Олимҷон Хоҷамуродов: Нигоҳе ба ҷунбиши ислоҳи хат дар Эрон
Китоби Олимҷон Хоҷамуродов “Нигоҳе ба ҷунбиши ислоҳи хат дар Эрон (аз охирҳои асри XIX то солҳои 70-уми асри ХХ)” соли 2023 ба теъдоди 100 нусха чоп шудааст ва муаллиф бо дастхати зебои нусхае аз онро ба Китобхонаи миллӣ ҳам тақдим кардааст.
Муаллиф ҳадафи таҳияи китобро дар як муаррифиномаи кутоҳ дар ин шакл овардааст:
Дар солҳои ахир дар васоити ахбори оммаи кишвар ва расонаҳои хабарии хориҷӣ назарҳои сатҳӣ, муғризона ва то ҳадде низоъбарангез перомуни тағйири алифбо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз хатти арабиасос гузаштан ба алифбои лотинӣ, сипас ба кириллӣ) ҳамчун иштибоҳи бузург талаққӣ мегардад.
Барои посухи илмиву қотеъ ба ин қабил андешаҳо бояд таърихи ҷунбишҳои ислоҳталабӣ дар соҳаи хат ва маориф, ки дар кишварҳои исломии Шарқи Миёнаву Наздик, пеш аз ҳама дар Эрон аз аз нимаи дуюми асри ХIХ то нимаи аввали ХХ ба вуқўъ пайвастааст, мавриди баррасӣ қарор гирад.
Дар ин рисолаи мухтассар, муалифи он, эроншиноси тоҷик Хоҷамуродов О. сайъ кардааст, дар мабнои матолиби дар китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва шахсӣ мавҷудбуда, ҳаракатҳои ислоҳталабии рўшанфикрони Эронро дар мавриди ислоҳ ё тағйири хатти форсӣ аз нимаи дуюми асри ХIХ то солҳои 70-уми асри ХХ ба муоина гирад.
Рисола барои коршиносон, устодон, донишҷўёни макотиби олӣ ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин дар пешгуфтори муаллифи рисола мехонем:
Забон ва хат аз воситаҳои асосии ҳифзу интиқоли арзишҳои фарҳангии ҳар як халқ маҳсуб мешаванд. Аз ин рў, дар таърихи башарият ихтирои хат бузургтарин дастоварди фарҳангӣ ба шумор меравад, ки инсониятро ба марҳалаи дигари тамаддуни башарӣ савқ додааст. Зеро башарият ба василаи хат имкон пайдо кард, то таърихи хешро ҳифзу сабт намояд.
Аз ин ҷост, ки хат ё дабира ҳунар ё василае барои сабту навиштани зеҳниёту тафаккуроти инсон бо истофода аз аломатҳое, ки ба чашм ошно бошаду дида шавад, маҳсуб мешавад. Ба таъбири дигар, хат ҳофизи забону афкору осори ҳар як халқ аст.
Дар маҷмўъ, дабира ё хат яке аз шаклҳои мавҷудияти нутқи одамист. Мунтаҳо, пайдоиши хат раванди хело тулонии рушди ҷомеаи башарӣ будааст. Зеро барои пайдоиши он як силсилаи омилҳои айнию зеҳнӣ лозим буда ва дар марҳалаи муайяни таърихи башарият шаклҳои хат вобаста ба ин омилҳои такомул ёфтааст.
Тавре ки маълум аст, хат дар ҳазораи чаҳоруми то мелод бори нахуст, дар Байнаннаҳрайн ба вуҷуд омад. Дар ибтидо, он барои рафъи эҳтиёҷоти иқтисодию тиҷоратӣ ва дар охири он ҳазора дар сабти мутуни адабӣ, динӣ ва коргузорӣ истифода гардидааст.
Тибқи иттилои мутахассисону маҳаққиқон таърихи тамаддуни дабира ё хат чаҳор марҳалаи таърихии инкишофи хешро сипарӣ кардааст.
Нахустин он хатти пиктографӣ ё тасвирӣ ном дошта, он дар асоси тасвир (пектограмм) бунёд гардидааст. Моҳияти хатти тасвирӣ дар он аст, ки бо ёрии аломати мушаххас баъзе мафҳумҳо баён карда мешавад. Аммо ин дабира қодир набуд ҳама гуна эҳтиёҷотеро, ки бо рушди мафҳўмҳо ва тафаккури тахайюлӣ ба вуҷуд омада буд, бароварда созад ва дар натиҷа хатти идеографӣ эҷод мешавад.
Идеография (хатти мафҳумӣ) барои баёни он мафҳумҳое, ки диданашавандаанд, истифода мегардад. Барои мисол, мафҳуми «тезбинӣ», ки тасвиршаванда аст, ба воситаи он узве, ки он намоён мешавад, яъне чашм ифода мегардад. Идеография барои пайдоиши иероглифҳо-аломатҳои шартӣ, ки мафҳумҳои ҷудогонаро ифода мекунанд, роҳ боз кард. Бо вуҷуди ин, хатти еероглифӣ дорои нуқсони асосӣ буд. Ин дабира бо талаффузи калима ҳеҷ гуна робитаи мустақим надошт. Аз ин рў, нутқи хаттӣ ва шифоҳӣ ба таври ҷудогона аз ҳамдигар вуҷуд доштанд.
