Омодагии муассисаҳои таълимӣ барои ширкат дар Озмуни ҷумҳуриявии  “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”

асарҳои Пешвои миллатМутобиқи супориши роҳбарияти Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи кории Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Медиатека Бунафша Раҳмонова ва Масрура Мирзоҳасанова бо мақсади корбарӣ бо муассисаҳои миёна ва олии касбии пойтахт ҷиҳати гузариши даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” дар муассисаҳои миёна ва олии касбӣ ва омодагӣ ба даври ниҳоӣ, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Институти иқтисоди ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи технологӣ”-и шаҳри Душанбе ва коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе сафарбар гардиданд.

Дар Донишгоҳи миллӣ бо муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармуҳаммад Сафармуҳаммадов суҳбат намуданд. Дар рафти суҳбат маълум гардид, ки омодагии донишҷӯён ба Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ҷиддӣ роҳандозӣ гардидааст.

Инчунин, кормандони Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардори Раёсати илм ва инноватсияи Академияи сайёҳӣ Нафиса Мустафозода ҳамсуҳбат шуданд. Мустафозода Н. иброз намуданд, ки барои Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ғолибони даври аввали Озмун омодагии ҷиддӣ дида истодаанд.

Кормандони Медиатека инчунин, бо сардори Раёсати илм ва инноватсияи Институти иқтисоди ҷаҳон ва дипломатӣ Ҷӯразода Х. ҳамсуҳбат шуданд. Ҷуразода Х. иброз намуданд, ки донишкадаи мазкур дар самти омодагӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва алалхусус Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” барои иштирок дар озмунҳои мазкур донишҷӯёни фаъол ва хоҳишманд омодагии ҷиддӣ дида истодаанд.

Инчунин, онҳо бо мутасаддиёни коллеҷи технологӣ ва коллеҷи информатика ва техникии компютерӣ Ҳамидов Сабрулло ва Ҳусейнов Фарҳод суҳбат ороста, бо онҳо ҷиҳати рафти омодагии ғолибони даври аввали Озмун дар муассисаҳояшон маълумот гирифтанд.

Ҳамзамон, кормандони Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамсуҳбатонашон тавсия доданд, то иштирокдорони озмунҳои ҷумҳуриявӣ барои мутолиаи асарҳои зарурӣ ба Китобхонаи миллӣ ташриф оваранд ва инчунин аз сомонаи Китобхонаи миллӣ низ (https://kmt.tj/) истифода баранд.