Оғози сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон

20 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Улан-Батори Муғулистон шуданд.
Майдони пазироии фурудгоҳи байналмилалӣ бо Парчамҳои давлатии Тоҷикистону Муғулистон идона оро ёфта буд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Улан-Батор меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷии Муғулистон Батсэтсэг Батмунхийн ва дигар намояндагони воломақом ва расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.
Тибқи муқаррароти расмии сафарҳои давлатӣ дар назди тайёра роҳрави сурх густурда шуда, аз ду тараф сарбозони қаровули фахрӣ саф оростанд.
Маросими истиқболро ҳузури гуруҳи ҷавонони муғул бо либосҳои миллӣ ва анъанаи неки пазироии меҳмонони воломақом зиннат бахшид.
Маросими шинонидани ниҳоли дӯстӣ аз ҷониби сарони Тоҷикистону Муғулистон
20.07.2026 17.46

20 июл дар шаҳри Улан-Батор дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух дар як мавзеи зебо ба хотири таҳкими муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ ниҳоли дӯстӣ шинониданд.