Одоби муоширати муосир

Одоби муоширати муосирКитоби мазкур аз ҷониби Ё.Қ.Одинаев таълиф шуда ва он соли 2010 дар нашриёти “Ирфон” ба табъ расидааст. Китоб ба масъалаҳои амалии ҳаррӯзаи одоби муошират мутобиқ ба талаботи маданияту ахлоқи муосир дар дохили ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он навишта шудааст. Хеле масоиле дар ин китоб ҷо ёфта, ки бахше аз одобу тарбияанд ва барои донистани баъзе назокатҳои муошират муфиданд. Аз ин рӯ бахшеро аз боби даҳуми китоб интихоб кардем ва гумон мекунем мутолааи он ба фоида хоҳад буд.  (Идома)

*****    *****     *****

ГУЛ. Оё ҳадя кардани як дона гул мумкин аст?

Албатта, мумкин аст. Барандаи ҷоизаи Нобелӣ Ясунари Кавабата навиштааст: “Як гул беҳтар аз сад гул шукўҳу ҳашамати онро нишон хоҳад дод”

Оё гулро дар гулдон ҳадя кардан мумкин аст?

Баъзе ашхос онро беадабӣ ҳисоб мекунанд. Кадом шахси дигар дар ин амал фоли бадро мебинад. “Агар ногоҳ пажмурда гардад?” Аммо ин биму ҳарос ҳама беҳудаанд. Гулро дар гулдон ҳадя кардан мумкин аст, агар ба шумо дакиқан маълум бошад, ки соҳибҷашн ё мизбон онро хеле дўст медорад ва барои онро чун ҳадя қабул кардан муқобил нест. Фақат саъй намоед, бифаҳмед, ки кадом навъи онҳоро меписандад, он гаҳ шумо иштибоҳ нахоҳед кард. Ҳамроҳ бо гулҳо  дар гулдон мумкин аст маълумотномаи гулпарвариро низ пешкаш намуд.

Дар мавриди гулҳо чунин ақида одилона аст, ки хоҳиши мизбон аз қоидаҳои анъанавӣ муҳимтар мебошад. Агар кадом шахсе ҳамаи  чизи ачибу ғарибро меписандад, меҳмон метавонад бо тутанҷир дар гулдон ба назди ў биравад.

  Оё ба мардҳо гул ҳадя кардан мумкин аст?

Ба мардҳо гул ҳадя намекунанд, ба истиснои ҷашнҳо.

Гулҳоро чи гуна ҳадя бояд кард-печонида ва ё нопечонда?

Агар шумо ба маърака даъват шуда бошед, гулҳоро дар долон мумкин аст дар ҳоли печонидашуда ба мизбон диҳед, вале агар ба гулҳо ба ҳуҷра дохил шавед, он гоҳ коғазпечро дур карда, дастагулро пешкаш намоед. Аммо когазпеч ҳамон вақт бастабандӣ аст, ки он зебо ва бо гулдаста муносибу мувофиқ бошад.

Фаромўш накунед, ки гулдастаро сарболо тақдим мекунанд на сарпоён.

Агар шумо гулро аз толори гулфурўшӣ фиристоданӣ бошед……

Дар дохили сабад ва ё дар байни гулдаста нома бо таманниёти худро гузоред.

Дар гулдаста  чи гуна гулҳоро мувофиқ месозанд?

Гиёҳшиносони муосир амалан ҳар гуна гулҳоро дар як гулдаста мувофиқ менамоянд.

Ба бемористон кадом гулҳоро набояд бурд?

Гулҳои дорои бўйи тунду тез ва гарди резанда.

(Идома дорад)

Манбаъ: Ё.Қ. Одинаев: “Одоби муоширати муосир”. Душанбе соли 2010.

Хоҳишмандон ин китобро дар Китобхонаи миллӣ метавонанд мутолаа кунанд.

Таҳияи Ойҷонгул Давронова, сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.