«Олами ҳайвонот ва парандаҳо» дар «Маҳфили расмкашӣ»
Имрўз дар шуъбаи кўдакон ва наврасон мувофиқи нақшаи корӣ маҳфили расмкашӣ бо унвони «Ман метавонам!» дар мавзўи «Табиати олами ҳайвонот ва парандаҳо» бо хонандагони фаъоли шуъба гузаронида шуд.
Табиати Тоҷикистон бой ва рангин аст. Бино ба маълумоте, ки дар “Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон” омадааст, олами ҳайвоноти кишвар дорои бештар аз 13 ҳазор ҳайвон мебошад. “Ташаккулёбии фаунаи Тоҷикистон дар давраи дуру дарози таърихӣ сурат гирифтааст ва мавҷудияти беш аз 800 намудҳои эндемикии ҳайвонот, ки танҳо дар ҳудуди Тоҷикистон вомехӯранд, аз ин гувоҳӣ медиҳад”,- навиштаанд муаллифони ин китоб.
Аммо мутаассифона, 222 намудҳои нодир зери таҳдиди маҳв шудану нобуд гаштан қарор доранд. 81 намуди инҳо ҳашараҳо, 14 намуд моҳиҳо, 31 намуд хазанда, 43 намуд парандагон ва 44 намуд ширхӯрҳо дар садади нест шудан мебошанд, ки номгӯи онҳо дар “Китоби Сурх” дарҷ шудааст.
Муаллима дар оғоз дар атрофи ин ва масъалаҳои дигари ҳифзи олами ҳайвоноту набототи кишвар сухан ронд, бо бачаҳо атрофи ин суҳбат ва суолу ҷавоб кард.
Хонандагон оид ба ин мавзўъ шеърҳо қироат намуда, афсонаҳо нақл карданд. Сипас, мувофиқи завқи худ акси ҳайвоноту парандагонеро, ки дар бораашон медонистанду шинос буд, кашиданд.
Уғул Бобораҳимова