳдат, ки дар заминаи он фазои суботу амният ва осоиштагӣ дар кишвар ба вуҷуд омад, ниҳоят барҷаста арзёбӣ мегардад. Зеро мо ба хубӣ медонем, ки таҳкурсии ҳама пешрафтҳо ва рушду шукуфоӣ дар давлат ба фазои сулҳу амният алоқамандии бевосита дорад. Хусусан, шакл гирифтани низоми давлатдории навин!
Вақте сухан дар бораи ваҳдати миллӣ меравад, набояд, ки фақат рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон дар мадди назар қарор дода шудаву дигар равандҳои муҳимме, ки мардуми тоҷикро то ба ин рӯз оварда расониданд, сарфи назар шаванд. Ин ҷо ба сифати чунин равандҳои муҳим Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чандин давраи музокирот баҳри сулҳро метавон зикр намуд, ки дар солҳои нооромӣ Тоҷикистонро марҳала ба марҳала ба суботу ваҳдати сартосарӣ наздик намуданд.
Дар ин радиф нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр муҳим ва тақдирсоз мебошад.
Иҷлосия ғайр аз ин, ки дар як давраи беҳокимиятӣ ва бесарусомонӣ роҳбарияти нави мамлакатро интихоб намуд ва хатари пош хӯрдани давлати тоҷикон ва шикасти миллати куҳанбунёди тоҷикро аз байн бардошт, рамзҳои давлати сохибистиқлоли тоҷикон – Парчам ва Нишони давлатиро тасдиқ ва қабул намуд.
Дар ин интиҳо, ҳаминро бояд зикр намуд, ки нақши ваҳдати миллӣ дар рушди давлатдории навини тоҷикон басо бузург мебошад ва ҳамаи ин дастовардҳоро дар қолаби як мақола ифода кардан ғайриимкон аст.
Имсол, ки аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 29 сол сипарӣ мешавад, дар ин муддат решаҳои Ваҳдати миллӣ дар кишвар мустаҳкам гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба комёбиҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ чойгоҳи махсуси худро пайдо кард.
Пояҳои истиқлоли давлатӣ, сол то сол қавитар гардида, дар ин замина расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар зина ба зина амалӣ шуда истодаанд.
Вазифаи пуршарафи насли имрӯзаи мардуми Тоҷикистон, хусусан ҷавонон, аз он иборат аст, ки пойдевори истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллии давлатро мустаҳкам намуда, ин дастовардҳоро бо ҷону тан ҳифз намоем.
Ваҳдати миллӣ ҳадяи бебаҳои таърих буда, устувору пойдор нигоҳ дошта, тавонистани он аз масъулияти наслҳои имрӯза вобастагии калон дорад.
Аз китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент». Душанбе, 2022
Таҳияи Меҳрангез Муҳаббатова,
сармутахассиси Медиатека Президентӣ.
Теги: