Ҷоизаи давлатӣ ба адиби хушном Ато Мирхоҷа муборак бод!
25 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд.
Аз ҷумла, адиби маъруф, Ҷонишини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа низ ба дарёфтит ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шарафёб шуд. Суҳбати ҳамкорамон Раҳима Бобоева, ки соли гузашта баъди анҷоми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” доир шуда буд, пешкаши хонандагони азиз мекунем.
Ато Мирхоҷа: Хонаи ман он қадар китоб дорад, ки маҷбур шудам, баъзеяшонро коргоҳам барам
Дар охирин рӯзи озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» Бо Муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоири шинохта Ато Мирхоҷа ҳамсуҳбат шудем. Ва табиист, ки суҳбати мо аввал дар атрофи озмун буд ва баъд дар атрофи масоили дигаре, ки он ҳам ба китобу китобхонӣ иртибот дошт, ҷараён гирифт.
– Бардошти Шумо аз озмун? Он чӣ хоҳад дод?
– Озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ба як маъракаи бисёр муҳими фарҳангӣ табдил ёфт. Ман фикр мекунам баъди 2-3 сол маърифати ин озмунро хубтар дарк мекунем, ки дар васеъ кардани тамоми қишрҳои мардум саҳми зиёд хоҳад гузошт.
Имсол озмун дар сатҳи баландтар гузашт, аз соли гузашта хеле фарқ мекунад. Ҳам тайёрии касоне, ки дар ин ҷо ширкат карданд, пухтатар аст, масъалаҳои ташкилӣ хуб буд, кумитаи тадорукот бисёр чизҳои навро ворид кард. Ҳакамон низ аз ҳисоби шоиру нависандагон, адабиётшиносон, одамони варзида ҳастанд. Худашон низ бо тайёрии пухтатар омаданд. Ман гумон мекунам, соли оянда боз ҳам такмил додан даркор аст, чунки дар раванди баргузории озмун мушкилоти нав, идеяи нав пайдо мешавад.
Мушоҳида намудам, ки дар ин озмун ба дрматургя ва асарҳои саҳнавӣ диққат дода нашудааст. Ҳол он, ки драматургия ва асархои саҳнавӣ имрўз барои мо хеле муҳим ҳастанд. Масалан, ман ҳамчун корманди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гуфта метавонам имрўз мо драматурги ҷавон надорем. Агар мо ҳозир аз курсии талабагӣ ҳамин нафаронро тайёр накунем, дар оянда наметавонем драматури хуб дошта бошем. Бинобар ин пешниҳод менамоям дар озмун номинаи «Хондан ва аз ёд кардани асарҳои саҳнавӣ» дохил карда шавад. Ва ин бисёр муҳим аст барои мо. Ба ин номина на танҳо драма дохил мешавад, спектакл, асарҳои кино, намоишномаҳои театришуда, намоишномаҳои оммавӣ, намоишномаҳои радиоӣ, телевизионӣ низ шомиланд. Яъне ин як бахши бузург аст, ки мутаасифона, агар имрўз ба он диққат надиҳем, дар оянда кадрҳои хуб дошта наметавонем. Бубинед идҳои Садда, Наврўз, Меҳргон баргузор мешаванд. Агар номинаи зикршудро роҳандозӣ намоем, аз ҳисоби ҷавонҳо кадрҳои нав ва сенаристҳо рўи кор меоянд. Касоне, ки дар ин озмун иштирок карданд, ба худашон бовар доранд, ҷуръат доранд. Умедворам нафаре сазовори шоҳҷоиза мешавад, ки албатта моро хурсанд мекунад. Ман фикр мекунам тамоми нафароне, ки сазовори ҷойҳои авввал гаштанд, лоиқанд. Шоҳҷоиза ҳам насиби он нафаре мегардад, ки аз ҳама дониши баланд дораду тамоми талаботи озмунро риоя кард.
– Шумо шоиред, китоб менависед. Романатон дар ду ҷилд нашр шуд. Оё гуфта метавонед дар кишвар сатҳи китобхонӣ то куҷо боло рафтааст?
– Ман чанд сол пеш мусоҳиба дода будам ва гуфта будам, ки сатҳи китобхонии ҷомеа моро ба ташвиш овардааст. Чунки 3-4 сол пеш сатҳи китобхонӣ бисёр ҳам суст буд. Озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» барои китобхон шудани мардум бисёр такони ҷиддӣ дод. Дар ин ҷо албатта, мушкилоти дигар ҳам ҳастанд, ки бояд ҳал шаванд.
– Масалан?
– Китобҳо бояд ба музофотхо ва деҳаҳо расонда шаванд. Имрўзҳо дар деҳаҳо китобхонаҳои мо ба таври лозимӣ фаъол нестанд. Масалан, як нафар аз Панҷакент, ё Айниву Мурғоб ба китоб дастрасӣ надорад. Бинобар ин дар озмун иштирок карда наметавонад. Фишанги ба мардум расондани китоб қариб, ки аз байн рафтаст. Барои он, ки мардуми мо китобхон шаванд, бояд дар сатҳи мақомотҳои дахлдор, вазоратҳои дахлдор масъалаҳои ба мардум расондани китобро бо теъдоди зиёд ба роҳ андозем. Масалан бо нашри 500 дона китоби ман ё ягон шоири бузург намешавад. Ин 500 дона ба як мактаб намерасад. 500 дона чӣ аст барои миллати 9 миллионнафарӣ? Ақаллан 2000 шумора ба чоп расад, ки мардум 1 донаӣ дар ноҳияҳо бигиранду бихонанд. Ҳастанд, вале ҳамин кўшиши хондану аз худ кардани ин озмун ба мо дастак медиҳад, ки дар оянда мардуми китобхон шавем ва масъалаи ба мардум расондани китоб низ ҳал шавад.
