Нӯшервони одил ва Бузурмеҳри вазир

Нушервони-одилҚорун ҳалок шуд, ки чиҳил хона ганҷ дошт,
Нӯшервон намурд, ки номи накӯ гузошт.

(Саъдӣ.)

Нӯшервон – Хусрави Анӯшервон шоҳаншоҳи сулолаи Сосониён, мулаққаб ба Додгар, ки бисту якумин шоҳи сосонӣ буда, солҳои 531-579 ҳукумат рондааст, дар адабиёти бадеӣ (паҳлавӣ, асрҳои миёнаи форсу тоҷик) ҳамчу шоҳи одилу раъиятпарвар ва оқил  машҳур гардидааст. Асарҳои оид ба дини зардуштӣ, ки ба забони паҳлавӣ (форси миёна) иншо шудаанд, номи ӯро ба одилӣ машҳур кардаанд. Ба туфайли тарҷумаи асарҳои паҳлавӣ ба забони арабӣ образи Нӯшервони Одил ба асарҳои таърихнависони исломӣ низ дохил гардидааст. Симои Анӯшервони Одил ҳамчун шоҳи адолатпарвар дар «Шоҳнома»- и Абулқосим Фирдавсӣ, “Хамса”-и Низомӣ, “Қобуснома”-и Унсурмаолии Кайковус тасвир шудааст.

Дар «Қобуснома» Кайковус асли худро мансуб ба аҳли насаби Нӯшервони Одил дониста, пандҳои ӯро ёд мекунад. Ҳамин тавр, аз Нӯшервон «Панднома»-е дар ахлоқ боқӣ мондааст.

***

Аз рӯи нақлу ривоятҳо Бузурмеҳр шахси оқилу доно ва бомаърифату хирадманд буда, ҳамеша тарафдори адолат ва ободии мулк будааст.

Ӯ аз Марв (вафоташ соли 590) дар аҳди сосониҳо умр ба сар бурда, вазири Нӯшервони Одил будааст, аз худ бозии «Нард» ва рисолае дар ахлоқу ҳикмати тарбия боқӣ гузоштааст.

Рисолаи «Панднома»-и ахлоқӣ – тарбиявии Бузургмеҳр аслан ба забони паҳлавӣ буда, ба арабӣ ва форсӣ тарҷума шуда, аз ҷиҳати тасвир ба «Панднома»-и Нӯшервон мутобиқат надорад.

Дар «Китоби-ул-ғариб»-и Абдулғанӣ ибни Шайх Муҳаммад Хатиб (Ҳиндустон) ва маҷмӯаи рисолаҳои “Панднома”-и Муҳаммад Шокири Қорӣ (Тошканд) номи Бузургмеҳр ёд мешавад.

Афсона, нақлу ривоят, қиссаю ҳикоятҳои хурди панду ахлоқӣ, латифаҳои зиёде мансуб ба Нӯшервон ва вазири ӯ Бузургмеҳр ба эҷодиёти даҳонӣ ва китобии Арабу Аҷам роҳ ёфтааст.

Инак, ҳикояте аз пурсиши Нӯшервон ва посухи Бузургмеҳр:

Овардаанд, ки дар асл Нӯшервон одил набуда, золим буда. Дар аҳди салтанати ӯ раъият пароканда, мулк табоҳ. Бузургмеҳр вазири Нӯшервон таъин гардида, аз пайи тараққию ободии мулку осудагии халоиқ шуда.

Нӯшервон бо Бузурмеҳр бо мақсади шикор ба биёбон қадам ранҷа намуда, дар роҳ деҳаҳои вайрону валангор ва харобгардидаи бешуморро дида, дар таҳайюр монданд. Аз деҳаи харобе дар болои девори фарсудае ду ҷуғз бо ҳам мунозараю муноқаша доштанд.

Нӯшервон ба вазир гуфт:

Ту забони мурғонро медонӣ, гӯй ки инҳо чиҳо мегӯянд? Бузургмеҳр пас аз гӯш кардани садоҳои мурғон ба Нӯшервон рӯй овард:

– Яке аз ҷуғзҳо писару дигаре духтар дорад. Соҳиби писар мехоҳад бо ҷуғзи духтардор хешӣ (қудогӣ) намоянд. Соҳиби духтар ба ин фикр розӣ нест ва шарт мегузорад, ки ба ивази қудогӣ ба ман дувоздаҳ деҳаи харобгардидаро қалин медиҳӣ. Соҳиби писар розӣ шуда мегӯяд, ки агар дар мамлакат Нӯшервон подшоҳ бошаду Бузургмеҳр вазир, на дувоздаҳ, балки дувоздаҳ ҳазор деҳаҳои вайронаю харбгардидаро қалин медиҳам.

Нӯшервон, ки тарҷумаи ҳикояти мурғонро аз вазир шунид, гуфт:

–  Зулму золимии ман танҳо ба халоиқ не, балки ба парандаҳои дашту ҳомун ҳам таъсир кардааст. Ҳамон замон Нӯшервон золимиро тарк карда, одилиро пеша кардааст, то ба дараҷае амониро барқарор кардааст, ки гургу меш аз як ҷӯй об мехӯрдаанд. Аз ҳамон вақт ӯро Нӯшервони Одил номидаанд.

РУБОӢОдина ба бозор шудам вақти намоз,
Кабке дидам нишаста бар синаи боз,
Он кабк ба он боз ҳамегуфт ба роз:
Ҳар кас, ки ҷафо кунад, ҷафо бинад боз.

Манбаъ: “Кимиёи хирад”, Душанбе, соли 2009.
Хоҳишмандон ин китобро метавонанд
дар Китобхонаи миллӣ бихонанд. 

Таҳияи Дилафрӯзи Ҳабибублло,
мутахассиси шуъбаи абонементи
байни китобхонавӣ ва таҳвили
ҳуҷҷатҳои электронӣ.