Оишаи Самарқандиро мешиносед?

Матлабе, ки дар таҳияи ҳамкорамон пешкаш мешавад, 35 сол пеш, соли 1987 дар шумораи дувуми маҷаллаи “Занони Тоҷикистон” чоп шудааст ва муаллифи он донишманди маъруф Усмон Назир мебошад. Устод Усмон Назир талош кардааст боя як чеҳраи камшинохтаи адабӣ, боз як бону суханвари асрҳои 11-12-ро ба хонандагон шинос кунад.  Инак мақола:

Шоираи орзупарвар

Дар сафҳаҳои китоби беоғозу анҷоми таърих дар сафи қаламкашони маонӣ исми адибагоне низ сабт гардидаанд, ки дар бораи кору рўзгорашон хеле кам медонем.

Аз ин зумра Оишаи Самарқандиро метавон зикр кард. Соли таваллуду вафоти ў то кунун равшан нест. Ҳамин қадар аён аст, ки ў дар охирҳои асри XI дар Самарқанд ба дунё омада, умр ба сар бурда, дар нимаи аввали асри XII эҷод кардааст. Муаллифони сарчашмаҳои машҳури илмию адабӣ ба мисли «Ал-мўъҷам»-и Шамси Қайси Розӣ, «Оташкада»-и Лутфалибеки Озар, «Намунаи адабиёти тоҷик»-и С. Айнӣ, Сайид Нафисӣ ва дигарон ба ин ё он сабабе дар хусуси Оиша сухан ронда, асл самарқандӣ будани ўро таъкид кардаанд, ки шакку шубҳае надорад.

Вале, мутаасифона, ҳамаи муаллифони зикршуда ва пасин дар хусуси ҷараёни зиндагии шоира хомўш мондаанд. Шояд маълумоте дар даст надоштаанд. Дар баъзе китобҳо мехонем, ки ў гўё дар дарбори султонҳои салҷуқӣ хидмат кардааст. Ҳоли адиба ҳини адои хизмати дарбор чӣ гуна буд, низ номаълум аст. Яқин метавон гуфт, ки рўзгори ин зани муштипари тоҷик дар дарбор хуш нагузаштааст, в-арна чунин намегуфт:

Эй соҳиби боғ, чашм бикшо, то чанд.

Мурдем зи ҳаҷри гул, мадоро то чанд!

Як бор ба рўям дари бўстон бикушой,

Аз рахнаи девор тамошо то чанд!

Дар ин шеър як оҳанги шикоят ва норизоии рўирости адиба бар зидди ҳукамон давр аён аст. Аз ростӣ аз рахнаи девор тамошо кардани зиндагӣ ба дили занони беҳуқуқ ва завлонаи ҷаҳолат дар пой зада буд. Аз ин рў, танқиди адиба нишонрасу бомавқеъ аст.

Аз мутолиаи мероси парокандаи Оиша бармеояд, ки ў зани босавод, боҷуръат, зиндагидўст, некбину некном, комилмаҳорат буда, ба илму адаб меҳри беандоза доштааст.

Мавзўи асосии ашъори шоираро танқиди ҷабру зулм, тараннуми ишқу вафо, ҳасби ҳол ташкил медиҳад. Дар тасвири бадеӣ адиба қобилияту маҳорати комил дорад. Аксар ашъорашро жанри хеле душвор-рубоӣ ташкил медиҳад.

Оиша лирики соҳибадост. Ба рўзгори ноорому пурташвиш ба чашми умед менигарад. Аз ин рў, қаҳрамони лирикии ў низ фаъол аст. Масалан, қаҳрамони шеъри ў шаби васли ёр, шаби розро давлати бузург мешуморад, аз он дар ташвиш аст, ки ногоҳ субҳ дамаду ў огоҳ нагардад, чунки ў кўтоҳшаби бо ёр буданро ба сад умри дароз доданӣ нест.

