Ҷойгоҳи занон дар ҳунари мусиқӣ
Мусиқӣ яке аз воситаи муҳими тарбияи зебоишиносӣ- эстетикии омма буда, одамонро ба меҳнат, мубориза ва корнамоиҳои бузург раҳнамоӣ мекунад…
( З. Шаҳидӣ)
Аввалин суруде ки ба самъи нозуки кӯдаки навзод мерасаду ӯро аз ҳисси изтироби ҷаҳони атроф раҳоӣ мебахшад, “Алла”- модар аст. Садои маҳину мулоим, назокати самимонаи овози модари ғамхору мушфиқ дар зеҳни инсон абадӣ нақш мебандад. Шояд аз ин сабаб мо бештар ба овози бонувони хушсадо Тӯҳфа Фозилова, Ҳанифа Мавлонова, Барно Исҳоқова, Гулчеҳра Содиқова ва даҳҳо хушовозони дигар таваҷҷӯҳи беандоза дорем.
Сурудҳои асил ва қадимро метавон танҳо аз забони занону духтарон шунид, зеро айнан модари тоҷик дар тӯли ҳазор соли тохтутози ҷаллодону бегонагон тавонист забони ноби тоҷикиро ҳифз намуда, ба кӯдакаш омӯзонад ва ба гӯши ӯ суруди қадимиро замзама намояд. Яке аз қадимтарин мавзеъҳои Тоҷикистон, ки дар он ҷо таронаҳои шояд ҳазорсола бо шакли асилашон ҳифз карда шудаанд, Бадахшон мебошад. Амали дойра задан ва лабчангнавозӣ яке аз ҳунарҳои мардуми Бадахшон мебошад. Гурӯҳи занон ҳангоми таваллуди кӯдаки навзод бо садои пурҳашамати дафҳои калон ин хабари хушро ба аҳли деҳа мебаранд. Машҳуртарин суруди бадахшонӣ Даргилик аст, ки ин таронаи ҷонсӯз аз тарафи модарони меҳрубон ва хоҳарони мушфиқ офарида шудааст, ки онро асосан занон месароянд. Дарди дили модарро танҳо суруди ҷонсӯз метавонад як миқдор ошкор созад. Даргилик намунаест аз ин нолаҳо. Суруди ҳазорсолаи модари тоҷик, навҳаи ҳасратангези даргилик дар лаҳзаи зарурии таърих дарди фироқи миллатро даво бахшид. Ин аст қудрати суруди зан, ин аст таъсири бе мислу монанди навҳаи модар….
Мусиқии маҳфилҳои занон яке аз машҳуртарин намудҳои санъати касбии тоҷик ба шумор меравад. Тайи садсолаҳо маҳфилҳои хушу хурсандӣ, базму идҳоро занон ҷудо аз мардон ташкил мекарданд. Ҳатто дар маъракаҳои соф динӣ сурудхониву хурсандӣ ҷой дошт, баъд аз анҷоми маросими динӣ ва тановули ғизо як гурӯҳи занон ба суруду рақс оғоз намуда, чанд лаҳза хурсандӣ мекарданд.
Овозхони машҳури мо дар жанри фалак Гулчеҳра Содиқова хеле моҳирона месарояд. Сароянда овози дилрасу форам дорад ва шунаванда беихтиёр ғарқи дарёи хаёл гашта, ба фазои замонҳои қадим парвоз мекунад. Дар пойтахти Тоҷикистони азизамон боз дастаи нави ҳунарӣ -Ансамбли бонувони рубобнавоз ташкил карда шуд, ки рамзи таърихии эҳёи суннатҳои қадимист.
Садои хуши Шоиста Муллоҷонова то имрӯз дар гӯшу дар зеҳни мост, назокати сурудҳои Муслима Боқиева, Раъно Ғолибова хазинаи тилоии фарҳанги пурғановати мост. Дар садои шодравон Барно Исҳоқова ва Нигина Рауфова дарди дили тоҷикони шеърдӯсту фарҳангшиносро метавон ёфт.
Имрӯз бонувони соҳибовозамон Мастона Эргашева, Хосияти Зарафшонӣ, Ҳаётой Муъминова, Моҳрухсор Сафиева, Муҳаррама Шарифова, Нигина Амонқулова ва зиёд овозхонони дигар сабқати ҳунарии қарнҳоро бар дӯш доранд. Ҳазор шукри тақдир, ки дар қалби модарону хоҳарони мо лаҳни миллатсози мусиқии тоҷик маъво гирифтааст…
Фароғат ТОЛИБОВА, муовини сардори Шуъбаи феҳристнигорӣ.