Оғози омӯзиши барномаи «ALEPH» дар Китобхонаи миллӣ
Маркази такмили ихисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани савияи дониши кормандони Китобхона курси бозомӯзии «Барномаи ALEPH »-ро дар ҳаҷми 36 соат аз имрӯз, 10 январи соли 2022 ба роҳ монд. Дар курси мазкур 20 нафар кормандон ҷалб гардиданд. Дарсҳо аз ҷониби мутахассисон ва омӯзгорони соҳибтаҷриба гузаронида хоҳанд шуд.
Иштирокчиёни давраи омӯзишӣ аввал аз мавзӯъҳои “Низоми автоматикунонидаи китобдорӣ-иттилоотӣ дар мамлакат”, “Таърихи барнома ва қисмати асосии барномаи ALEPH” дарс мехонанд. Дар қисмати дуюм бошад “Модели феҳристнигорӣ: (пурра кардани майдонҳо ва зермайдонҳо)”, “Модули маъмурият”, “Барномаи «OPAK»”, “Формати «UESMARK»” ва ғайра омӯзиш дода мешаванд.
Низоми автоматикунонидашудаи раванди китобдорию иттилоотӣ имрӯз дар асоси яке аз барномаҳои маъмул ва дар соҳаи китобдории ҷаҳонӣ санҷидашуда «Aleph» (Алеф) ба роҳ монда шудааст. Барномаи мазкур аз тариқи ширкати ExLibris дастрас карда шудааст.
Ин барнома аз ду қисми асосӣ иборат буда, қисми якум барои кормандони китобхона ва қисми дуюм («ОРАК») барои истифодабарандагон пешбинӣ шудааст. Ҳарду қисми барнома бо ҳамдигар алоқаи ногусастанӣ дошта, аз як манбаи маълумот истифода мекунанд.
Бо истифода аз ин барнома хонандагон бевосита метавонанд аз феҳристи электронӣ истифода карда, китоби лозимиро ҷустуҷӯ кунанд ва ҳамзамон онро барои мутолиа дархост намоянд.
Исмоил САИДЗОДА