Оғози боз як давраи омӯзишӣ дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ

 Дар Маркази такмили ихисоси Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» боз як давраи омӯзишии “Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ” барои кормандони ғайритахассусии Китобхона оғоз шуд.

Ин давраи омӯзишӣ ба хотири  такмили малакаи касбии кормандоне роҳандозӣ шудааст, ки ихтисосашон китобдорӣ нест. Дар тӯли 36 соати ба нақша гирифташуда 19 нафар кормандони навкор ба донишҳои китобдориву китобшиносӣ фаро гирифта хоҳанд шуд.

Дарсҳо аз ҷониби омӯзгорон ва мутахассисони варзидаи соҳаи китобдорӣ гузаронида мешаванд.

Дарсҳои омӯзиширо Муовини аввали Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода ва муовини Директор Гадобек Маҳмудов ифтитоҳ карданд.

Зимни суханронии худ Гадобек Маҳмудов таваҷҷуҳи ширкаткунандагони давраи омӯзиширо ба фазилати омӯзиши касб ҷалб кард ва гуфт китобдориву китобхонашиносӣ худ аз ҷумлаи илмҳое мебошанд, ки бидуни омӯзиш наметавон малакаи корӣ ҳосил кард.

Давраи нави омӯзишӣ дирӯз, 4-уми октбяр оғоз ёфт ва 19 нафар мутахассисони навкор ба он ҷалб шуданд.

 Г.Ҳалимова, муовини сардори

 Маркази такмили ихтисос.