Оҳангсози маъруфи тоҷик 77-сола шуд

Яхёев ҚудратуллоЯке аз маъруфтарин оҳангсозону бастакорони тоҷик Қудратулло Яҳёев ба синни 77 қадам гузошт. Ӯ якуми декабри соли 1947 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.

Аълочии маданияти СССР (1987), Лауреати  Мукофоти Комсомоли  ленинии Тоҷикистон (1987). Аълочии фарҳанги  Тоҷикистон (1996), Арбоби Ҳунари Тоҷикистон (1991). Омўзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (таҳти роҳбарии Г. С. Александров. 1967) ва Донишкадаи давлатии педагогии ба номи Гинесинҳои Москва (синфи композитсияи А. И.Хачатурян) – ро  хатм кардааст (1972 -74).

Сармуҳаррири Сарредаксияи мусиқии радиои  Комитети давлатии  давлатии РСС  Тоҷикистон оид ба телевизион ва  радиошунавонӣ (1974 -77), мудири қисми мусиқии Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А.Лоҳутӣ (1977 -89 ), сармуҳарири Сарредасияи мусиқии Радиои Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба телевизон ва радиошунавонӣ (1989 – 93),мудири Кафедраи созҳои мусиқии ДДОТ (1993 -96) буд: профессори ҳамин кафедра (2004).

Аз соли 1996 сармутахассиси Раёсати санъати Вазорати фарҳанги ҶТ буд.

Фаъолияти эҷодии Яҳёев аз замони таҳсил дар омўзишгоҳ оғоз ёфтааст: ”Прелюдия “- ҳо барои фортепиано ва як силсила”Рақс” –ҳо барои созҳои гуногуни мусиқӣ дар ҳамовозии фортепиано аз асарҳои нахустини ўянд. Солҳои донишҷў буданаш низ чанд “Прелюдия” –ҳо барои фортепиано, “Элегия”барои флейта ва фортепиано, ”Пйеса”барои скрипака ва фортепиано, “Пйеса” барои квартети омехта ва “ Соната” барои валторна ва фортепиано, сюитаи чорқисмаи “Тоҷикистон” барои оркестри симфонӣ ва ғайраро офарид, ки аз маҳорати баланди оҳангсозиаш шоҳодат медоданд.

Фаъолияти эҷодии серсоҳаву гуногунжанр ва баландмазуну рангинмавзўи Яҳёев асосан аз нимаи дуюми солҳои 70 авҷ гирифтааст.Махсусан достони симфонии “Суруди Ҳофиз”(ба Ҳофизи  Халқии РСС Тоҷ.  Ш. Ҷўраев бахшида шудааст), сюитаи сифонии “Идона”(иборат аз 4 қисм) ва достони симфонии “Хотирот”, сюита бахшида ба 5 –солагии истиқлоли Тоҷикистон – “Кишвари тоҷикон” (шеъри Ҷўра Ҳошимӣ), сюитаи вокалӣ –хореографии “Гулпаракон  омаданд” (шеъри С. Аюбӣ), сюитаи ”Ид омад” (1998),сюитаи “Машъали ҷовид” (1999: шеъри Н. Қосим) ва ғ.аз ҷумлаи асарҳои калонҳаҷме мебошанд, ки дар эҷодиёти ўомавқеи муҳимро ишғол кардаанд.

Яҳёев ҳамчунин дар мусиқии оркестрӣ (“Сюита барои оркестри симфонӣ – “Тоҷикистони ман”, симфонияи “Ёдбуди Талбак Лолаев”, достони симфонии “Суруди шаҳр”ва ғайра), созии камеравӣ ва мусиқии овозӣ (суруди “Коргар”, матн Н.Боҳирӣ), “Ватан” (суруди “Коргар”, матни Н. Боҳирӣ), “Ватан “( шеъри  Ф. Ансорӣ),”Офарин” (шеъри Ш. Маҳмад), “Табассум  кард” (шеъри А. Шукуҳӣ),сурудҳои”Аскарони  навҷавон” (шеъри Ҷўра Ҳошимӣ), ”Тоҷикистон “ (шеъри А. Қодирӣ) –ҳама дар  ҳамҷўрии созҳои оркестри халқӣ офарида шудаанд.

Яҳёев дар соҳаи мусиқии театр низ қувва озмуда, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст.  Ӯ аз нахуститин оҳангсозони тоҷик мебошад, ки барои эҷоди беҳтарин достони симфонии “Ба ёди Талбак Лолаев” бо медали нуқраи А. В. Александров мукофонида шудааст. Маҷм. Сурудҳои бачагона бо номи “Кабӯтарак” ба табъ расонидааст (1993).Мураттиби китоби “Таронаи Ваҳдат” (2001), муаллифи маҷмўаҳои суруду оҳангҳои “Булбулакон сароед”, “Обаки ширин” (ҳарду соли 2003)  мебошад.

Бо ордени “Шараф” мукофотонида шудааст(2000). Аз с. 1972 узви Иб. Ф. Каримов.

Аз китоби  “Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик” (қисми 3) таҳияи Салима Одинаева, мутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.