Одоби муошират дар таърихи илму фарҳанги миллӣ
Вожаи муошират дар “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (к. 1, саҳ. 846) чунин шарҳ дода шудааст: МУОШИРАТ зистан бо ҳам; муносибат бо ҳам, одоби муошират рафтори кас дар ҷамъият ва муносибат бо дигарон”, яъне одоби гап задан бо ҳамдигар.
Инсонҳо аз даврони офариниш бо ақли азалӣ ва забони гуфтори худ аз соири (дигар) мавҷудоти замин фарқ мекарданд, яъне ин ду неъмати Илоҳӣ, ки барои инсоният ато шудаанд, мавҷудоти дигари зинда, бахусус, ҳайвоноту парандагон, ҳашарот, ҷонварони обзӣ ва ғайра аз ин неъмати бузург баҳраманд нестанд.
Дар хусуси он ки сухан барои инсоният ҳадяи қиматбаҳое аст, бузургони адабиёти мо дар ҳар замон онро таъкид кардаанд:
Сухан аз арши барин омадааст,
Баҳри покон ба замин омадааст.
Байни мардум аз аҳди пешин то замони мо ифодаҳои мухталиф оид ба муоширати инсонҳо бо якдигар пайдо шуданд, ба монанди: сухани хуб, сухани бад, забони ширин, сухани талх, сухани беҷо ё ҳарфи беҷо, забони эҳтиром, забони дағал, аз сухани бад парҳез бояд кард, сухани ширин дилгиркунанда аст, сухани талх ранҷонанда аст ва ғайраҳо.
Ин ифодаҳоро инсоният дар тӯли рӯзгори бардавоми худ, дар давоми асрҳон зиёд дар зиндагониашон ҳангоми сӯҳбат бо якдигар кашф карда, барои насли оянда ба мерос гузоштаанд, то бо мусоҳиби худ хушгуфтор бошанду аз гуфтори бад парҳез намоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: “Ҳарчанд давлати тоҷикон дар тули асрҳо борҳо мавриди ҳамла ва фишори аҷнабиён қарор гирифта буд, вале ниёгони мо маҳз ба шарофати забон ва фарҳанги бузурги худ тавонистаанд анъанаҳои давлатдории хешро нигоҳ доранд ё онҳоро аз нав эҳё намоянд.
Пас аз давлати Сомониён забони миллӣ мо танҳо дар даврони истиқлолият дар мақоми забони давлатӣ қарор дода шуд. Аз ин рӯ давлати Тоҷикистон ҳифзи арзишҳои миллӣ забониро аз вазифаҳо ва ҳадафҳои асосии худ барои насли имрӯзу фардои ҷомеа медонад ва ин арзишҳои муқаддасро гиромӣ медорад.
Забони тоҷикии мо, ки замоне бо он аз сари минбарҳо сухан гуфтан қариб аз миён рафта буд, имруз аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ баланд садо медиҳад ва чун пайки сулҳу дӯстиву ваҳдат дар аксои олам парвоз мекунад.
Аҷдодони мо ноёбтарин гавҳари ҳастии инсонро забон дониста, ҳатто суханро ҷони одамӣ таъкид кардаанд, ки ҳак аст, чаро ки хомушӣ аломати мурдагон аст ва ба қавли шоир Ҳабиб Юсуфӣ, «безабонӣ нишонаи марг аст».
Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,
Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомуш аст.
Пешвои миллат дар як суханрониаш таъкид карда буданд: «Бузургони илми сиёсат беҳуда нагуфтаанд: «Барои он ки миллатро нест кунӣ бояд ӯро аз решаҳои таърихиаш, аз ҷумла забону фарҳангаш ҷудо созӣ». Ман доимо таъкид мекунам, ки вақте забону фарҳанги халқ аз байн рафт, давлат низ худ ба худ аз байн меравад.
Таърих башар гувоҳ аст, ки халқҳо, миллатҳо ва давлатҳо танҳо бо доштани забони миллии худ устувору пойдор мемонанд. Яъне забони ҳар миллат шарти муҳимтарини пойдорӣ ва ҳастии он дониста мешавад, чунон ки Пешвои миллат гуфтаанд: «Забони миллат – ҳастии миллат» аст.
Бояд гуфт, ки мардуми фарҳангсолору тамаддунофари тоҷик дар муносибат ба ҳамдигар ва намояндагони халқиятҳои дигар ҳамеша эҳтирому ҳурматро нигоҳ медоштанд ва ин ҳам як навъи фарҳанги миллии мо маҳсуб мешавад.
Дар зеҳни мо саволе пайдо мешавад: Чаро ҳангоми муошират одоби сухан гуфтанро бояд риоя кунем?
Байни мардум ин гуфтор маъмул аст, ки “дили касеро озурдан сифати хуби инсонӣ нест”, пас, бо риоя накардани одоби муошират мусоҳиб озурда мегардад. Чунончи гуфтаанд:
Сухан дониста гӯ, то дӯстро аз худ наранҷонӣ,
Ки бо як ҳарфи беҷо ошно бегона мегардад.
Мо бояд дар вақти суҳбат бо мусоҳиб хеле эҳтиёткор бошем, аз ҳарфи нозарур ва озордиҳанда худдорӣ кунем, ба ҳар як гуфтори худ бодиққат бошем. Дар ин хусус гуфта шудааст:
Сухан дар даҳон, эй хирадманд, чист,
Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.
Бояд гуфт; ки бо мусоҳибони худ дар ҳар кадом мавзуе, ки бошад, бояд бе таъна ва суханҳои таънаомезу дағал, бе дашному таҳқир муошират намоем ва метавонем ба мақсаду мароми худ расем. Аз сухани дурӯғ ва нафратангез дурӣ ҷӯем, сухани рост ва ҳақиқат ба дили мусоҳиб равшанӣ мебахшад. Сергапӣ, ба дарозо кашидани cyҳбат низ мусоҳибро хастаҳол месозад ва таваҷҷуҳи мусоҳиб ба суҳбат албатта, камтap мешавад: Ба кавли Саъдӣ:
Сухан бисёр дону андаке гӯй,
Якеро сад магӯ садро яке гӯй.
Мо бояд дар ҳама маврид аз одоби муошират бо мусоҳиб истифода кунем ва ҳатман мусоҳиб низ эҳтиромона сухан хоҳад кард.
Дар байни мардум мақоли “Бо сухани хуб мор аз хонааш мебарояд” маъруф аст ва имрӯз низ он дар мавридҳои муносиб истифода бурда мешавад.
Агар забони инсон дар итоати хиради он карор дошта бошад, ҳамеша сарбаланду хушҳолу хушрӯзгор аст, вале агар дар итоати мо набошад, сархамӣ ва пушаймонӣ меорад.
Забонат мехарад, гap андар он ширку залолат нест,
Забонат мефӯрушад, гар туро андар итоат нест.
Забони ту ба ҳар як дарди ту дорую дармон аст,
Надорӣ гар нигаҳ аз бад забон, онро шафоат нест.
Чи тавре ки маълум мегардад, бузургони фарҳанги миллии мо эҳтиром ба забони ноби тоҷикӣ, ба муоширати боадабона бо ин забон ҳамеша ва дар ҳар давру замон арҷ гузоштаанд ва аз соҳибони забон хостаанд, ки риоя кардани одоби муошират нишони фарҳанги баланди миллӣ, тамаддуни ғанӣ ба ҳисоб меравад.
Риоя намудани одоби муошират барои тамоми соҳибони забони ноби тоҷикӣ ҳатмӣ мебошад. Бо мусоҳиб бо эҳтиром суҳбат кардан ҳам маданияти баланди шахс ҳисоб мешавад, ҳам ишора ба фарҳанги миллӣ аст ва ҳам арҷ гузоштан ба забонн миллӣ хохад буд.
Охир, миллати тоҷик аз қадимтарин миллати дунё мебошад, ки бо таъриху фарҳанг, тамаддуни бои худ дар ҷаҳон эътироф гардидааст, ки ифтихори ҳамаи мо мебошад.
Масрура Мирзоҳасанова,
сармутахассиси Медиатекаи Президентӣ.