Ашъори роҳатбахши Оиша чун донаҳои ҷавҳари зери баҳри беҳудуд, дар баёзу девону тазкираҳо маҳфуз мебошад. Он чанд намунае, ки дар хусусашон сухан мераваду намуна меорем, бисёр шайдоён ташнакомони адабиёт шояд бори аввал мутолиа намоянд.

Одатан аҳли қалам зулфи парешонро ба рўзгори ноором ташбеҳ мекунанд. Оиша баракс, зулфи шоназада ва парокандаи маъшуқаро боиси дили шоду ҷамъ медонад. Ба қавли ў хандаи ёр дилро шод намуда, сабаби хати ризоияти дилдода ба озодии ошиқ (ба мақсад расидани онон) ва дили ҷамъ, боиси ризоият ва банда шудани (розигии) маҳбуба ба ошиқ мегардад:

Турке, ки дилам шод кунад хандаи ў,

Дил ҷамъ кунад зулфи парокандаи ў.

Бистед зи ман хате ба озодии худ,

Оварда хате, ки ман шавам бандаи ў.

Оҳанги шикоят дар шеъри Оиша баланд садо медиҳад. Садои ў садои норозигии занони Шарқи мазлум буд. Оиша басо раҳмомез сухан меронад, гоҳ ниҳону гоҳ ошкоро роз ифшо мекунад. Ба ҳамаи бадбахтию нокомии мо замона гунаҳгор аст мегўяд, вале он қадар ошкор не, худро ба доми бало фиканданӣ нест.

Шаб нест, ки оҳи ман ба ҷавзо нарасад

В-аз гиряи ман сел ба дарё нарасад.

Маъшуқ маро ваъда ба фардо кардаст,

Тарсам, ки маро умр ба фардо нарасад.

Нарм-нармак сухан мегўяд. Дар паи бамақсадрасист. Ифшои розро ба хонанда ҳавола мекунад. Хонанда мефаҳмад, ки роҳи махсуси эҷодиро пеш гирифтааст, ки он ба таъбири халқ гўем, душманро ба шакар куштан аст:

Шоира дар тасвир маҳорати том дорад. Шаклу мазмуни ашъораш мувофиқ. Лавҳаҳои зиндагиро бағоят ҳақиқию ҷозиб ба қалам медиҳад. Дар тасвири ў аксар маъшуқа фаъол мебошад.

Худи ба «Намунаи адабиёти тоҷик» ҷой додани Оиша нишони эҳтироми устод Айнӣ ба ў ва мероси вай мебошад.

Аз мутолиаи ашъори парокандаи адибаи ҷаззобсухан пай бурдан душвор нест, ки ў дар дил таманнои зиёде доштааст. Ў дар орзуи дидани рўи гул, раҳидан аз ҳиҷрон, тамошои бўстон буд. Аз рахнаи девори танги зиндагӣ-хонаи танги хеш, ҷаҳони танги онрўза тамошо кардани зиндагӣ ба дилаш зада буд. Бинобар он орзуи ҳазорон занро ифода намуда, ба соҳиби боғ-ҳокимони ҷаббор боҷуръат муроҷиат мекунад: «Аз раҳнаи девор тамошо то кай?!»

Барои гуфтани чунин суханҳои душманкуш ҷуръату матонат, нотарсӣ зарур буд. Сатр фавқи одӣ нест, балки азму талош, барои ба орзу расидан, истодагарӣ баҳри ҳаёти хуш аст. Ҳар чӣ аз дасти зани тоҷик омад, бикард, ҳар чӣ дил амр кард, ба қалам овард. Вале суханони ногуфта, армонҳои нашикаста, умедҳои амалӣ нагашта басо бисёр буданд…

Усмон НАЗИРОВ.

Аз маҷаллаи “Занони Тоҷикистон”, 1987, №2 таҳияи Мадина Ҳамидова, мутахассиси пешбари шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.