Оғози даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”
Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” оғоз гардид. Дар расми ифтитоҳи озмуни мазкур, ки дуюмин сол аст бо ташаббуси Китобхонаи миллӣ доир мегардад, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои дахлдор иштирок ва суханрони намуданд.
Салима Раҷабзода, муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ дар оғоз суханронӣ карда, ҳозирин ва иштирокдорони озмунро ба Китобхонаи миллӣ хуш омадед гуфт. Салима Раҷабзода ҳадаф аз баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”– ро арҷгузорӣ ба таърихи миллати тоҷик, қадр намудани корнамоиҳои наҷиб ва фаромӯшнашаванда, фаъолияти пурсамар ва шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи давлатсозӣ, наҷоти давлату миллат аз нобудшавӣ, барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ, густариши фарҳангу тамаддуни халқ, ташаккули давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд арзёби намуд.
Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода иштирокдорони озмунро муборак бод гуфта, иброз дошт,ки ки китоб хондан ба мавқеи иҷтимоию сиёсии мо вобаста нест ва ҳар нафар новобаста аз мавқеи иҷтимоии худ бояд барои мутолиа вақти муайян дошта бошад. “Иштирокчии Озмуни ҷумҳуривии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”, ки осори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бояд мутолиа, ҳазм ва дар ҳаёти рӯзмара истифода намояд, баҳри эҳёнамоии таърихи пурғановат ва пурифтихори миллати тоҷик, таърихи забону тамаддун, муаррифии фарҳанги бою ғании миллати тоҷдору куҳанбунёдамон таъсири калон мегузорад. Бинобар ин, насли наврас ва ҷавонони мо баҳри баланд бардоштани ҳиссии ватандӯстӣ, рӯй овардан ба ҳувийяти миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, зиракии сиёсиву меҳанпарастӣ ин асарҳоро мутолиа намоянд”- илова кард, зимни суханронии худ Сайдулло Қувватзода.
Дар идома, котиби комисияи озмуни мазкур, муовини директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Камолзода вобаста ба ҷараёну толорҳои баргузорӣ, вақту замон низомнома ва рафти баҳогузории ҳакамон суханронӣ кард.
“Озмуни ҷумҳуривии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” соли дуюм аст бо ташаббуси Китобхонаи миллӣ ташкил ва баргузор карда мешавад. Ҷойи якум ба иштирокчие дода мешавад, ки беш аз 90% асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мутолиа ва ҳифз намудааст”- гуфт Сайфиддин Камолзода.
Бояд зикр намуд,ки иштирокдорони озмун донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар ду гурӯҳи алоҳида миёни ҳам сабқат меороянд.
Донишҳои азбарнамудаи иштирокдорони Озмун тибқи мазмуни асарҳои Пешвои миллат муайян карда мешавад, аз ҷумла:
– донистани маълумоти муфассал доир ба асарҳои Пешвои миллат;
– доштани маълумот оид ба ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллат;
– қобилияти нақлу тафсири воқеаҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– баёни порчаҳои муҳимми асарҳо, асосноккунии дастовардҳо, корнамоӣ ва ободкориҳои Пешвои миллат;
– донистани санадҳои муҳимми меъёрии ҳуқуқӣ оид ба мақоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– донистани мероси таърихию фарҳангии моддиву маънавии халқи тоҷик;
– донистани сарчашмаҳои таърихӣ ва асарҳои илмию бадеӣ, ки дар асарҳои Пешвои миллат истифода шудаанд;
– доштани қобилияти суханварӣ, озодбаёнӣ ва ровигӣ;
Ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ:
Ба ғолибони ҷойҳои якум ҷом, диплом ва мукофоти пулӣ тақдим карда мешавад. Ба ғолибони ҷойҳои дуюм, сеюм ва ифтихорӣ диплом ва мукофоти пулӣ тақдим карда мешавад.
Ғолибон ба ду гурўҳ ҷудо карда мешавад:
- Ғолибони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ.
- Ғолибони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ.
Мукофотҳои пулӣ барои ғолибони Озмун ба таври зерин муқаррар карда мешаванд:
– барои ҷойҳои якум – 20 000 сомонӣ (ба ҳар яке аз ғолибон);
– барои ҷойҳои дуюм – 15 000 сомонӣ (ба ҳар яке аз ғолибон);
– барои ҷойҳои сеюм (ду ҷой ба ҳар кадом гурўҳ) – 7 500 сомонӣ (ба ҳар яке аз ғолибон);
Ёдовар мешавем, Озмун аз 23-юм то 26 уми сентябр дар Китобхонаи миллӣ идома карда, маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон дар толори ошёнаи сеюми бинои Китобхона доир мешавад.
Хабару гузориш аз рафти Озмун дар идомаи баргузорӣ нашр мегардад.
Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа