Оғози озмуни “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” байни донишҷӯён ва хонандагон
Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар идома дорад. Ин озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омўзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими Ваҳдати миллӣ, эъмори модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омўзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Пешвои миллат миёни қишри ҷавони аҳолии кишвар, бахусус донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ доир мегардад.
Озмун аз ҷониби Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон эълон шуда, дар роҳи рўй овардан ба ҳуввияти миллӣ, зиракии сиёсӣ, худшиносию меҳанпарастӣ ва дар маҷмуъ эҳтирому шукргузорӣ аз истиқлоли сиёсӣ ва ба ин васила ҷалби ҷавонон ба осори пурғановати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми назарраси ин шахсияти шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ дар бунёди давлати навини тоҷикон, пайгирии сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшудаи ў, ваҳдатофаринӣ, инсондўстӣ ва дигар паҳлуҳои шоистаи фаъолияти роҳбарии ў дар самти якпорчагии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар нақши созгор хоҳад дошт.
ВИДЕО