Оғози давраи омӯзишии донишҳои библиографӣ дар Китобхонаи миллӣ

Аз 18 сентябри соли равон дар Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдории МД «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзиши донишҳои библиографӣ оғоз гардидааст. Курси мазкур ҷиҳати тақвияти донишҳои касбии кормандони «Китобхонаи миллӣ» роҳандозӣ гардида, дар он кормандони шуъбаву бахшҳо ва мутахассисони ҷавон ҷалб карда шудаанд.

Ин давраи омӯзишӣ ба шакли илмӣ – амалӣ баргузор шуда, дар баробари донишҳои назариявӣ раванди омоданамоии корҳои библиографӣ ба таври амалӣ дар пойгоҳи моддӣ – техникии шуъбаҳои тахассусии «Китобхонаи миллӣ» ба шунавандагон омӯзонда мешавад.

Ба шунавандагони курси мазкур олимони варзидаи соҳаи библиографияшиносӣ, устодони соҳа ва собиқадорони китобдории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла, Гадобек  Маҳмудов, Сафар Шосаидов, Шарифҷон Комилзода ва Салима Раҷабзода дарс мегӯянд.

Библиография яке аз соҳаҳои муҳими китобдорӣ буда, раванди кор бо адабиёт ва дигар маводи китобхонаҳоро танзим намуда, барои хидматрасонии мусоиду мувофиқ ба хонандагон дар китобхонаҳо нақши калидӣ дорад.

Қарор аст ин давраи омӯзишӣ то 10 октябри соли равон давом кунад.

Гулбаҳор Ҳомидова,
мутахассиси пешбари Маркази
таҳсилот ва инноватсияи китобдорӣ.