Олами маъюбон кадом аст?
Сайфулло Насимов китобчаеро бо номи “Олами маъюбон” аз тариқи ташкилоти ҷамъиятии “Мушфиқи маъюбон”-и шаҳри Кӯлоб ба нашр расондааст. Ин китобча соли 2021 бо сарсухани доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъахон Алимӣ ба дасти хонанда расиддаст.
Профессор Ҷумъахон Алимӣ дар пешгуфтор менависад:
Проблемаи беҳтар намудани шароит ва истифодаи самараноки иҷтимоигардонии технологияи созгории иҷтимоии шахсони имконияташон маҳдуд дар солҳои охир махсусан муҳим гашта мондааст. Чуноне Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президети мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардааст: «Давлат соҳибихтиёри тоҷикон фаъолияти худро дар асоси Сарқонун ба роҳ мемонад, ки дар моддаи якум, дар баробари ҷанбаи демократӣ, ҳуқуқӣ ва дуньявӣ будани давлат, Тоҷикистонро иҷтимоӣ эълон намудааст, ки сиёсати он ба эҷоди шароитҳои таъминкунандаи зиндагии шоиста ва рушди озоди инсон равона карда шудааст .
Ғояи самтнокии иҷтимоии давлат имрўз то ҳол предмети тадқиқоти амиқи олимони Тоҷикистон қарор нагирифтааст. Ҳамзамон, проблемаҳои давлати иҷтимоӣ, ки ҳолати «сифатӣ» -и фаъолияти худро фаро мегирад, сиёсати воқеиро роҳандозӣ мекунад, то ин ки зиндагии шоистаю арзанда ва рушди озодонаи шаҳрвандиро таъмин кунад, ки имрўзҳо бештар аз пештар дар марҳалаи ҳозираи рушди ҷомеа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтар гаштааст.
Вазифаи давлат оид ба ҳифзу ҳимояи иҷтимоӣ – ин проблемаи муҳимтарини давлати иҷтимоӣ мебошад. Моҳияти ҳифзу ҳимояи иҷтимоӣ он аст, ки тақсимоти даромадҳо байни гурўҳҳои гуногуни иҷтимоӣ чунон сурат гирад, ки ягон нафари он худро бенаво ва фақир эҳсос накунад. Махсусан ин гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ – кўҳансолон ва маъюбон мебошанд, ки ба ҳисоби миёнаи мо 7% -и теъдоди умумии аҳолии ҷумҳуриро ташкил мекунад. Басандагӣ ва кифояти таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ нисбати ин гурўҳи осебпазири шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дар маҷмуъ ҷомеа, новобаста ба афзоиш и теъдоди онҳо ҳар сол зоҳир карда мешавад.
Масалан, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар баробари дигар кўдакони маъюб ва маҳдудимконият дар моддаи 6 (Кафолати давлатии ҳуқуқӣ шаҳвандон барои таҳсил) мушаххасан ва равшан кафолатҳои онҳо барои таҳсил муайян карда шудаанд:
- “Давлат таъминот ва хароҷоти таълим ва тарбияи кўдакони ятим ва кўдакони маъюб, кўдакони бе сарпарастии волидайн монда, кўдакони имконияташон маҳдуд ва дигар шахсонро, ки ба воситаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гаштаанд, дар муассисаҳои давлатии таҳсилот аз ҳисоби воситаҳои буҷа кафолат дода, бо ҷои кор таъмин кардани онҳоро баъди хатми муассисаҳои тахсилотӣ ба ўҳда мегирад.
- Давлат таълими ройгонро дар хона ва ё дар муассисаҳои таҳсилотӣ барои шаҳвандоне, ки вобаста ба беморӣ ба муддати дуру дароз наметавонанд ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ раванд, ташкил мекунанд».
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи ҳимояи маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тариқи барҷаста шароитҳо кафолатҳои кўдакони маъюб аз ҷиҳати таълиму тарбия зикр шудааст: (V. Таҳсил ва тайёрии касбии маъюбон : Моддаи 24. Таъмини маъюбон бо шароитҳо барои дастрасӣ ба таҳсил ва тайёрии касбӣ): «Ҷумҳурӣ ба маъюбон шароитҳои заруриро барои дастрасӣ ба таҳсил ва тайёрии касбӣ муҳайё мекунад. Мақомоти маориф якҷоя бо мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ўҳдадоранд тарбияи томактабӣ ва берунмактабии кўдакони маъюб, дастрасии маъюбонро ба маълумоти умумии миёна, миёнаи махсус ва маълумоти олӣ мутобиқ ба барномаҳои инфиродии офиятбахшӣ ба роҳ монанд. Мақомоти маориф квотаҳои мутобиқро барои қабули маъюбон, махсусан кўдакони ятим, кўдакони маъюб, дар мувассисаҳои миёнаи махсус ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо барномаи инфиродии офиятбахшӣ дар асоси ғайриномузмунӣ муқаррар мекунад».
Муҳимияти омўзиши проблемаи мазкур тавассути бархўрдаҳои иҷтимоӣ – педагогӣ ва фалсафӣ бо он вобаста аст, ки проблемаи рушди номустақим аз мавқеи офату фалокатҳои экологӣ ва иҷтимоии ҷаҳонӣ ва фаромиллӣ гашта мемонад, ки ҳаллу фасли он барои ҳамагон мувофиқи мақсад ва ҳатмишуда мегардад. Вобаста ба ин , созгории иҷтимоӣ – педагогӣ вазифаи муҳими иҷтимоӣ мегардад, ки воридшавии кўдакони маъюбро ба ҷомеа тақозо мекунад.
Ҳамин тариқ, чӣ кўдакон ва чӣ калонсолони маъюб ва имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таввасути қонунгузории ҷорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳти ғамхорӣ қарор гирифта, ҳуқуқ ва манфиятҳои онҳо дар ҳимояи давлат қарор дорад.
Китобчаи “Олами маъюбон”-ро хоҳишмандон метавонанд дар толори хониши шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд мутолиа кунанд.
Таҳияи Фирӯз Раҳимов, мутахассиси пешбари шуъбаи хидматрасони ба шахсони имконияташон маҳдуд.