Олими некном, омўзгор ва роҳбари ғамхор

Гарчи ин олам пур аз мардумон,
Нодир аст инсони комил дар ҷаҳон.

Мавлоно Шоҳидии Раштӣ

Дар олам инсонҳои наҷибу асил равшангару поктинат хеле зиёданд. Вале ҳар як инсон бо ақлу хиради нотакрор, маърифату ҷаҳонбинӣ, ростиву поктинатӣ, одамгарию хоксорӣ ва кордонию ҷонфидоии хеш дар тарбияи шогирдон қадру манзалат пайдо мекунад ва маъруф мегардад. Худованд одамро ба қобилиятҳои тайёр ба дунёи равшан тавлид намесозад, балки ба ў ҷанинҳои инкишофро медиҳад. Дар зери таъсири тарбия ва муҳити ўро иҳота карда, ин нишонаҳо рў ба инкишоф меоранд. Вале инкишоф ёфтани қобилият, маҳорат ва малака ба худи шахс низ вобастагӣ  дорад. Бинобар ин  агар барои қабои сабз ба бар намудани замин баҳор лозим бошад, пас барои сабз гаштани таманнои инсон устод рамзи баҳор аст. Оре, бе устод кас наметавонад аз доираи тафаккури маҳдуд берун гашта, оламу  одамро  дарк намояд. Дар ин маврид шоире гуфтааст:

Шукўҳи рўзгоронӣ, устод,
Сафои илму ирфонӣ, устод.

Ту  инсонро ба мақсад мерасонӣ,
Аҷаб хуршеди тобонӣ  устод.

Аз қадим бузургони илму адаб ба устод эҳтироми хоса дошта, дар мавриди зарурат ба ин шахсияти беназир муроҷиат мекарданд. Онҳо дар симои устод шахси донишманду фозил ва равшанзамиру барнодилро медиданд. Устоди аввалин шахсест, ки ба инсон хату савод омўхта, дари бахту саодатро боз мекунад. Дар суханони Пайғамбари бузургвор омадааст: Падарон се гунаанд: Он ки воситаи офариниши туст, он ки занат дода (падарарўс) ва он ки илмат омўхта. Барҳақ, гузаштагони фозили мо ҳаққи устодро аз падар бештар донистаанд. Омўзгор шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикрии моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро кашф менамояд. Зиндагӣ бори дигар собит сохт, ки давлати муаллим тарбияи шогирдон аст. Ў аз пешрафт ва комёбии эшон ифтихор мекунад. Хушбахтона, дар мушкилтарин даврони рўзгори мо омўзгорон ҳамеша дар хидмати  халқу Ватан қарор доштанд. Ҳарчанд ба шароити гарони зиндагӣ рӯбарӯ омадаанд, аммо ҷасурона дар бунёди манораи ақлҳо саҳми шоиста гузоштанд. Яке аз ҳамин гуна шахсиятҳо Аълочии фарҳанг, Аълочии  матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи чандин ифтихорномаҳо, Медали «Хизмати Шоиста», омўзгор, китобдор ва  библиографшинос шодравон Абдураҳимзода Қурбонали Бозор мебошад.

Устод воқеан аз зумраи олимоне буданд, ки қисми бештари умри хешро дар самти омўзишу таҳқиқ ва баррасии масъалаҳои илмӣ ва мушкилоти рўзмарраи соҳаи библиографияшиносӣ сарф намудаанд. Ў омўзгори асил, инсони поктинат, фурўтан, ҷиддию серталаб ва ҳалиму меҳрубон  буд. Вай ҳамеша барои омўзонидани толибилмон  кушиш ба харҷ медод, то ки онҳо босавод  гарданд.

Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор 20 ноябри соли 1964 дар ноҳияи  Рўдакӣ ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Баъди хатми мактаби миёна таҳсилро соли 1982 дар Дониш­кадаи дав­латии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода оғоз ме­на­мояд. Солҳои 1983-1985 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС хидмат намудааст. Тариқи гузариш ба факултаи Китобдории Донишкадаи давлатии маданияти шаҳри Москва таҳсилро идома дода, соли 1988 онро бо ихтисоси китобдор-библиограф  хатм  намудааст. Соли 2007 Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Солҳои 1988 дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ба ҳайси муаллим фаъолияти касбиашро оғоз намуда, дар ин вазифа то соли 1993 фаъолият бурдааст.

