Омӯзишҳои табиӣ ва риёзӣ. ГИРДДАҲОНҲО
Гирддаҳонҳо (Cyclostomata) ҳайвоноти обии муҳрадори дараҷаи паст. Пештар ба яке аз синфҳои беҷоғҳо мансуб дониста мешуданд. Аз нигоҳи таҳҳавулот пешгузаштагони моҳиҳо мебошанд. Ҷисмашон моршакл (дарозиаш 40 см), пўсташон ғафс (ҳуҷайраҳои сершумори луоббарор дорад).
Гирддаҳонҳо бидуни скелети берунӣ буда, хордаашон тамоми умр боқӣ мемонад. Скелети даруниашон аз ғузруф (тағояк) иборат аст. Болoои шиноварии ҷуфт надоранд. Ғалсамаашон андаруни парда ҷой гирифта, халташакл аст. Даҳонашон қифшакл, бо тағояки гирда устувор дошта мешавад (номашон ҳам аз ҳамин ҷост).
Мағзи сарашон мисли мағзи сари моҳиҳо хурд буда, бо ҷумҷумаи иборат аз ғузруфу пўст фаро гирифта шудааст.
Узви шоммаи гирддаҳонҳо ҳафт сўрох дорад, ки дар байни ҳар ду чашм воқеъ гаштааст. Гирддаҳонҳо тез шино мекунанд. Онҳо ба ҷисми моҳиҳо «часпида» бо ёрии онҳо ҳаракат менамоянд.
Ғизои гирддаҳонҳо кирм, ҳашарот ва тухми моҳиҳо мебошанд. Гирддаҳонҳо ду зерсинф – миногаҳо ва миксинҳо доранд. Баъзе гирддаҳонҳо (мас. миногаҳо)-ро шикор мекунанд.
Муаллиф: М. Рўзиев, А. Раҷабов
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе. – 2015. – Ҷ.4. – С. 361.
Таҳияи Парвина Қаюмова