– То ҷое медонем шумо ба қаламрави кишвар сафарҳои зиёди корӣ доред Ба андешаи шумо дар музофотҳо сатҳи китобхонӣ то куҷо болост?
– 2 сол пеш мақола навиштам. Боре дар фестивали китобҳои бачагона иштирок кардем. Он ҷо суруд буд, мусиқӣ буд, рақс буд, китоб набуд мутаасифона (механдад). Ман изҳори нигаронӣ намуда будам. Ҳоло вазъият беҳтар шудааст. Як нафар аз аъзои ҳакамон дар мусоҳибааш гуфт бачаҳое, ки дар озмун иштирок карданд, бештарашон шоирону нависандагони маҳалли худашонро мутолиа карданд, дигаронро намедонанд. Гапаш дуруст аст. Барои он, ки дар Душанбе вақте китобҳои нависандагону шоирони мо чоп мешаванд, ба маҳалҳо кам меравад, вале шоиру нависандаи маҳаллӣ вақте китоб менависад, вай ба ҳама мерасад (механдад). Масалан ба мактаб. Ва бачаҳо аз ҳамонҳо истифода мекунанд ва аз дигар чизҳо маҳрум мемонанд. Ин проблема аст ва бояд ҳал карда шавад. Масалан, китобе, ки дар Душанбе чоп мешавад, дар Хуҷанд, Хоруғ ҳамон моҳ расад, дер накарда. Ё масалан дар Хуҷанд агар китоб нашр шуд, худи ҳамон моҳ ба Кўлоб расонда шавад. Ба ҳамин воситаи метавонем сатҳи китобхонии мардум, маърифати худ ва ваҳдати худро боло барем.
– Мушкили таблиғи китоб вуҷуд дорад?
– Мушкили таблиғи китоб вуҷуд дошт, ҳоло не. Нашриёти «Адиб» дар ин самт корҳои зиёде анҷом додааст. Узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва узви Раёсати нависандагони Тоҷикистон шоир Давлат Сафар корвонҳои китоб ташкил мекунад, китобро ба пеши мардум мебарад, фестивалҳои китоб баргузор мекунад. Инҳо албатта лозим ҳастанд. Боз коре кунем, ки китоб бевосита ба дасти мардум расад. На ин ки мо як ид ташкил кунем ва мардум китоб хонад. Ин албатта, як васила аст ва ҳамин чизро ҳамеша роҳандозӣ кунем.
Дар бораи мағозаву дуконҳои китобфурўшӣ, ки пеш зиёд буду ҳоло кам шудааст, чӣ назар доред?
– Бояд дуконҳои китобфурўширо зиёд кунем. Агар мо нон фурўшем, фоидаи мувақатӣ мегирем. Агар имрўз ба китоб диққат надиҳем, фоида намеорад. Мо баъд зарари калон мебинем, зарари даҳсолаҳо.
Давлат ширкатҳоро вазифадор кунад, ки дар вилоятҳову ноҳияҳо ба мардум китоб баранд. Масалан ман дар шахри Бохтари вилояти Хатлон мехостам китобамро ба фурўш гузорам, як мағозаи китобфурўшӣ наёфтам. Тасаввур мекунед дар марказ, дар шаҳри Бохтар. Ё дар шаҳри Хоруғ мағозаи китобфурушӣ тамоман вуҷуд надорад. Масалан як нафар маска мефурўшад, мегӯед бародар ҳамин китоби маро фурўш. Албатта ин таҳқир аст. Ба ғайр аз шаҳри Душанбе дар тамоми вилоятҳои мо мағозаи китобфурушӣ нест. Зарарашро мо баъд мефаҳмем, пас аз даҳсолаҳо. Ин масъала ягон мушкил надорад, агар хоҳанд ҳал карда метавонанд.
– Агар махфӣ набошад,худатон соле чанд китоб мехонед?
Соле 365 рўз китоб мехонам (механдад). Ҳар рўз китоб мехонам. Ҳисоб накардаам.
– Фарзандонатон чӣ? Умуман дар хонаводаи шоир Ато Мирхоҷа китобхонӣ чӣ гана таблиғ мешавад?
– Хонаи ман он қадар китоб дорад, ки маҷбур шудам, баъзеяшонро коргоҳам барам (механдад). Чунки хонаи ман танг аст. Духтарам, писаронам ҳамаашон китобхон ҳастанд, китобро медонанд. Дар ин масъала дар хонаводаи ман ягон мушкил нест.
– Ташаккур барои суҳбат ва саломат бошед.
Мусоҳиб Раҳима Бобоева,
шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.