ОМӮЗИШИ ЭТИКАИ КАСБИИ КИТОБДОРӢ

Имрӯз, дар асоси нақшаи кории Маркази такмили ихтисос ва Шӯрои бонувони Китобхонаи миллӣ ва дастурҳои директори Муассиса барои кормандони Китобхонаи миллӣ семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Этикети соҳаи хизмати давлатӣ” баргузор карда шуд.

Семинари ташкилшуда бо маърӯза ва рӯнамоии мавзӯии устоди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои филологӣ, дотсент Додихудоев Раҷабалӣ баргузор шуда, дар кори он муовини якум, муовинон ва сардорони шуъбаву бахшҳо ва марказҳои Китобхона иштирок ва суханронӣ намуданд.

Додихудоев Раҷабалӣ аснои маърӯзаи худ масоили хизмати давлатӣ, одоби хизматчӣ, усулҳо ва роҳҳои муассири фаъолият дар ниҳодҳои давлатиро баррасӣ намуда, масъалаҳои муҳими фаъолият дар ниҳоди давлатиро бо нишон додани слайдҳо асоснок намуд.

Дар фарҷоми семинари омӯзишӣ иштирокдорон ба маърӯзачӣ доир ба хусусиятҳои фаъолият дар ҳайат, роҳбарикунӣ, фаъолият ба ҳайси тобеъ, иҷрои уҳдадориҳо, пешниҳоди супоришҳои роҳбарият ва дигар масоили муҳим саволҳо манзур намуда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Ҳ. Нодиршоҳӣ, мутахассиси пешбари

Маркази такмили ихтисос.