Нусхаи “Маснавии Маънавӣ”, ки беш аз 400 сол пеш китобат шудааст
Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ (тав.604ҳ./1207м. ваф. 672ҳ/1273м.) маъруф ба «Мавлавӣ» ва «Мавлоно» шоир ва орифи забардасти форсу тоҷик мебошад, ки шуҳраташ фаротар аз марзҳои миллӣ аст. Вай бо лақаби «Муллои румӣ» низ машҳур буда, зиндагониаш дар замони хунини ҳукмронии истилогарони муғул ҷараён ёфтааст. Дар китобҳои таърихи адабиёти форсу тоҷик ва тазкираҳо номи ў ҳамеша дар баробари Рўдакӣ, Фирдавӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ барин суханварони номӣ гузашта шудааст.
Асари мондагор ва гаронбаҳои Ҷалолиддини Балхӣ «Маснавии маънавӣ» мебошад, ки иборат аз шаш дафтар ва 27 ҳазор байт мебошад, ки донишмандон онро бузургтарин осори назми ирфонӣ медонанд. Ин асар маҳсули 10-12 соли охири умри шоир мебошад.
Асари мазкур бо мақсади тарғиби таълимоти тасаввуфӣ эҷод шудааст. Дар ин шоҳасари маънавӣ бисёр масъалаҳои муҳимми ахлокию тарбиятӣ матраҳ шудааст . «Маснавӣ» ба чандин забон, аз он ҷумла, ба забони русӣ ва англисӣ тарҷума шудааст.
Дастнависи «Маснавии маънавӣ», ки таҳти рақами 1211 дар Китобхонаи миллӣ нигаҳдорӣ мешавад, мукамал буда, хеле эҳтиёткорона нигоҳ дошта шудааст. Танҳо ба якчанд варақи он намӣ расида бошад ҳам, вале ба матн осебе нарасидааст. Матн дар чаҳор сутун ва дар дохили ҷадвали қирмизранг ҷой дода шудааст. Нусхаи хаттӣ дар соли 1031 ҳиҷрӣ баробар ба соли 1621 мелодӣ бо қалами котиб Муҳаммадмурод ибни Муҳаммадамин бо хати зебои настаълиқ дар Самарқанд китобат шудааст. Варақи аввали нусха бо наққошии хоси осиёимиёнагӣ тазйин (тазйин, яъне зиннатдодашуда, наќќошишуда) шудааст Коғазаш навъи самарқандӣ мебошад.
Ҷилди нусха сурхи ҷигарӣ буда, 8 сартурунҷ ва 2 адад турунҷ дорад. Қисмати кунҷҳои ҷилд бо занҷира оро дода шудаанд.
Таҳияи Рамзӣ ҶУМЪАҚУЛОВ