Омори ҳафта: Нисбат ба ҳафтаи сипаришуда 381 нафар зиёдтар соҳиби корти Китобхонаи миллӣ шудаанд

Омори ҳафтаДар ин хусус сардори шуъбаи хидматрасонӣ ба муштариён Маҳсиддин Сатторов иттилло дод. Ба гуфтаи ў аз 3-юми октябри соли 2022 то 9-уми октябри ҳамин сол  1691 нафар ба Китобхонаи миллӣ аъзо шудан, ки нисбат ба ҳафтаи қаблӣ, ки 1310 буд, 381 нафар бештар аст.

Ў ҳамчунин омаду рафти хонандагонро дар ҳафтаи сипаришуда  3254 нафар гуфт, ки ин нисбат  199 нафар зиёд аст.

Сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён зимни суҳбат ба сомонаи китобхонаи миллӣ иброз дошт, ки ҳафтаи гузашта хонандагон  5785 адад китоб дархост кардаанд.  Вай ҳамчунин гуфт хонандагони мо бештар донишҷўён ва мактабхононанд, ки зумрае аз он барои омодагӣ ба озмунҳои «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст»  ва «Илм фурўғи маърифат» омодагӣ мебинанд.

Ў дар идомаи суҳбаташ афзуд, ки шумори меҳмонону китобхонҳо бештар аст, зеро баъзан барои сайёҳат меоянду мехоҳанд китобҳои мавриди ниёзашонро бубинанду варақ занад ва ё сурат гиринад. Азбаскӣ бархе аз онҳо меҳмон ҳастанд ва аз роҳи дур меоянд, мо хоҳишашонро дар мавриди аксбардории саҳифаҳои барояшон лозими китобҳо иҷро мекунем.  Онҳо аъзои китобхона нестанд, вале мо онҳоро ноумед намекунем ва ба хотири ҷалбашон ба китобхонӣ талабашонроиҷро мекунем.

Ҳолатҳое низ ҳаст, ки хонанда бо мо ҳамкорӣ намуда пешниҳод мекунад, ки фалон китобҳоро, ки ҳоло дар бойгонии КМТ пайдо накардаанд, пайдо ва харидорӣ кунем. Ҷавононе ҳам ҳастанд, ки ба сайёҳати китобхона меоянд ва мепурсанд, ки чӣ гуна китобҳояшонро ба китобхона метавонанд туҳфа намоянд. Мо бо онҳо маслиҳат медиҳем.

Раҳима БОБОЕВА,
шуъбаи тарғиб ва баргузории
чорабиниҳои фарҳангӣ.