Солҳои 1993-1997 таҳсилро дар аспирантураи Академияи илмҳои Тоҷикистон идома додааст. Солҳои 1997-1999 ба ҳайси корманди хурди илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият намудааст. Солҳои 1999-2001 вазифаи сарбиблиограф, мудири шуъбаи илмӣ-методӣ ва библиографии Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М.Миршакари шаҳри Душанберо ба уҳда доштааст. Солҳои 2001-2002 дар вазифаи сармуҳаррири шуъбаи илмию тадқиқотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А.Фирдавсӣ кор кардааст. Солҳои 2002-2008 ба ҳайси назоратчӣ, мураббӣ, роҳбари гурўҳи Ташкилоти байналмилалии гуманитарии «КАРЕ Интернейшнл» дар шаҳри Душанбе фаъолият кардааст. Солҳои 2009-2015 ба ҳайси директори Муассисаи давлатии «Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро идома медиҳад. Солҳои 2015-2020 вазифаи Директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии рақамгузории стандарти байналмилалии китоб – Хонаи Китоби Тоҷикистон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар уҳда доштааст.

Бо Медали «Хизмати Шоиста» (с.2016) қадр гардидааст. Дорои нишонҳои Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2012), Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2015), Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2018) мебошад.

Дар соли 2018 Раисии Шўрои байнидавлатии  ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеҳи китоб ва умури полиграфӣ ва соли 2019 вазифаи Ҳамраисии Шўрои байнидавлатии  ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеҳи  китоб ва умури полиграфии давлатҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақилро ба уҳда дошт. Узви Шўрои байнидавлатии ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеҳи китоб ва умури полиграфии давлатҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил аз Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз 18 июни соли 2020 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд.

Саҳми устод бар таҳияи як қатор барномаҳои соҳаи китобдорӣ  ва лоиҳаҳои соҳавӣ бениҳоят назаррас мебошад.  Ў муаллифи беш сад китобу мақолаҳои илмӣ перомуни масоили китобдориву китобхонашиносӣ ва библиографияшиносӣ мебошад. Номбурда барои омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳа пайваста кўшиш менамуд. Ҳамзамон, дар рушду нумўи соҳаи китобдорӣ, бо маҳорату  кордонии худ, саҳми арзанда мегузошт. Дар давоми фаъолияти корӣ  Абдураҳимзода Қурбоналӣ ҳамчун муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  худро ҳамчун роҳбари кордон, соҳибтаҷрибаю баландихтисос нишон дод, ҳамеша ба тарбияи мутахассисони ҷавон эътибори ҷиддӣ медод. Ў ба ҳамкорон дар иҷрои вазифаи хизматӣ кўмак намуда, ҳамчунин, нисбат ба иҷрои уҳдадориашон серталаб ва дар натиҷагирии супоришҳо масъулиятшинос буд.

Шахсияти ин марди хоксору хирадманд, одилу халқпарвар ва асилу сарбаланд басо ибратомўз аст. Ҳар гоҳе, ки бо устод суҳбат мегузаронидам аз суҳбатҳо бо он кас панд гирифтам, чунки устод бисёр хотираҳои нек ва омўзанда доштанд. Инчунин, ҳамеша қайд мекарданд, ки мо, омўзгорон, ҳамон вақт хушҳол ва хушбахтем, ки самараи корамонро дар шогир­донамон  мебинем, ки барои Ватану миллати хеш хизмат менамоянд ва ҳамеша барои ободии Тоҷикистон саъю кўшиш мекунанд. Мутассифона, бархе аз нақшаҳои устод  баҳри пешрафти соҳаи китобдорӣ, библиографияшиносӣ тоҷик дар варақ монд.

Рўзи 19-уми июни соли 2021 пас аз бемори тулонӣ, дили устоди арҷманд    Абдураҳим­зода Қурбоналӣ Бозор аз тапидан боз монд. 

Ёдатон ба хайр устоди азиз. Руҳатон шоду хонаи охирататон обод бод!

Ҷамил Валиев – корманди
Китобхонаи миллии Тоҷикистон