Оғози “Меҳмонсарои адабӣ: адабиёти муосири Русия барои бачаҳо ва наврасон” дар Китобхонаи миллӣ

адабиёти муосири Русия барои бачаҳо ва наврасонИмрӯз, 20 октябри соли  2022 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии аввал дар доираи лоиҳаи “Меҳмонсарои адабӣ: адабиёти муосири Русия барои бачаҳо ва наврасон” дар шакли пули телевизионӣ миёни Китобхонаи адабиёти хориҷӣ (Русия) ва Китобхоаи миллӣ (Тоҷикистон) ва муколамаи мустақим бо адибони муосири кӯдакнавис ва ҷоизадорони адабии миллӣ баргузор мешавад. Адибони кӯдакнависи Русия ба сурати онлайн ба суолҳои хонандагон посух хоҳанд дод. Ин барнома барои бинандагони минтақаҳои дигар низ дастрас хоҳад буд.

Муддати 100 сол аст, ки “Китобхонаи адабиёти хориҷии Русия” на танҳо хонандагонашро бо шаҳкорҳои адабиёти олам ошно мекунад, балки ба таблиғи адабиёти рус низ барои хонандагони хориҷ даст мезанад. Як самти басо муфид ва пуртаъсиру фоидаовари он иртиботу ҳамкорӣ бо хонандагони мактабҳои миёна, донишомӯзони макотиби оливу миёна ва омӯзгорони забон ва адабиёти рус дар хориҷ аз қаламрави Русия мебошад.

Китобхонаи адабиёти хориҷӣ як силсила чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатиро бо номи “Меҳмонсарои адабӣ: адабиёти муосири Русия барои бачаҳо ва наврасон” пешниҳод мекунад ва чорабиниҳо аз ин силсила марҳилаи нави як барномаи бузурги ин китобхона барои рушди забони русӣ дар хориҷ, бахусус қаламрави кишварҳои ИДМ ба шумор меравад.

Соли 2023 дар ҳудуди кишварҳои ИДМ соли забони русӣ эълон шудааст ва ин гуна тадорукот тибқи як барномаи густарда пайваст гузаронида хоҳанд шуд.

Ҳоло дуюмин рӯз аст, ки фиристодагони Китобхонаи адабиёти хориҷии Москав дар Китобхонаи миллӣ ҳузур доранд ва аз шуъбаву толорҳои хониши он дидан намуда, бо хонандагон ва кормандон мустақим ҳамсуҳбат шуданд.

адабиёти муосири Русия барои бачаҳо ва наврасон

Даря Белякова – Роҳбари Маркази китобхонашиносӣ ва ҳамкориҳои касбӣ, Татяна Болшакова, мутахассиси пешбар, ҳамоҳангсози лоиҳаи “Меҳмонсарои адабӣ”, Наталия Волкова, шоир, наивсанда, тарҷумон, омӯзгори забони англисӣ, соҳиби чандин ҷоизаҳои адабӣ, Андрей Кузмичев, мутахассиси технологияи инноватсионӣ ва иттилоотӣ, Александра Литвина, муаллифи як силсила китобҳо барои бачаҳо, соҳиби чандин ҷоизаи адабӣ, Кирилл Машков, роҳбар Маркази иттилооти инноватсионӣ, Вероника Николаева, мутахассиси пешбар оид ба корҳои намоиши китоб, муҳаррири лоиҳаи “Меҳмонсарои адабӣ”, Мария Пономаренко, библиографи Маркази китобҳои бачагона ва барномаҳо барои атфол, баранда ва методисти лоиҳаи “Меҳмонсарои адабӣ”, Иван Рибаулин, сарвари Маркази барномаҳои фарҳангӣ-маърифатӣ ба сурати ҳузурӣ ва онлайн дар ин чорабинӣ ширкат хоҳанд кард.

Дар ҳамоиш адибони маъруфи тоҷик  Латофат Кенҷаева, Зариф Ғулом, Азизи Азиз, Маҷид Салим, Муродалӣ Собир, Юсуфҷон Аҳмадзода, намояндагони китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар, хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии рақамҳои 1, 8, 20-и пойтахт иштирок мекунанд.