Ҷоизаи Нобел дар адабиёт насиби адиби Фаронса Анни Эрно шуд

Ҷоизаи имсолаи Нобел дар адабиёт насиби адиби маъруфи Фаронса Анни Эрно шуд. Анни Эрно солҳои тӯлонӣ борҳо ба ин ҷоиза пешниҳод шудааст. Ӯ бештар бо асарҳои шарҳиҳолиаш маъруфият дорад.

Дар баёнияи академӣ аз ҷумла омадааст, ки “Анни Эрно ин ҷоизаро ба далели шуҷоат ва дақиқияти клиникӣ, ки аз ин тариқ вай бегонагӣ ва маҳдудиятҳои  ҷамъии хатароти шахсиро кашф мекунад”, дарёфт кард.

Анни Эрно 82 сол дошта, нависанда ва устоди донишгоҳ дар Фаронса аст. Ӯ  дар Нормандия бузург шудааст. Модараш яҳудии эронист, ки дар Озабойҷони Ғарбӣ таваллуд шуда, баъдан ба Британия кӯч бастааст.

Нахустин асари адабии ӯ соли 1976 мунташир шуд ва то кунун беш аз 20 китоби ӯ чоп шудааст.

Анни Эрно ҳамчунин устоди донишгоҳ дар риштаи адабиёт аст.

Осори адабии ӯ бештар тарҷумаиҳолӣ буда, ба ҷомеашиносӣ робитаи наздик дорад.

Яке аз машҳуртарин асарҳои Эрно китоби “Ҳаводис” аст. Нависанда дар ин китоб дар бораи он нақл мекунад, ки чӣ тавр ӯ соли 1963 вақте дар Фаронса муҳоҷири ғайриқонунӣ буд, мушкилоти исқоти ҳамлро пушти сар гузошту зинда монд. Соли гузашта коргардон Одри Диван барои филмаш аз рӯи ин китоби мазкур сазовори ҷоизаи “Шери тиллоӣ” дар синамоҷашнвораи Венетсия шуда буд.

Китобҳои дигари нависанда, ки солҳои мухталиф барояш шуҳрат овардаву соҳиби ҷоизаҳои мухталиф шуда буданд, низ асарҳои тарҷумаиҳолии ӯянд, яъне сужаҳои ин асарҳо аз ҳаёти шахсии ӯ гирифта шудаанд. Аз ҷумла, муносибати муаллиф бо падар ва мардони дигари ҷомеа (“Хотираҳои як духтар”), ишқварзиҳо бо дипломати Шӯравӣ (“Иштиёқи маъмулӣ”), бемории Алсгеймер ва марги модари ӯ (“Зан”) ва ғайра.

Эрно вақте дар бораи сарнавишти худаш нақл мекунад, зиндагии насли худро низ таҳлил мекунад ва заминаи иҷтимоӣ, сиёсии онро тавсиф мекунад. Барои мисол нависанда дар китоби “Солҳо” достонҳое аз зиндагии худро бо муҳимтарин рӯйдодҳое, ки дар тӯли ним қарн дар Фаронса рух дода, дар ҳам меомезад.

 

Зарфи чанд моҳи охир тахминҳо барои дарёфти ҷоизаи Нобел дар адабиёт зиёд буданд. Аз ҷумла аз адибони Фаронса Мишел Уэлбек ва Мариз Конде, адиби Ҷопон Харуки Мураками, шоира Энн Карсон ва нависанда Маргарет Этвуд аз Канада ном бурда мешуд.

Соли ҷорӣ бештар ба ду номинанти эҳтимолӣ – адиби британиёии ҳиндтабор Салмони Рушдӣ ва нависандаи Русия Людмила Улитская, ки зидди ҷанг бо Украина бархоста буд, бештар таваҷҷуҳ карда мешуд. Номзадии адиби Украин Сергей Жадан моҳи марти соли равон аз ҷониби Академия  илмҳои Лаҳистон пешниҳод шуда буд. Гуфта мешуд, ки “Украинаи озод ба афкори Жадан беш аз ҳар вақти дигар гӯш фаро медиҳад”.

Мо ба адабиёт ва сифатҳои адабӣ тамаркуз мекунем, на ба фаъолиятҳои имрӯзаи он”,-бори дигар таъкид намуд намояндаи академияи Шведсия баъди эълони исми Анни Эрно.

 

Гуфтанист, ки маъмулан моҳи майи ҳар сол рӯйхати муддаиёни ҷоизаи Нобел таҳия мешавад ва аъзои акадимия, ки ҳамаги ҷоизадорони Нобел, мунаққидон, адибони маъруф ва олимони шинохтаанд, муддати панҷ моҳ ин асарҳоро комил меомӯзанд.

Ҷоизадори нав ҳамагӣ якуним соат пеш аз эълони исми ӯ тариқи овоздиҳӣ дар ҷаласа интихоб мешавад.

Ҳамаи асноди пешбарии номзадҳо ва баҳсу баррасиҳо муддати 50 сол махфӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Соли 2018 ҷоизаи Нобел дар адабиёт ба далели иттиҳоми озор ва азияти ҳамсари яке аз аъзои академӣ эъто нашуд.

Б.Шафеъ