Оғози “Рӯзи дарҳои боз” дар Китобхонаи миллӣ
Чун анъана ҳамасола дар арафаи ҷашни бузурги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Рӯзи китоб” дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии рӯзи “Дарҳои боз” баргузор мегардад. Бо ҳамин мақсад имрӯз дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии рӯзи “Дарҳои боз” баргузор гардид. Дар чорабинӣ мазкур намояндагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, вазоратҳои фарҳанг, маорирф ва дигар сохторҳои зидахли кишвар, дигар олимону донишмандон ва донишҷӯёну хонандагон иштирок намуданд.
Дар саҳни Китобхонаи миллӣ намоиши китобҳои адабию илмӣ ва намунаи ҳунарҳои мардумӣ пешниҳоди иштирокчиёни чорабинӣ гардонида шуд.
Дар ифтитоҳи кушодашавии рӯзи “Дарҳои боз” нахуст директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода баромад карда, қайд намуд ки китоб беҳтарин дӯст ва манбаи илҳому хирад ва донишу малака аст. Маҳз китобу китобхонӣ метавонад, ки инсонро дар рӯҳияи вантандӯстию ватандорӣ тарбия намояд.
Директори Китобхонаи миллӣ дар идомаи суханрониаш аз иқдомҳои бесобиқаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати ҷалби мардум ба мутолиа, роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявии мутолиаи китоб, шароити мусоиди фароҳамшуда дар китобхонаҳои кишвар, аз ҷумла Китобхонаи миллӣ ибрози назар намуд.
Дар идомаи чорабинӣ мушовири бахши ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода баромад карда, изҳор намуд, ки бо дастгирии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президени мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобу китобхонӣ миёни ҷавонон ба ҳукми анъана даромадааст, ки исботи ин гуфтаҳо роҳандозӣ гардидани озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ аз ҷумла озмуни ҷумҳуриявии “Фӯруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фӯруғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” мебошанд.
Ҳамчунин дар идомаи чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби халқӣ – демократии ҶТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода баромад намуда, гуфт, ки маҳз китоб аст, ки таърихи куҳанбунёди мо, ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, дурдонаҳои назми ҳазорсолаи мо, достонҳо ва илму дониши даврони бостонӣ ва хираду заковати наслҳову халқҳоро зинда нигаҳ медорад.
Баъдан ба ташкилкунандагони чорабинии рӯзи “Дарҳои боз” Сипоснома ва Ифтихорномаҳои роҳбарияти КМТ супорида шуд. Таъкид гардид, ки чорабинӣ рӯзҳои 4-5 сентябр идома карда, барои дар сатҳи хуб муаррифи кардан, аз ҳисоби кормандони тамоми шуъбаву бахшҳо барои сайёҳати меҳмонон 40 нафар кормандони ҷавон сафарбар карда шудаанд, ки онҳо иштирокчиёнро роҳнамоӣ мекунанд.
Маврид ба ёдоварист, ки рӯзи китоб дар Тоҷикистон аз соли 2007 ба то ин замон 4 сентябр, дар рӯзи гузоштани санги асоси бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо баргузории чорабиниҳои мухталиф таҷлил мешавад.
Наргис НАЗАРЗОДА