Дар ҷодаи наздикшавии нутқи шифоҳию нутқи хаттӣ ташаккули хатти ҳиҷоӣ нақши боризеро дар таърихи тамаддуни башарӣ ифо кардааст. Маъруфтарин дабираҳои ҳиҷоӣ иборатанд, аз хатти мехӣ (аккодӣ, форсии бостон ва соири меросбарони хатти шумерӣ), бархе аз хатҳои мехии мардумони соминажоди ҷанубӣ ва хатти ҳиҷоии японӣ. Аммо дар миёни ин дабираҳо дар рушду такомули ин навъи хат дабираи финиқӣ, ки хатти консонантӣ (ҳамсадоӣ ё сомит) буд, дар ҳаёти мадании башарият нақши бузургеро бозидааст. Маҳз ин дабира асос ва пояи юнониро гузоштааст, ки сипас аз хатти юнонӣ хатти алифбои лотинӣ, кириллӣ ва дигар дабираҳои муосир арзи вуҷуд кардаанд.
Вақте ки юнониён хатти финиқиро мавриди истифода қарор доданд, бо мушкилоти интиқоли комили талаффузи калимаҳо мувоҷеҳ шуданд. Зеро низоми консонантии хатти финиқӣ, яъне хатте, ки дар он ҳарфҳо танҳо барои ҳамсадоҳо вуҷуд доштанду мусавватҳо (садонокҳо) навишта намешуданд, ба шакли калимасозии юнониён мутобиқат намекард. Аз ин рў, дар хатти юнонӣ, ки бар пояи хатти финиқӣ ба вуҷуд омада буд, аломатҳое ихтироъ шуд, ки овозҳои садонокро ифода мекарданд. Дар натиҷа хатте ба миён омад, ки сатҳаш аз хатҳои замони хеш бештар ва умумиистеъмол буд. Ба таъбири дигар, акнун бо истифодаи сӣ аломат, ҳар як фард ба осонӣ метавонист саводнок шавад ва имкон дошт бо ин хат ҳар калимаи нутқи шифоҳиро нависад. Бад – ин тариқ хатти алифбоӣ бинобар сода ва осон буданаш дар тамоми ҷаҳон густариш пайдо кард. Зеро он аз соири анвои хат беҳтар ва осонтар маҳсуб мешуд.
Дар солҳои ахир дар васоити оммаи кишварамон ва расонаҳои хабарии хориҷӣ изҳори назарҳои сатҳӣ, то ҳатто эҳсосотӣ, муғризона ва то андозае низоъбарангез перомуни иштибоҳи бузург будани тағйири алифбо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз хатти арабиасос гузаштан ба алифбои лотинӣ, сипас ба кириллӣ) ба нашр мерасанд.
Барои ба ин масъала рушанӣ андохтан, пеш аз ҳама бояд заминаҳои таърихӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ин ислоҳот таҳқиқ ва дар пояи санаду далоили ба дастомада, паёмадҳои мусбату манфии ин таҳаввул мушаххас карда шавад. Зеро бидуни халлу фасли ин масъала ҷавоби илмию қотеъ додан ба ин қабил изҳори назарҳои сатҳӣ ва муғризона ғайри имкон аст.
Ба мақсади расидан ба ин ҳадаф, таърихчаи таҳаввули хат дар Эрон ва Осиёи Марказӣ аз замони бостон то қабули алифбои арабӣ бозхонӣ гардад. Сипас ҷунбишҳои ислоҳталабӣ дар соҳаи хат ва маориф дар кишварҳои исломии Шарқи Миёнаву Наздик, дар қадами аввал Эрон, дар нимаи дуюми асри ХIХ ва нимаи аввали асри ХХ мавриди ғавру баррасӣ қарор гирад.
Дар интиҳо, баҳсҳои илмӣ ва мафкуравие, ки дар солҳои 20-30 қарни гузашта перомуни тағйири алифбо дар матбуоти давраи Тоҷикистон, Ўзбекистон, Озарбойҷону Россия барпо гардида буд, беғаразона бозхонӣ ва таҳқиқ шавад. Баъд аз он, хулосаи илмӣ ва қотеъ дар мавриди дурустӣ ё нодурустии ин масъала бароварда шавад.
Дар ин мухтасар, бар мабнои матолиба дар китобхонаҳои ҷумҳирӣ ва шахсӣ мавҷуд буда, банда саъӣ кардам, бо зикри сайри таърихии таҳаввули хат дар Эрону Мовароуннаҳр то истилои араб ва сипас ҳаракатҳои ислоҳталабии рўшанфикрони Эронро аз нимаи дуюми асри ХIХ то соҳои 70-уми асри ХХ ба муоина гирам. Бад – ин малҳуз аз хонандагони арҷманд бо арзи эҳтиром хоҳиш мегардад, ки дар сурати дар ихтиёр доштани матолиби тозаи марбут ба баҳси ислоҳи хат дар Эрон онро расонаӣ созанд, то аҳли таҳқиқ аз он истифода намоянд.
Хонандагони азиз имкон доранд китоби “Нигоҳе ба ҷунбиши ислоҳи хат дар Эрон (аз охирҳои асри XIX то солҳои 70-уми асри ХХ)”-ро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Фарзона Раҳмонова,
мутахассиси Маркази забони
тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ.