Оғози рўзи Дарҳои боз дар Китобхонаи миллӣ
Субҳи имрўз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи Дарҳои боз бо шукӯҳу ҷалол оғоз кардид ва фардо низ идома хоҳад кард. Ташаббускори ин тадорукот Шуъбаи менеҷмент ва маркетинг мебошад.
Чорабиниро бо суханони муқаддимотӣ Директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода оғоз намуда, иброз дошт, ки бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ муассиса тасмим гирифт ин ду рӯзро чун Рӯзи Дарҳои боз эълон кунад ва ҳадаф аз ин бештар аз пештар шинос кардани сокинон бо шароитҳои Китобхонаи миллӣ ва ҷалби онҳо ба китобхонӣ мебошад.
Директори Китобхонаи миллӣ дар бахши дигар аз суханрониаш дар бораи иқдомҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ҷалби шаҳрвандони кишвар ба китобу китобхонӣ, ташаббусу иқдомҳои бесобиқаи Сарвари давлат барои ташкили озмунҳои китобхонӣ, бахусус “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҳарф зад ва иброз дошт, ки Китобхонаи миллӣ ҳамасола мизбони даври ниҳоии ин озмуни ҷумҳуриявист.
Дар маросими ифтитоҳи Рӯзи дарҳои боз намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Шералӣ низ ширкат ва суханронӣ намуд ва аз ин иқдоми роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ситоиш кард.
То нимирӯзӣ даҳҳо нафар намояндагони вазоратҳои фарҳанг, тандурустӣ, корҳои дохилӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати корҳои хориҷӣ, Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ва ғайра вориди Китобхонаи миллӣ шуданд.
Дар маросими ифтитоҳ намояндагони расонаҳои хабарии дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла, телевизионҳои «Сайёҳӣ», «Илм ва табиат», «Душанбе HD», «Баҳористон» ширкат ва наворҳо бардоштанд.
Нашриёти “Адиб” намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашри худро ташкил карданд.
Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон низ барои муаррифии худ ва фурӯши симкортҳо аз ин чорабинӣ ва ҳузури гарми мардум истифода карданд.
Роҳбаладон гурӯҳ-гурӯҳ меҳмононро ба толорҳои хониш роҳнамоӣ намуданд ва онҳоро бо шароитҳои хуби фароҳамомада дар китобхона ошно намуданд.
Ҳамчунин дар ошёнаи дуюми Китобхонаи миллӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ низ доир гардид.
Раҳима БОБОЕВА,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.